Шуарои Эрон. Симини Беҳбаҳонӣ
Симини Халилӣ, баъдҳо Симини Беҳбаҳонӣ ва гоҳ Симини Хилъатбарӣ ба соли 1927 дар маҳаллаи Ҳимматободи Теҳрон ба дунё омад. Падараш Аббос Халилӣ нависанда ва мутарҷиму рўзноманигори маъруфи давраи Ризошоҳ (Паҳлавии аввал) ва авоили давраи Муҳаммадризо (Паҳлавии дувум) ва модараш ҳам Фахрузмои Арғун бонуе аҳли фарҳангу қалам буд.
Бешак, Симин Беҳбаҳонӣ яке аз муассиртарин шоирону мубтакиртарин ғазалсароёни муосири Эрон аст. Ў шоириро аз оғози ҷавонӣ бо сурудани ғазалҳо ва ҷаҳорпораҳои классику романтик шуруъ кард, ки ғолибан дорои мазомини ошиқона ва авотифи занона ва эҳсоси инсондўстона буданд.
Рафта –рафта таҳти таъсири ашъори навпардозон рагаҳое аз забону тахайюли тозаи романтикӣ дар ғазалҳои ў падидор шуд, ки маҷмўаи «Мармар» (1963) нишонгари ин таҳаввул буд ва баъдҳо маҷмўаи ғазали «Растохез», ки талоши нисбатан муваффақи ў талфиқи руҳи таваззулӣ бо нигоришу муҳтавои иҷмоӣ буд, ба чоп расонд.
Аз ҷумлаи вежагиҳои ғазалиёти Симин дамидани фазо ва руҳи замон дар пайкараи ғазал аст. Ў дар ғазалиёти худ мекўшад ба навгароии забону тахайюли тоза рангу бўи замона бидиҳад ва шеър аз ҳолати куҳнагиву такрор озод шавад, аз таърифе, бо баҳрагирӣ аз фазоҳои равоӣ (шоистагӣ), таволии мантиқии адабиёт, бофти мусиқиёии нав ва рагаҳои биниши фалсафӣ-асотирӣ ғазалро аз руҳи суннатӣ тиҳӣ кунад ва ба он ҷону ҷавҳаре тоза ва муносиб бо замон бибахшад.
Ҳамчунин Симинро метавон «Нимои ғазал» номид, чаро ки бисёр огоҳона аз ҳавзаи авзони роиҷи ғазали форсӣ гомҳое фаротар ниҳоду вазнҳои тозаеро вориди ғазал кард, ки шоирони ғазалсарои дигар аз ў пайравӣ карданд. Метавон гуфт дараҷаҳое, ки Симин аз тавсифу тасвирҳои шеърҳои шеърии худ ба сўи хонанда мекушояд, аз пайвастагии густурдае бо зеҳнияти мубтанӣ бар тахайюл ва отифаи фардӣ суд мебарад. Аз ин рўст, ки дар пушти каломи шеърии ў меҳре ва ҷўшише пинҳон аст ва пас аз хонда шудан аз гиреҳи гомҳои ҳисси хонанда убур мекунад. Ва ин, яъне шоир будан дар ҳамаи сатҳҳои шеър ва шеър гуфтан дар ҳамаи сартҳои шеър. Ва агар онро дари канори талошҳои зеҳнӣ ва забонии шоир барои инсиҷом бахшидан ба алфозу густурдани ҳавзаи маонӣ дар назар оварем, метавонем аз тавфиқи дархури эътинои шеъри Симин сухан бигўем ва бо назари адиб ва забоншиноси муосир Алии Муҳаммади Ҳақшинос мувофиқ бошем, ки ақида дорад: «Симин аз роҳи ибдоъ (эҷод) ё эҳёи вазнҳои тоза ё ношинохта, ба ошноизудоӣ аз қолаби куҳани ғазал раҳ бурда ва дар пайи ин бидъат тавонистааст қолаби ғазалро пазирои фазоҳои маъноии тоза кунад, яъне қолабро аз низоми бастаи адаби порсӣ боз гирифта ва ба низоми бози адабиёти нимоӣ табдил кардааст».
Шеъри Симини Беҳбаҳонӣ дар ҳақиқат шеъри андеша ва маънист ва аз назари сохтору пайкараву бакоргирии орояҳои адабӣ низ қобили таҳсину таваҷҷуҳ аст. Чаро ки шоир дар ҳаддӣ фосили зеҳнияти классик ва зеҳнияти навгароёна ба як талфиқи (зиннати нутқ)тоза аз таҷаддуду суннат дар шеъри форсӣ даст меёбад. Чи аз назаргоҳи адаби иҷтимоӣ, чи аз назари шахсияти фарҳангӣ ҳузури такомулёфта ва пайвастаи ў аз соли 1951 то кунун қобили диққату эътиност. Симини Беҳбаҳонӣ илова бар тасаллути зиёде, ки ба мутуни назму насри куҳан дорад, бо адабиёти аврупоӣ, бевижа Фаронса, низ ошноии комил дорад ва маҷмуаҳое аз ашъори шуарои муосири Фаронсаро низ тарҷума кардааст.
Аз тарафе, ашъори ў ба забонҳои инглисӣ, фаронсавӣ, русӣ, ҳоландӣ, шведӣ ва ғайра тарҷума шудааст ва беш сад тан аз мунаққидону шуарову нависандагони Эрон дар бораи Симин нақду назарҳое навиштаанд.
