Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар бораи устод Меҳмон Бахтӣ

Меҳмон БахтӣБарои овардани далели дурахшон аз ҷоннисориву ҷавонмардиҳои устод Меҳмон Бахтӣ кофист ҳамон ҳодисаи аз марг наҷот додани устод Лоиқро ба ёд орем. Ҳанӯз аз нахустин соли донишҷӯӣ устод Меҳмон бо устод Лоиқ дӯстони хеле наздику содиқ буданд. Табиист, ки барои гузаронидани тӯи арӯсии устод Лоиқ устод Меҳмон ва дигар дӯстонаш ба Паҷакент рафта буданд. Ва ин ҳодиса аз хатари фурӯравӣ ба об дар ҳамон рӯзи тӯйи арӯсӣ, ҳангоми оббозӣ дар рӯди Қайнари Паҷакент рух дода буд, зеро устод Лоиқ шиновариро балад набуданду Устод Меҳмон огоҳӣ аз шиноварӣ доштанд, ҳангоме ки маҷрои об Лоиқро фурӯ мебурд, Меҳмон бидуни андеша ба наҷоти дӯсташ шитофту худро ба маҷрои хатарноки рӯд бизад ва ӯро наҷот дод.

МЕҲМОН ФАРИШТАЕ БУД

Чаҳор ҷилди асарҳои мунтахаби устод Меҳмон Бахтӣ маҳсули табъи равон истеъд  ва  заҳматҳои якумраи адибест, ки тавонистааст рисолати адабии худро сазовор ба иҷро расонад ва номи худро дар китоби ёдҳову саҳифаҳои таърихи адабиёт сабти дурахшоне бидиҳад. Шигифтии шахсияти инсониву эҷодии Меҳмон Бахтӣ чандин зуҳури дурахшрон дорад. Аввалан, Меҳмон Бахтӣ-беҳтарин инсон, баъдан, Меҳмон Бахтӣ-беҳтарин носир, солисан, Меҳмон Бахтӣ-беҳтарин шоир ва суруднавис, сипас, Меҳмон Бахтӣ-беҳтарин драматург, ҳамчунин Меҳмон Бахтӣ беҳтарин журналист, рӯзноманигор ва ниҳоят Меҳмон Бахтӣ беҳтарин роҳбар.

Дар мавриди Меҳмон Бахтӣ ҳамчун ходими намоёни ҷамъиятиву сиёсӣ низ метавон ҳарфҳои неку пурифтихоре гуфт, зеро солҳое ӯ ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар фаъолияти пурсамар доштааст. Иштирок ва саҳми ӯ дар он солҳои гарони ҷанги шаҳрвандӣ; ба ҳам овардани мардуми парокандаву раҳгумзада; ширкати ӯ ба сифати узви гурӯҳи ҳукуматии музокирот бо мухолифин, иҷрои ҷоннисоронаи супоришҳои давлатӣ дар нуқтаҳои даргиру хатарноки замони ҷангҳои шаҳрвандӣ, саҳми босазояш дар фароҳам овардани сулҳу оштии тоҷикон шоистаи эътироф асту дар рӯ ба рӯи он низ метавон вожаи беҳтарин-ро гузошт.

Чунон ки мебинед, дар рӯ ба рӯи ҳама касбу кору ҳунару фаъолияти Меҳмон Бахтӣ ҳатман вожаи беҳтарин меояд. Дар тӯли як умр яке аз ин «беҳтарин»-ҳо кофист,ки ному кори инсон мондагор шаваду аз зиндагии ба сар бурдааш ифтихор дошта бошад. Аммо, чуонон ки мебинед, дар рӯ ба рӯи зиндагиномаи Меҳмон Бахтӣ дар ҳама ҷо вожаи беҳтарин бамаврид омадааст.

Метавон мухтасари ин «беҳтарин» -ҳоро шарҳ дод.

Фаъолияти асосии кориву эҷодии Меҳмон Бахтӣ  дар он айёми ҷавонӣ, пас аз хатми Донишкада, дар Телевизони Тоҷикистон шуруъ шудааст. Мардум то ба имрӯз аз тозагониҳову эҷодкориҳои Меҳмон Бахтӣ дар телевизони тоҷик ҳарф мезананд. Ӯ ҳамчун эҷодкор ба пешаи журналистии худ дар Телевизони Тоҷикистон бо назари тозаву хоси навҷӯёна нигоҳ кард ва маҳсул ин буд, ки бисёр намоишу намоишномаҳои телевизонии нав чун самари назар ва тахайюли эҷодии ӯ дар он замон ба майдон омаданд. Барномаҳои «Чойхонаи дилкушо», клуби «Дугонаҳо», «Мушоира», «Беғараз панд», маҷаллаи телевизонии «Баҳористон»-ҳама маҳсули тозакориҳои эҷодии ӯ буданд, ки ба шарофати онҳо телевизони тоҷик яке аз давраҳои шукуфони худро аз сар гузаронд. Баъзе аз ин барномаҳо ҳанӯз ҳам аз намоишҳои дидании телевизони Тоҷикистон ҳастанд. Ногуфта намонад, ки Меҳмон Бахтӣ дар ин муассисаи давлатӣ солҳо ба сифати Сармуҳаррир кор кардааст, яъне масъулияти сарварӣ ҳам доштааст.

