Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар дар бораи Файзалӣ Ҳасан
Китоби Ҳофизи халқии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасан бо номи “Бе хоки Ватан ҳеҷам” ба тозагӣ интишор ёфтааст ва он аслан як дастури таълимии мусиқист, ки гулчини сурудҳои ӯро дар бар гирифтааст. Ин дастури таълимӣ барои сарояндагони ҷавон, ҳунармандони касбӣ ва муаллимону донишҷўёни миёнаву олии мусиқӣ тавсия шудааст.
Китоб бо ин сарсухани пурмуҳтавои Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯи чоп омадааст:
УСТОДИ СУХАНУ МУСИҚИИ ВОЛО
Бо номи Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1978), дорандаи Ордени Шараф дараҷаи II (1999), дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рўдакӣ (2012) устод Файзалӣ Ҳасан дар мусиқии тоҷик як услуби хеле зебое зуҳурот пайдо намудааст. Шунавандагони зиёде маҳбуби ин овоз ва услуби сароиш мебошанд. Сирру асрори ин овози дилнишин дар чист?
Ҳофизи маҳбуб Файзалӣ Ҳасан шогирди мактаби бузурги устод Одина Ҳошим аст. Шогирдона сабки ӯро идома медиҳад. Аз он лиҳоз, ки мисли устоди бузургаш шеърро хеле хуб мефаҳмад, дар оҳангҳои дилнишини эҷод карда мекӯшад, маънои шеърро саҳеҳтар пешниҳод кунад, шоирони муосирро ба доираи сурудофарон ворид менамояд. Устод Файзалӣ Ҳасан ба шоирони замонаш ҳамкорӣ намуда, хаёти пурҷӯшу хурӯши имрӯзаро васф мекунад. Ва табиист, ки дар эҷодиёти ў васфи Ватан мавзӯи марказӣ аст. Фаъолияти эҷодии устод Файзалӣ Ҳасан бо ҷараёни рушду нумуи Ватани азизаш ҳамсадо, ҳамнафас, ҳамдил аст. Аз ин ҷост, ки дар ҳамкорӣ бо шоирони муосиру пешкадами замон ў сурудҳои дилрабои «Меъмори Тоҷикистон» (шеъри Давлат Алӣ), «Меҳроби меҳр» (шеъри Рахмат Назрӣ), «Ватан бошӣ» (шеъри Муҳаммад Ғоиб), «Таронаи Ватан» (шеъри Ҳақназар Ғоиб), «Нахохам бе Ватан бошам» (шеъри Алиакбари Ҷонфидо), «Модар – Ватан» (шеъри Алимуҳаммади Муродӣ), «Қарзи ватандорӣ» (шеъри Ф.Сомонӣ), «Ватандорӣ» (шеъри Камол Насрулло), «Душанбе» (шеъри Давлат Сафар), «Ман тоҷики деринаам» (шеъри Комил Бекзода), «Шукрона» (шеъри Гулназар), «Тоҷикистонам Ватанам» (шеъри Муҳаммад Ғоиб), «Як так шавед» (шеъри Н.Сироҷӣ), «Бе хоки Ватан ҳеҷам» (шеъри Сафармухаммад Аюбӣ), «Бузургӣ» (шеъри Муҳаммад Ғоиб), «Қурбони олам аст» (шеъри Лоиқ), «Аҳли адаб бошад» (шеъри Муҳаммад), «Меарзӣ» (шеъри Ниҳонӣ) ва дигарро офаридааст. Устод Файзалӣ Ҳасан модари тоҷикро парастиш менамояд: «Модар» (шеъри Муҳаммад Ғоиб), «Ҷунбиши гаҳвора» (шеъри Саидҷон Ҳакимзода), «Мегирям» (шеъри Алимуҳаммади Муродӣ), бо сурудҳои хоссаи «Кўлоб» (шеъри Давлат Сафар), «Эй, Самарқанд, эй, Бухоро» (шеъри Олимхон Исматӣ), «Шуробод» (шеъри Ҷиёнхон Латифӣ) диёри офтобрангу зебои худро бо ҳар гӯшааш васф менамояд. Расму оинҳои онро дӯст медорад: «Баҳор омад» (шеъри Имом Ҳумайнӣ), «Наврўз муборак бод» (шеъри Ҳақназар Ғоиб), бо духтарони зебои он мефахрад «Қаламқошони кӯлобӣ» (шеъри С. Аюбӣ), «Ҷонам, биё» (шеъри Одина Сомеъ), «Духтари Дарвоз» (шеъри Чумъа Ғулом). Устод дар набзи Ватан зиндагӣ мекунад. Ҳар як дастоварди онро васф мекунад: «Роғун» (шеъри Хайрандеш) ва дигар.
