Шоми ифтор. Ҳатто мастон ҳам дар фикри маъюбонанд

Шоми ифторШоми 13-уми апрели соли 2023 бо ибтикори шахсони хайрхоҳу боҳиммат  ба 200 нафар шахсони дорои имконоти маҳуд ифтор дар ошхонаи Китобхонаи миллӣ ташкил шуд, ки дар он аъзои шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳуд ва аз хонаи пиронсолон шахсони барҷомондаву эҳтиёҷманд ҳузур пайдо намуданд.

Онҳо бо хотири хушу болида аз дастархони оростаи шахсони некдилу меҳрубон ғизоҳо тановул намуда, ба онҳо миннатдориву сипос баён намуданд. Ин амали шоиставу ибратомўз маъюбону пиронсолонро ба риққат оварда, собит сохт, ки ҷомеаи солим дар фикри онҳо ҳастанду то метавонанд, кўмаку дастгирияшон менамоянд.

Бошад, ки сафи чунни ҷавонмардони саховатпешаву боҳиммат биафзояд ва ғамхору сарпарасти маълулону бечорагон ва ниёзмандон бишаванд.

Кормандони шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд пас аз сарфи ғизо ҳар чӣ болои суфра монд, дар борхалтаҳо андохта, ба онҳо доданд, ки ба хонаашон баранд. Онҳо бо дилҳои пурнишоту фараҳ ва ҳисси сипосу мамнунӣ аз дари ошхона берун шуданд.

Дари ошхонаро кушодам, то онҳо бароянд, зеро баъзе бо аробачаи маъюбӣ буд. Вақте гурӯҳи пирзанҳо аз ошхонаи Китобхонаи миллӣ берун шуданд, дидам якеш бо асобағал роҳ мерафт ва ҳарду дасташ борхалта дошт, халтаҳояшро гирифтам ва то назди таксӣ бурдам. Чӣ эҳсосое дошт, пирзан, раҳораҳ дуо медод ва ба ҳамроҳонаш ишора мекарду мегуфт: Худо баракаташ диҳад, бахти сафедаш диҳад, ки кўмакам кард.

Чӣ лаззат дорад вақте аз дастат коре меояд, ки барои касе холисона, бетамаъ анҷом диҳӣ. Худи одам аз он ки ба касе эҳсоси хушӣ бахшид, худро хушбахт эҳсос мекунад. Хеле минннатдорӣ баён карду дуоям дод ва пешниҳод кард дар таксӣ бо онҳо то роҳи калон равам, рад кардаму шаби хуш хостам.

Роҳамро идома медодам, ки марди нобиноеро дидам, ки бо асо мерафт ва духтари хурдаш ўро ҳамроҳӣ менамуд, халтаашро гирифта, ўро роҳнамоӣ кардам. Дар роҳ марде, ки маст ба назар мерасид, ба нобино наздик шуд. Ман тарсидам, ки ба нобино зарар мерасонад. Марди ширакайф нобиноро оғӯш карду аз ҷайбаш тангаҳо бароварда ба дасти духтари ў дод. Ба духтарча гуфтам ташаккур бигў. Маст гуфт нияти бад надоштам, ман ҳам гуфтам мебахшед мақсадатонро надониста, ҳукм кардам.

Дар роҳ ҷавони дигаре даҳсомона бароварда ба ҷайби нобино гузошт. Аҷаб манзарае! Чӣ қадар инсонҳои неку меҳрубон ва хайрхоҳ ҳастанд.

Ба назди чароғаки роҳнамо расидем ва аз марде хоҳиш намудам, ки нобиноро аз роҳ гузаронад, ў ҳам қабул кард. Пас ҳеч кас нисбати ин дастаи одамон бетаваҷҷҷуҳ нест. Аз мушоҳидаи ин манзараҳо одам эҳсоси хушиву оромиш мекунад.Чун мебинӣ, ки аҳли ҷомеа бо ҳам кўмак мекунанд ва хоҳиши кўмак намудан доранд. Онҳо низ ҷамъе аз мо ҳастанд, бо мо баробарҳуқуқанд.

Аҷру савоби хайркунандагон қабули ҳақ бод!

Раҳима АЗАМ,
бахши матбуот
ва
робита бо ҷомеа.