Жанри суруд яке аз мушкилтарин навъҳост, ки аз шоирмаҳорати хосса мехоҳад, зеро на ҳар шеър метавонад суруд шавад, агар дар он талаботи хоссае чун баёни содаву сабуку дилкашу гуворо ва тасвирҳои шоиронаи зебо, ҳадафу маънои шоиста мавҷуд набошад. Матни сурудҳои Меҳмон Бахтӣ зуд ба дили мардум ҷо ва вирди забонҳо гардидаанд ва дар равнақи санъати суруд дар сарзамини мо саҳми шоиста гузоштанд. Мо шоирони хуб бисёр дорем, аммо на ҳар шоир тавонистааст муаллифи сурудҳои мондагор бошад, зеро ин ҳунарест хосса ва истеъдоди махсусро талаб дорад. Аммо Меҳмон Бахтӣ ҳамчун шоир низ тавонист саҳми худро дар равнақи шеъри рӯз гузорад, ҳарчанд хоксорона даъвои шоирӣ надошт. Чандин шеъри солҳои охир эҷодкардааш, аз ҷумла манзумаи «Бозтоби офтоб» бахшида ба Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, ки аз ҷониби адабиётшиносонии ватаниву хориҷӣ баҳои баланд гирифтаанд, гувоҳи ин аст.

Дар мавриди насри Меҳмон Бахтӣ низ ҷои баҳс нест. Яке аз беҳтарин навмунаҳои насри муосири мо, повести «Хубон»-и ӯст, ки ба чандин забони дунё тарҷумаву нашр ва соҳиби ҷоизаҳои байналмилалӣ гардидааст. Ин повест сухани нав, сухани тозаву ҳунармандонаи Меҳмон Бахтӣ дар адабиёти навини мост, ки онро ҳам аз ҷиҳати забони шево, ҳам аз ҷиҳати бадеияти баланд, тасвири шоиронаи симоҳои нотакрори мардуми кӯҳистон бо хусусиятҳои  хоси миллӣ метавон яке аз беҳтарин асарҳои  адабиёти муосири мо донист.

Асари дигари мансури Меҳмон Бахтӣ «Пирамард» ва чандин ҳикояи ӯ низ ҳар яке тозагие дар тасвиру ҳалли мавзӯъ доран. Дар онҳо олами мураккаби рӯҳонии қаҳрамонҳо тасвири хоси бадеӣ ва хуллосаи бадеӣ меёбанд, ки хеле сабақомӯзанд.

Қаҳрамонҳои  асарҳои мансури Меҳмон Бахтӣ, ҳар яке симо, забон ва хулқу рафтори худро дорад. Дар амалу рафтори онҳо, хоҳ симои мусбат ва хоҳ симои манфӣ бошад адиби ҳунарманд тавонистааст ҳаёти бешабеҳ, пурмазмун ва хислатҳои нотакрори мардуми кӯҳистон, шираи суннату анъанаҳо, гуфтору кирдори онҳоро тасвири бадеъ бахшад ва дар аксар маврид ин тасвирҳо боварбахш ва шоиронаву хушоянд ҳастанд. Зеро Меҳмон Бахтӣ онҳоро хуб мешиносад, хуб омӯхтаасту хуб медонад, чун худ зодаи кӯҳистон асту дар байни кӯҳистониён парвариш ёфтааст.

Бо асарҳои саҳнавии Меҳмон Бахтӣ драматургияи тоҷик саҳифаву саҳнаҳои тозае ба рӯи хонанда ва тамошобин боз кард. Ӯ тавонист ҳам дар мавзӯъҳои таърихӣ (намунаҳои барҷастааш драмаи «Фирдавсӣ», «Исмоили Сомонӣ», «Нангбардори Хуҷанд») ва ҳам дар мавзӯҳои иҷтимоӣ (намунаҳои барҷастааш «Захми забон», «Эҳ ҷавонӣ, ҷавонӣ», «Лаҳзаҳои ҷовид»…) драмаҳои рӯзгори мубрами рӯзро ифшо кунад. Даҳҳо драмаи хурду бузурги ӯ на фақат дар саҳнаҳои театри тоҷик, балки дар дигар саҳнаҳои театри кишварҳои шӯравӣ борҳо намоиш дода шуда, сазовори ҷоизаҳои баланд гардидаанд. Сифати фарқкунандаи асарҳои драмавии Меҳмон Бахтӣ навҷӯӣ ва тозакориҳоест, ки  ба намоишномаҳои ӯ рангу маънои ҷозиби замонро додааст.

