Шуарои Эрон. Алиакбари Деҳхудо
Алиакбари Деҳхудо дар соли 1897 дар Теҳрон ба дунё омад. Шахсияти шоиронаи Деҳхудо ғолибан таҳтушшуои адибона ва муҳаққиқонаи ӯ қарор дорад. Деҳхудо дар ҷавонӣ пас аз фарогирии улуми қадима ва таҳсил дар мадрасаи сиёсӣ ва омӯхтани забони фаронсавӣ ва ба дунболи ду сол иқомат дар Австрия по ба арсаи муборизоти машрутият ниҳод ва бо интишори мақолоти интиқодӣ ва танзомези худ бо унвони «Чаранду паранд» дар рӯзномаи «Сӯри Исрофил» ба ҳамроҳии Мирзо Ҷаҳонгирхони Ҳидояти Шерозӣ ба истибдодиситезӣ ва равшанфикрии иҷтимоӣ ҳиммат гумошт.
Пас аз кудатои Муҳаммадалишоҳ ва қатли Мирзо Ҷаҳонгирхон озими Аврупо шуда ва ҳамчунон ба рӯзноманигорӣ пардохт. Муддате низ намояндаи Маҷлиси Шӯро буд ва дар замони Ҷанги ҷаҳонии аввал мудате дар миёни эли Бахтиёрӣ ба таври пинҳонӣ ба сар мебарад.
Пас ба Теҳрон бозгашт ва сиёсатро тарк гуфт ва ба ҳавзаи тадрис ва таҳқиқу пажӯҳиши адабию таърихӣ ном ниҳод. Дар соли 1952 аз машоғили расмӣ ва давлатӣ канорагирӣ кард ва машғули таҳия ва гирдоварии «Луғатнома» шуд. Вай аз поягузорони соданависӣ ва аз пешвоёни насри омиёна ва танзомези муосир аст. Девони ашъори ӯ шомили маснавӣ, қасида, ғазал, рубоӣ ва мусаммат ва ғайра аст.
Деҳхудо аз ҷумла бузургони шеъру адаб аст, ки ҳам масоили сиёсии замони худро дарк кард ва ҳамчунин нисбат ба шеъру адаби гузашта то асри хеш вақфи комиле дошт. Аз ҷумла осори ӯ метавон ба «Амсолу ҳикам», ки шомили зарбулмасалҳои форсӣ аст, «Луғатнома», ки бузургтарин ва муҳимтарин фарҳанги забони форсӣ аст, «Таърихи аҳзоби сиёсӣ дар Эрон» тарҷумаи «Азамату инҳитоти Румиён» ва «Рӯҳ – ул – қавонин» – и Монтескю, тасҳеҳи девонҳои шеъри шоирони куҳан аз ҷумла Фаррухии Систонӣ, Масъуди Саъди Салмон, Манучеҳрӣ, Ҳофиз ва Ибни Ямин ва садҳо мақола ва тарҷумаҳои дигар ва китоби танзомез ва интиқодии «Чаранду паранд» ишора кард.
Дар заминаи насру назми Деҳхудо бояд гуфт, ки навоварии ӯ дар наср беш аз назм аст. Аммо бо ин ҳама шеъри Деҳхудо аз чанд ҷиҳати ҳоизи ахамият аст. Аввал ин ки ӯ пас аз Убайди Зоконӣ аз беҳтарин танзпардозони адаби манзуми форсӣ аст. Сониян, ӯ решаҳои дастнахӯрдае аз баёну мафҳумро бо халлоқияти шоирона дар забони форсӣ кашф кардааст ва аз тарафи ӯ дар шеър марҳилаи мухталифро пушти сар гузарондааст…
Ин шеър аз ӯст:
ВАТАНДӮСТӢ
Ҳанӯзам зи хурдӣ ба хотир дар аст,
Ки дар лонаи мокиён бурда даст.
Ба минқорам он сон ба сахтӣ газид,
Ки ашкам чу хун аз раг он дам ҷаҳид.
Падар ханда бар гиряам зад, ки ҳон!
Ватандорӣ омӯз аз мокиён.
Хонандагони азиз дар Китобхонаи миллӣ метавонанд осори бештаре дар қиёс ба ҳамзамонони адиби ӯ аз Эрон пайдо ва мутолиа кунанд. Бахусус ҷилдҳои зиёди “Луғатномаи Деҳхуда” дар толори хониши Дастхатҳои Шарқ мавҷуданд, ки як ганҷинаи пурғановат маҳсуб мешаванд.
Аз китоби Алиасғари Шеърдӯст “Шеъри муосири Эрон” таҳияи Н.Қадамшоева, мутахассиси пешбари шӯъбаи маълумотдиҳӣ – библиографӣ.