Осор: «Сетор», «Ҷои пои маърифат», «Чилчароғ», «Мармар», «Растохез», «Хате зи суръату оташ», «Дар дашти Аржан», «Як дараҷаи озодӣ», «Коғазин ҷома», «Кулинома ва ишқ», «Ошиқтар аз ҳамеша бихон», «Нигораи гулгун», «Аз солҳои обу сароб», «Ҷой то пои озодӣ», «Он марди ҳамроҳам», «Бо худ чӣ харидем», «Ёди баъзе нафарот», «Шоирони имрўзи Фаронса» ва даҳо мақола ва нақду назар дар мавриди шеъру шоирӣ.
Чанд намуна аз осори ӯ:
ЯК ДОМАН ГУЛ
Чун дарахти фарвардии пуршукуфта шуд ҷонам,
Домане зи гул дорам, бар чӣ кас биафшонам.
Эй насими ҷонпарвар, имшаб аз барам бигзар
В-арна ин чунин пургул то саҳар намемонам.
Лолазор хуршеде дар дилам шукуфо шуд,
Сад баҳори гармизо сар зад аз зимистонам.
Донаи умед охир шуд ниҳоли боровар,
Сад ҷавона пайдо шуд аз талоши пинҳонам.
Парниёни маҳтобам дар хомўшии шабҳо,
Ҳамчу кўҳи побарҷо сар бинеҳ ба домонам.
Бўи ёсуман дорад хобгоҳи оғўшам ,
Ранги настаран дорад шонаҳои урёнам.
Шеъри ҳамчу удамро оташи дилам сўзад,
Мавҷи атр аз он рақсад дар дили шабистонам.
Кас ба базми майхорон ҳоли ман намедонад,
З- он, ки бо дили пурхун чун пиёла хандонам.
Дар китоби дил, Симин, ҳарфи ишқ меҷўям,
Рўи гуна меларзад сояҳои мижгонам.
ПАНҶАРАҲО БАСТАНД
Панҷараҳо бастанд, ишқ падидор нест,
Дидаи бедор ҳаст, давлати бедор нест.
Ёр чу бисёр буд, дил сари ёрӣ надошт,
Дил сари ёрӣ гирифт, лек дигар ёр нест.
Рўй паривор буд, ойина, аммо набуд,
Ойина акнун, ки ҳаст, рўй паривор нест.
Зулфи сияҳкори ман баски гирифтор сўхт,
Тўдаи хокистараш монду харидор нест.
Хайли вафопешагон аз бари ман рафтаанд,
Монда ҳаводори ман онки вафодор нест.
Ҳалқабагўшон чаро тарки адаб гуфтаанд,
Ҷуз ҳама инкори ман он ҳамаро кор нест.
Гуфтамашон мебарам, то бифурўшам ба ғайр,
Бандаи бешармро равнақи бозор нест.
Эй ғами бисёри ман, ёри ману ёри ман,
Беш, ки дар дори дил, ғайри ту дайёр нест!
Эй дили девонахў, умр табаҳ кардаӣ,
Ин-т нажанде сазо, гарчи сазовор нест!
Лаҳза чу гум шуд, маҷўй, к-оби равонро бо ҷўй,
Суръати такрор ҳаст, маънии такрор нест.
Бас кунам ин гуфтаро, гуфтаи ошуфтаро,
Хуфтаиву хуфтаро гўш ба гуфтор нест.
БАРФИ ГАРОН
Он дида, ки бо меҳр ба сўям нигарон буд,
Дидам, ки ниҳонӣ назараш бо дигарон буд.
Он ахтари тобанда, ки пиндоштамаш ишқ,
То сўи ман омад, чу шаҳобе гузарон буд.
Бишкаст маро пушт зи сардӣ, ки ба ман кард,
Ман шохаи гул будаму ў барфи гарон буд.
Бо оби равон барги гули рехта мерафт,
Хуш онки чунин дар сафараш ҳамсафарон буд.
Наргис зи чӣ бо ғунча даромехт, ки мушкил
Бо кўрдилон сўҳбати соҳибназарон буд.
Рақсиду ба ҳамроҳи сабо тара бар афшонд,
Гуфтӣ, ки чу мо бед зи ошуфтасарон буд.
Дар кўҳ нишастем, ки бо лола нишастем,
Бо доғдилон улфати хуниҷигарон буд.
Симин дигар имрўз надорад хабар аз хеш,
Бо онки худ ороми дили бехабарон буд!
ВАФОДОР
Бигзор, ки дар ҳасрати дидор бимирам,
Дар ҳасрати дидори ту бигзор бимирам.
Душвор бувад мурдану рўи ту надидан,
Бигзор ба дилхоҳи ту душвор бимирам.
Бигзор, ки чун нолаи мурғони шабоҳанг
Дар ваҳшату андўҳи шаби тор бимирам.
Бигзор, ки чун шамъ кунам пайкари худ об,
Дар бистари ашк афтаму ночор бимирам.
Бигзор чу хуршеди гудозандаи мисфом
Дар домани шаб бо тани табдор бимирам.
Бигзор шавам сояи айвони баландат,
Сўят хазаму гўшаи девор бимирам.
Мемирам аз ин дард, ки ҷони дигарам нест,
То аз ғами ишқи ту дигар бор бимирам.
То будаам, эй дўст вафодори ту будам,
Бигзор бад-он гуна вафодор бимирам.
Аз китоби доктор Алиасғари Шеърдӯст “Шеъри муосири Эрон”, Душанбе, соли 212 таҳияи Фирӯза Раҳимова, муовини сардори шуъбаи маълумотдиҳӣ- библиографӣ.