Шуарои Эрон. Доктор Хонларӣ
Доктор Парвиз Нотили Хонларӣ мутаваллиди 1913 аст, ки яке аз барҷастатарин чеҳраҳои адабиву донишгоҳӣ ва аз муҳаққиқону пажуҳишгарони номии Эрон аст. Ўро метавон ҳади восити нигариши адибона ва биниши навгароёна донист. Шеъру биниши Хонларӣ пуле буд байни адибёти суннатӣ ва навгаро.
Ў кори шоириро бо қасидаву ғазал оғоз кард ва баъдҳо мутассир аз адабиёти ғаноии романтикии Аврупо ва низ мулҳим (бо илҳом) аз шеваи Нимо ба чаҳорпорасароӣ ва навпардозӣ ғароид.
Хонларӣ аз пешвоёни шеъри нави тағаззулӣ (шеъри ошиқона, ғазалсароӣ) ва аз муфассирони ин шева ба шумор меояд. Ў бо интишори маҷаллаи адабии «Сухан» тайи солиёни дароз ба густариши мабонӣ ва забоншиносии ҳунар ва адабиёти нав ёрӣ расонд ва бадҳо дар соли 1959 танҳо маҷмуаи ашъори навклассики худро ба номи «Моҳ дар мурдоб» мунташир кард.
Таълифоту таҳқиқоти васеъ ва густардаи Хонларӣ, бавежа китобе, ки дар мавриди «Вазни шеъри форсӣ» навиштааст ва ҳамчунин дастури забони форсӣ ва тасҳеҳу чопи мутуни куҳан аз ҷумла «Девони Ҳофиз», «Самаки айёр», «Таърихи забони форсӣ» (дар се ҷилд) ва садҳо мақолаву нақду назар ва таҳқиқ аз ҷумлаи корномаи дурахшони илмӣ ва адабии ўст.
Вай дар соли 1990 (23-уми август) даргузашт. Вай дар канори фаъолиятҳои арзандаи адабиву амалӣ ва пажўҳишӣ тавонист ба маносиби муҳимме ҳамчун намояндагии парлумон, муовинати вазорати кишвар, вазири фарҳанг (омўзишу парвариш) даст ёбад.
ИН ШЕЪРҲО АЗ ӮСТ:
Уқоб
( Тақдим ба Содиқ Ҳидоят)
Гашт ғамнок дилу ҷони уқоб,
Чу аз ў дур шуд айёми шубоб.
Дид ки –ш давр ба анҷом расид,
Офтобаш ба лаби бом расид.
Бояд аз ҳастӣ дил баргирад,
Раҳ сўи кишвари дигар гирад.
Хост то чорае ночор кунад.
Доруе ҷўяду дар кор кунад.
****
Субҳгоҳе зи найи чораи кор
Гашт бар боди сабуксайр савор.
Галла, к- оҳанги чаро дошт ба дашт,
Ногаҳ аз ваҳшат пурвалавала гашт.
В-он шубон бимзадаи дилнигарон
Шуд пайи барраи навзода давон.
Кабк дар домани хоре овехт,
Мор печиду ба сўрох гурехт.
Оҳу истоду нигаҳ карду рамид,
Даштро хатти ғуборе бикашид.
Лек сайёд сари дигар дошт,
Сайдро фориғу осуда гузошт.
Чораи марг на корест ҳақир,
Зиндаро дил нашавад аз ҷон сер.
Сайд ҳар рўз ба чанг омад зуд,
Магар он рўз, ки сайёд набуд.
Аз китоби доктор Алиасғари Шеърдӯст “Шеъри муосири Эрон”, Душанбе, соли 212 таҳияи Фирӯза Раҳимова, муовини сардори шуъбаи маълумотдиҳӣ- библиографӣ.