Шоири халқии Тоҷикистон Сайидалӣ Маъмур аз олам даргузашт

Пас аз як моҳи реҳлати ҳамсари меҳрубону писари арҷманд Шоири халқии Тоҷикистон Сайидалӣ Маъмур тарки олам кард. Вай дар бемористон буду аз марги азизонаш хабар надошт ва мегӯянд зарфи чанд моҳи охир пайваста писар суроғ мекард, ки чаро ба зангҳои телефонии вай посух намедиҳад. Равони шоир шод боду хонаи охираташ обод!

САЙИДАЛӢ МАЪМУР 28 декабри соли 1944 дар деҳаи Яккабоғи ноҳияи Истаравшан ба ҷаҳон омадааст. Соли 1966 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ба итмом расонда, дар Радиои тоҷик, рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» («Ҷавонони Тоҷикистон»), Бюрои тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ кор кардааст. Солиёне муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Маданияти Тоҷикистон» («Адабиёт ва санъат»), раиси Хазинаи адабиёт, сармуҳаррир ва ҷонишини директори Нашриёти «Адиб» будааст.

Офаридаҳояш аз соли 1963 чоп шуда, дар адабиёти муосир мақоми шоиста пайдо кардаанд. Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Заврақи умед» (1967), «Савганд» (1972), «Ҳамсолон» (1974), «Рози дарё» (1977), «Меҳвар» (1980), «Толеъ» (1981), «Рӯҳи баланд» (1983), «Офтоби дил» (1986), «Решапайванд» (1989), «Чашми ситора» (ба ҳуруфи форсӣ, 1990), «Солгиреҳ» (1994), «Гарди Офтоб» (1994), «Шохаи шикаста» (1998), «Овои мурғи шабовез» (2000), «Оташи меросӣ» (2002), «Назаргоҳи дил» (2003), «Чорзарб» (2003), «Офтобгардон» (2007), «Пойизи сабз» (2011), «Ситорашукуф» (2011), «Давлати дидор» (2014) аст.
Маҷмӯаҳои «Сӯзанак» (1985), «Навоҳои Гулдара» (1988), «Карчи харбуза» (1993), «Анӯшаҷони ҷони мо» (2004) ва «Алвончак» (2013)
ашъори барои бачагон офаридаашро фаро гирифтаанд.

Маҷмӯаи мақола, тақриз ва сафарномаҳояш бо номи «Сухан аз дӯстон ва устодон» соли 2007 нашр шуда, бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёташ китоби дастҷамъии «Одам ба одам зинда аст» соли 2004 ба табъ расидааст.

Ашъори ба русӣ тарҷумашудааш дар маҷмӯаҳои «Жажда» (Маскав, 1977), «Зелёные ветры» (Маскав, 1982), «Берег сердца» (Маскав, 1987), «Середина лета» (Душанбе, 1987), «Сейсмограф сердца» (Маскав, 1990), «Четыре времени любви» (Душанбе, 1992), «Газель сердца» (Маскав, 1994) ба табъ расидаанд.
Китобҳои Т. Зумакулова «Ширмаҳтоб». А. Орифов «Ихлос», А. Оғобоев «Акси садо», Р. Бородулин «Ситораи дидор», Л. Шипахина «Ёдгори шаб», А. Атабоев «Як шоха гул», баёзи шеъри «Сози муғул», «Созҳои бародарӣ» ва намунаҳое аз ашъори Г. Лорка, И. Анненский, Я. Полонский ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.
Шеърҳояш ба бисёр забонҳои мардуми шӯравӣ ва дунё тарҷума ва чоп шудаанд. Маҷмӯаҳои алоҳидааш «Турналар» (1991), «Қуёш фарзанди» (2009) ва «Лаҳзаҳои ҷовид» (2009) ба забонҳои ӯзбекӣ ва белорусӣ чоп шудаанд.
Соли 2009 «Гулчини ашъор»-аш ба ҳуруфи форсӣ чоп шуда, шеърҳои алоҳидааш дар маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ва матбуоти даврии Эрону Афғонистон борҳо мунташир гардидаанд.

Барандаи Ҷоизаи Созмони ҷавонони Тоҷикистон (1978), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1996), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997), Шоири халқии Тоҷикистон (2003).

Бо Ифтихорномаҳои Шӯроҳои Олии Тоҷикистон ва Белоруссия мукофотонида шудааст.

Аз соли 1972 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.