Шуарои Эрон. Ҳамидии Шерозӣ

Ҳамидии ШерозӣДоктор Меҳдии  Ҳамидии Шерозӣ – устоди адабиёти донишгоҳи Теҳрон ва аз шоирони суннатгарои муосир аст, ки дар соли 1916 дар Шероз ба дунё омад. Ашъори аввалияи ў ҳовии мазомини ошиқона ва романтик буд, аммо аз нимаи соли 1941 бо ҳифзи руҳи ғаноӣ ба порае мафоҳими иҷтимоӣ ва ватанӣ низ гароиш нишон дод.

Вай аз машҳуртарин қасидапардозони муосир ба сабки хуросонӣ ва ҷузви мухолифини сарсахти шеъру шеваи Нимо Юшиҷ буд, вале баъдҳо роҳ ва равиши Ниморо то ҳади чаҳорпорасароӣ пазируфт.

Аз ҷумла осори ў «Ашки маъшук», «Солҳои сиёҳ», «Фунуни шеъру колбудҳои пўлодини он» метавон ном бурд, ки ҳамагӣ ҳовии ашъори классикии ў ҳастанд. Аз ҷумла осори мансури ў «Дарёи гавҳар» дар се ҷилд шомили баргузидаи осори нависандагон ва шоирону мутарҷимони муосир аст.

Ҳамчунин «Арўзи Ҳамидӣ», «Сабуксариҳои қалам», «Ишқи дарбадар», «Шоир дар осмон» ва садҳо мақолаи таҳқиқӣ аз ҷумлаи осори ўст.

Вай дар соли 1986 даргузашт.

Ин чанд мисраъ аз достони “Дар амвоҷи Синд”, дар баёни тавсифи муқовимати далеронаи Ҷалолуддин Хоразмшоҳ дар баробари ҳуҷуми муғул.

Ба мағриб синамолон курси хуршед

Ниҳон мегашт пушти кўҳсорон.

Фурў мерехт, гарде заъфаронранг

Ба рўи найзаҳову найзадорон.

***

Зи ҳар сў бар саворе ғалт мехўрд,

Тани сангини асбе тирхўрда.

Ба зери бора менолид аз дард,

Савори захмдори ниммурда.

***

Зи сумми асб мечархид бар хок,

Ба сони гўйи хунолуд сарҳо.

Зи барқи теғ меафтод дар дашт,

Пайёпай дастҳо дур аз сипарҳо.

***

Миёни гардҳои тира чун меғ

Забонҳои синониҳо барқ мезад.

Лаби шамшерҳои зиндагисўз

Саронро бўсаҳо бар фарқ мезад.

***

Ниҳон мегашт рўи равшани рўз

Ба зери домани шаб дар сиёҳӣ.

Дар он торикшаб мегашт пинҳон

Фурўғи хиргаҳи хоразмшоҳӣ.

***

Дили Хоразмшоҳ як лаҳза ларзид,

Ки дид он офтоби бахтхуфта.

Зи дасти турктозиҳои айём

Ба Обискун шаҳе бетахт хуфта.

***

Агар як лаҳза имшаб дер ҷунбад,

Сапедадам ҷаҳон дар хун нишинад.

Ба оташҳои турку хуни тозик

Зи рўди Синд то Ҷайҳун нишинад.

***

Ба хубони шафақ дар домани шом

Ба хунолуда Эрони куҳан дид.

Дар он дарёи хун, дар курси хуршед

Ғуруби офтобӣ хештан дид.

***

Ба пушти пардаи шаб дид пинҳон

Зине чун офтоби оламафрўз,

Асири дасти ғўлон гашта фардо,

Чу меҳр ояд бурун аз пардаи рўз.

***

Ба чашмаш модаоҳуе гузар кард

Асиру хаставу афтону хезон.

Парешонҳол оҳубачае чанд

Сўи модар давон в-аз вай гурезон.

***

Чӣ андешид он дам, кас надонист,

Ки мижгонаш ба хуни дида тар шуд.

Чу оташ дар сипоҳи душман уфтод.

Зи оташ ҳам каме сўзандатар шуд.

***

Забони найзааш дар ёди Хоразм

Забони оташе дар душман андохт.

Хами теғаш ба ёди абрўи дўст

Ба ҳар ҷунбиш саре бар доман андохт.

***

Чу лахте дар сипоҳи душманон рехт

Аз он шамшери сўзон, оташи тез,

Хурўш аз лашкари анбўҳ бархост,

Ки аз ин оташи сўзанда парҳез.

Аз китоби доктор Алиасғари Шеърдӯст “Шеъри муосири Эрон”, Душанбе, соли 212 таҳияи Фирӯза Раҳимова, муовини сардори шуъбаи маълумотдиҳӣ- библиографӣ.