Ҳар як суруди ў дунёи ғановатмандро ба таври мушаххас аз як тараф ва фалсафӣ, аз тарафи дигар пешниҳод менамояд: «Марди Худо» (шеъри Сармад), «Рӯи вафо» (шеъри Эмом Алӣ), «Нигаҳ дорад Худо» (шеъри Олимхони Исматӣ), «Дунёи муҳаббат» (шеъри Давлат Сафар), «Нафаси хазон набинӣ» (шеъри Ҳақназар Ғоиб), «Эй дўст» (шеъри Алимуҳаммад Муродӣ), «Ишқи дили моро (шеъри Ниҳонӣ), «Моҳҷамол» (шеъри Нурмуҳаммад Сироҷӣ), «Интизор» (шеъри Сомеъ Одиназода), «Канда шуд» (шеъри Бозор Собир).
Диди накў, равшанзамирии устод Файзалӣ Ҳасан ҳам фалсафаи чуқури фаҳмиширо дар бар мегирад, ба монанди «Зиндагӣ» (шеъри Лоиқ), «Ҳайф аст” (шеъри С. Завқӣ), «Адаб аст» (шеъри Ҷалолиддини Балхӣ), «Одам ғанимат аст» (шеъри Лоиқ) ва ҳам ҳадафҳои педагогии муосир ва суннатиро. Ин аст, ки аз пайи омезиши унсурҳои мусиқии суннати ва мутобиқ кардани он ба талаботи имрўз аст: силсилаҳои «Фалаки шод» (шеъри Усмони Сабз), «Он дилрабо баромад (шеъри Соиб ва Ҳақназар Ғоиб) ва дигар.
Ҳамчун фалакхон устод Файзалӣ Ҳасан бештар фалакҳои мавзуну равонро меписандад. Вале дар баробари ин услуби шоҳбайтхониро пайгирӣ карда, дар ин ҷода низ гулчини назми классикӣ ва муосири тоҷикро дар як гулбаста ба самъи мухлисонаш мерасонад. Бо ин амалаш арзиши суханро дар ҷомеа мебардорад.
Устод Файзалӣ Ҳасан ҳар як саҳифаи таърихи Ватани азизро бо шеърҳои он давра пешниҳод намудааст. Масалан, ба ашъори шоирони давраи шуравӣ бо сурудҳои «Ҳалқаи гесу» (шеъри Пайрав Сулаймонӣ), «Савганд» (шеъри Муҳиддин Фарҳат), «Ватани мо» (шеъри М.Фарҳат) рӯ оварда, доираи мазмуни ва ҷаҳонбинии ин давраро хеле хуб талқин кардааст.
Ва ниҳоят, назми гаронбаҳову нозукбинонаву хирадмандонаи классикии тоҷик ҳамеша дар эҷодиёти устод Файзалӣ Ҳасан ҳамчун заминаи устувори ҳам зиндагиву раҳнамунӣ ва ҳам одобу зебоипарастӣ хеле устувор аст. Ў дар сурудҳои дилнишину олии худ «Сарви ман» (ғазали Абдураҳмони Ҷомӣ), «Бе дилам» (ғазали Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ), «Парвона шав» (шеъри Шамси Табрезӣ), «Хуш намеояд маро» (шеъри Камоли Хуҷандӣ), «Салавот» (Ҷалолиддини Румӣ), «Биёмӯзӣ» (ғазали Ҳофиз), «Гулшани Фирдавс» (шеъри Ҷалолиддини Балхӣ), «Увайси Қаранӣ» (шеъри Шамси Табрезӣ), «Ҷустем, нест» (ғазали Ҳоқонии Ширвонӣ), «Гирди шакардаҳанон» (ғазали Саъдӣ), «Ёр бинолад» (шеъри Абдураҳмони Ҷомӣ), «Зор бимирам» (ғазали Ҳилолӣ), «Зулмати шаб» (ғазали Ҷалолиддини Балхӣ), «Нест, нест» (ғазали Камоли Хуҷандӣ), «Нигоҳи ту» (шеъри Абдураҳмони Ҷомӣ), «Оҳиста-оҳиста» (ғазали Соиби Исфаҳонӣ), «Расида бошад» (Ғазали Соиб), «Ту паризода, надонам, ки куҷо меой» (шеъри Саъдӣ) ва дигар дурдонаҳои ашъори классикон хеле самимона баён намудааст. Дар онҳо бо василаҳои баёнӣ, ҳамсадоиву ҳамоҳангӣ, зарбҳои муназзами равон мазмуни волои шеъри классикиро хеле устодона оҳангбандӣ намудааст.
Фалсафаи устод Файзалӣ Ҳасан – фалсафаи миллат ва Ватан, равшаниву накукорӣ, худогоҳиву худшиносӣ аст. Ин устод метавонад ифтихормандона садҳо сол бо сурудҳои худ ба наслҳо зарурати хислатҳои асосии инсонӣ, ватанпарастӣ, хирадмандиро омӯзонад. Зеро фалсафаи устод Файзалӣ Ҳасан аз фалсафаи тавъамии шеъру мусиқии волост.
Давлат Сафар,
Шоири халкии Тоҷикистон
Китоби Файзалӣ Ҳасан «Бе хоки Ватан ҳеҷам» ҳоло дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфту мутолаа мебошад.
Анўшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари,
шуъбаи мукаммалгардонии фонд