Шуарои Эрон. Маҳдӣ Ахавонии Солис (М. Умед)

Маҳдӣ Ахавонии СолисМаҳдӣ Ахавони Солис дар соли 1928 дар Машҳад мутаваллид шуд. Таҳсилоти ибтидоӣ ва мутавасситаро дар ҳамон ҷо гузаронд. Чанде баъд ба мусиқӣ рўй овард, ба тору дастгоҳҳои мусиқии эронӣ дилбастагӣ дошт, вале чун падараш (Алӣ Ахавони Солис) мусиқиро хуш намедошт, Ахавон онро канор гузошт, аммо то охири умраш ҳаргиз аз ишқи ў ба мусиқӣ коста нашуд.

Ў низ дар соли 1944 ба Теҳрон омад, аммо то поёни умраш лаҳзае Тўс ва Хуросонро аз ёд набурд. Теҳрон барои ў ҳамчун зиндоне буд, ки ҳаргиз натвонист ўро пойбанди худ созад ва дар ин бора сурудае дорад:

Баъди чиҳил сол, ки Рай дошт чу маҳбус маро,

             Мекашад хок дигарбора сўи Тўс  маро.

Ахавон аз синни шонздаҳсолагӣ ба шеър рўй овард ва шеъраш аз ҳамон оғоз бўи атри Аттору хашму хурўши ҳамосаи Фирдавсӣ ва риндиҳои Хайём медод. Аммо шеъри Ахавон танҳо дар маҳдудаи Хуросон намеғунҷад, чаро ки ў Эронро Хуросон ва Хуросонро Эрон мебинад ва дар ниҳоят, шеъри Ахавон марз намешиносад.

Ахавон ду шеваи классикӣ ва нимоии шеър месуруд ва, ба ростӣ, ки дар ҳарду қолаб устодӣ ва маҳорати камназире дошт ва бевижа дар қолаби нимоӣ аз қуллаҳои рафеи адабиёти муосири Эрон аст. Забони шеърии ў аз забони Рўдакӣ ва Фирдавсӣ аст ва шеъри ў реша дар забони Хуросони бузург ва сабки хуросонӣ дорад бо муҳтавои мутааҳидона ва рисолати шоирона ҳамчун Масъуди Саъду Носири Хусрав ва ғайра ва метавон гуфт, ки ў шоире буд, ки аҳли мадҳу маддоҳӣ набуд ва дар ҳеҷ даврае лаб ба ситоиши кас ё касоне нагушуд ва шеъраш дар хидмати бедорӣ ва огоҳии ҷомеа буд ва нисбат ба масоили сиёсӣ ва иҷтимоии давронаш бетафовут набуд ва ҳамвора унсури эътироз ва интиқод дар шеъри ў ба таври чашмгир намоён аст ва аз ҷумлаи шуароест, ки рўи бисёре аз шуарои ҳамсараш таъсир гузошт.

ОСОРИ АХАВОН. Китобҳои шеър: «Арғанун», «Зимистон», «Охири Шоҳнома», «Аз ин Авесто», «Шикор», «Пойиз дар зиндон», «Ошиқонаҳо ва кабуд», «Дўзах аммо сард», «Туро, эй куҳанбуму бар, дўст дорам», «Гузидаи ашъор», «Зиндагӣ мегўяд, аммо бояд зист».

  КИТОБҲОИ ДИГАР:  «Маҷмуаи мақолот»,  «Бидъат ва бадоеи Нимо», «Ато ва лиқои Нимо», «Қиссаи марди ҷинзада» (маҷмуаи қиссаҳо), «Дарахти пир ва ҷангал» (маҷмуаи қиссаҳо).

 

АЗ ӮСТ:

                             ҚОСИДАК

Қосидак! Ҳон, Чӣ хабари овардӣ?

Аз куҷо в-аз кӣ хаб4

 

,,,ар овардӣ?

Хушхабар бошӣ, аммо, аммо

Гирди бому дари ман

Бесамар мегардӣ.

Интизори хабаре нест маро,

На зи ёре на зи даёру диёре –боре,

Бирав онҷо, ки бувад чашмеву гўше бо  кас,

Бирав он ҷо, ки туро мунтазиранд.

Қосидак!

Дар дили ман ҳама кўранду каранд.

 

Даст бардор аз ин дар ватани хеш ғариб.

Қосиди таҷрибаҳои ҳама талх,

Бо дилам мегўяд,

Ки дурўғӣ ту, дурўғ,

Ки фиребӣ ту, фиреб!

 

Қосидак! Ҳон, вале…охир…эй вой!

Ростӣ, оё рафтӣ бо бод?

Бо туам, ой! Куҷо рафтӣ? Ой…!

Ростӣ, оё ҷои хабаре ҳаст ҳанўз?

Монда хокистари гарме, ҷое?

Дари уҷоқе – тамаи шуъла намебандам – хурдак

шараре ҳаст ҳанўз?

 

Қосидак!

Абрҳои ҳама олам шабу рўз

Дар дилам мегирянд.

 

 

                   САДОЯМ ДАР НАМЕОЯД

Туро бо ғайр мебинам, садоям дар намеояд,

Дилам месўзаду коре зи дастам бар намеояд.

Нишастам, бода хўрдам, хун гиристам, кунҷе афтодам,

Таҳаммул меравад, аммо шаби ғам сар намеояд.

Чӣ суд аз шарҳи ин девонагиҳо, беқарориҳо?

Ту, маҳ, бе меҳриву харфи манат бовар намеояд.

Тавонам гуфт, мастам мекунӣ бо як нигоҳ, аммо

Ҳабибо, дарди ҳиҷронат ба гуфтан дар намеояд.

Манеҳ бар гардани дил беш аз ин тавқи ҷафокорӣ,

Ки ин девона гар оқил шавад, дигар намеояд.

Дилам дар дурият хун шуд, биё, дар ашки чашмам бин,

Худоро, аз чӣ бар ман раҳмат, эй кофар, намеояд.

 

 

               ЧУН САБЎИ ТАШНА

Аз тиҳӣ саршор

Ҷўйбори лаҳзаҳо ҷорист

Чун сабуи ташна, к-андар хоб бинад об

Ва андар об бинад санг –

Дўстон ва душманонро мешиносам ман.

Зиндагиро дўст медорам,

Маргро – душман.

Вой, аммо, бо кӣ бояд гуфт ин: ман дўсте дорам,

Ки ба душман хоҳам аз ў илтиҷо бурдан.

Ҷўйбори лаҳзаҳо ҷорӣ.

 

Аз китоби Алиасғари Шеърдӯст “Шеъри муосири Эрон”. Душанбе, 2012.

Таҳияи Фирӯза Раҳимова, муовини сардори шуъбаи маълумотдиҳӣ – библиографӣ.