Меҳмон Бахтӣ солҳои зиёд ба сифати роҳбари муваффақ дар соҳаҳои гуногун кор кардаву ду навбат Раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст. Имрӯз ҳама бо як забон эътироф мекунанд, ки яке аз давраҳои ободиву шукуфоиву сарҷамъии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон давраи раисии Меҳмон Бахтӣ дар ин ташкилот будааст. Ин зуҳурот ба сабаби корҳои хубу шоистаест, ки дар муддатии раисии худ Меҳмон Бахтӣ ба иҷро расонидааст; аз таъмиру тармими Иттифоқи нависандагон, фароҳам овардани шароитҳои хуби корӣ, таъсису ташкили роҳандозии бисёр иқдомҳои тоза то ба фароҳам овардани муҳити хуби корӣ ва муносибатҳои неки ҳамкориҳо дар байни ҳама аъзои иттифоқ дар саросари кишвар.

Ҷамъомади ҳамсарони адибони фавтида ва шоираҳои тоҷик дар рӯзи Иди Модар, кӯмакҳо ба тамоми адибон бо маводи хӯрокворӣ: орду рӯғану шакар ва ғайраҳо, таъсиси ҷоизаи «Падида» барои навқаламон, таъсиси медали «Нишони Сухан», таъсиси бахшҳо Иттифоқи нависандагон бо ҳамкории ҳукуматҳои маҳаллӣ дар ноҳияву шаҳрҳои бузурги кишвар ва бисёри дигар аз ин иқдомҳоянд.

Чунон ки мебинем, зиндагӣ ва фаъолияти устод Меҳмон Бахтӣ ҳамчун инсон ва чун адиб ва як ҷоннисори миллатат ва Ватан сазовори беҳтарин арзёбист.

Барои овардани далели дурахшон аз ҷоннисориву ҷавонмардиҳои устод Меҳмон Бахтӣ кофист ҳамон ҳодисаи аз марг наҷот додани устод Лоиқро ба ёд орем. Ҳанӯз аз нахустин соли донишҷӯӣ устод Меҳмон бо устод Лоиқ дӯстони хеле наздику содиқ буданд. Табиист, ки барои гузаронидани тӯи арӯсии устод Лоиқ устод Меҳмон ва дигар дӯстонаш ба Паҷакент рафта буданд. Ва ин ҳодиса аз хатари фурӯравӣ ба об дар ҳамон рӯзи тӯйи арӯсӣ, ҳангоми оббозӣ дар рӯди Қайнари Паҷакент рух дода буд, зеро устод Лоиқ шиновариро балад набуданду Устод Меҳмон огоҳӣ аз шиноварӣ доштанд, ҳангоме ки маҷрои об Лоиқро фурӯ мебурд, Меҳмон бидуни андеша ба наҷоти дӯсташ шитофту худро ба маҷрои хатарноки рӯд бизад ва ӯро наҷот дод.

Як сифати дигари хуҷастаи инсонии Меҳмон Бахтӣ, ки дар хеле кам касон зоҳир мешавад, ин якрӯиву муносибати баробар доштан бо тамоми  инсонҳо буд, сарфи назар аз кӣ буданашон. Меҳмон Бахтӣ як чеҳра, як рӯи хандон дошт бо ҳама одамҳо, ҳатто бо онҳое, ки намешинохташон, ё бо онҳое, чандон хайрхоҳи ӯ набуданд. Ин аст, ки ӯро ҳама дӯст медоштанд. Дар тӯли ин ҳама солҳо 13 соле, ки бо ҳам кор кардем ва як умре, ки ҳамдигарро мешинохтем, банда боре ҳам нишони ғазабу дуруштӣ ва сухани қабеҳи устод Меҳмонро нашунидаам. Дар бораи чунин инсонҳо одатан мегӯянд: фариштае буд.

Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон,
барандаи  Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

Манбаъ: Меҳмон Бахтӣ «Асарҳои мунтахаб. Қиссаҳо. (ҷилди1).

Таҳияи Адиба Мардонзода, мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд