Шуарои Эрон. Тоҳираи Саффорзода
Тоҳираи Саффорзода дар соли 1956 дар шаҳристони Сироҷон (аз шаҳрҳои устони Кирмон) ба дунё омад. Падараш Дарвеш Саффорзода вакили додгустарӣ, суханвар ва аҳли қаламу дўстдори тасаввуфу ирфон буд.
Саффорзода даврони дабистону дабиристонро дар зодгоҳаш ба поён расонид ва пас роҳии Теҳрон шуд ва пас аз муддате ба Донишгоҳи Теҳрон рафту дар риштаи забону адабиёти инглисӣ фориғултаҳсил шуд. Ва баъд ба Инглистон рафту дар чанд ҷаласаи адабӣ ва шеърӣ ширкат намуд ва аз он ҷо барои таҳсилу таҳқиқ ва ҳамкорӣ бо донишгоҳи Айёва ба Амрико рафт.
Сурудаҳои Тоҳираи Саффорзода ибтидо арўзӣ буд, аммо рафта –рафта аз он дур шуд ва саранҷом ба гунаи сабки тоза ва навине даст ёфт, ки аз они худи ўст ва сурудаҳои ўро аз дигарон метавон бозшинохт. Порае аз сурудаҳои ў рагу бўи боварҳои ойинӣ ва мазҳабӣ дорад. Худаш мегўяд:
«Кўшиши ман ба унвони як шоир ин аст, ки дар замони худ бетараф набошам… бузургтарин вежагии шеъри ман, гароиш ба воқеият ва гурез аз ибҳом ва печидагӣ ва зарофатҳои маснуӣ аст. Аммо таваҷҷуҳ ба воқеият набояд тахаюли шоиронаро дафъ кунад, вагарна гузоришнависиву мақолапардозӣ ва шоирӣ бо ҳам фарқе нахоҳад дошт. Мухотаби шеъри ман шумо ҳастед ва ҳар кас, ки зинда аст, зинда ба мафҳуми декартии он: ҳар кас, ки андеша мекунад, шеърро бо унвони як унсури ҳаётӣ арзиш мегузорад. Лузуман вазифаи шоир ҳамзабонӣ бо хонанда нест, балки боло бурдани сатҳи салиқаву огоҳӣ ва фарҳанги ўст. Шеъри имрўз илова бар муҳтавои зиндагии имрўз бояд ба таҷрибаҳои мутанавее дар шеваи баён бирасад. Мактаб ҷавон аст. Ҳар шоире бояд ироаи намунаҳои тоза бар маҷмўаи ин мактаби ҷавон биафзояд, то батадриҷ низоми хосе пайдо шавад”.
Дар мавриди шеъри Тоҳираи Саффорозода бояд гуфт, ки ҳаракати шеърии ў нигарише навқудамоӣ аст ва бо таваҷҷуҳ ба ошноии ў бо ҳунар ва адабиёти Ғарб ҷарақаҳои модерне дар шеъри ў ба чашм мехўрад ва ба таври куллӣ вежагиҳои шеъри ў иборатанд аз:
- Нигариши равшанфикрона ва инсонмардонаи тавъам бо мояҳои динӣ ва устураӣ.
- Баёне насргунаву ривоӣ ва баҳрагирӣ аз танзи талхи иҷтимоӣ.
- Таваҷҷуҳ ба фурмҳои шеърии Ғарб.
Дар ашъори баъдӣ бевижа «Байъат бо бедорӣ» ва «Дидор дар субҳ» шеъри ў рангу бўи шеъри сиёсию иҷтимоӣ мегирад.
ОСОР: «Раҳгузари маҳтоб», «Чатри сурх», «Танини дар Делто», «Садду бозувон», «Сифри панҷум», «Ҳаракат ва дирўз», «Байъат бо бедорӣ», «Мардони мунҳанӣ», «Дидор дар субҳ».
Достон: «Пайвандҳои талх».
Пажӯҳиш: «Усул ва мабонии тарҷума».
ЧАНД НАМУНА АЗ ОСОРИ Ӯ:
СИТОРАГОН
Мо он ситорагони баландем,
Ҳамроҳ бо расидани шаб мерасем.
Шабро шикастаем.
Аз дурдаст
Мо он ситорагони кучаку хурдем,
Аммо ситорагони хурд
Дар чашми шабшиносон
Ҳамвора дар замон
Шабро шикастаанд.
Бо он вазири барқ бигўед:
Дар рўзҳои тору табоҳӣ
Аз мо мадад бихоҳад.
Мо ҷилваҳои нури замонем,
Мо шабшикантарин чароғҳои ҷаҳонем.
ДАСТИ ДАРАХТУ БАРГ
Бо дасти барг Даст бояд дод.
Ин дастҳои шокиру шайдо
Пайваста рў ба Холиқ,
Пайваста рў ба болоӣ,
Пайваста рў ба нур.
Рангҳояшон шумурдаву шафоф,
Хутути толеъашон
Пушту рў яке,
ҳама пайдост.
***
Шаб дар ҳаволии дарахт набояд хобид,
Ки баргҳо
Зуболаҳои ҳаворо
Бе эҳтиёт ва ҷасурона
дар муҳавватаи щаб мепошанд.
Ин дастҳо
ҳаргиз
Дар ҷайби дўст,
Дар дасти ғайр налағзидаанд.
Ҳаргиз вирди номубораки ханҷарро
Дар панҷаҳои хеш
Рухсат надодаанд.
Ҳаргиз дар инкисори намакдон
ширкат накардаанд,
Ҳаргиз дар орзуи ҷавоҳир набудаанд,
Ҳаргиз гадоии мукнат накардаанд.
***
Авроқи зулм
Имзои баргро
Ҳаргиз надидааст.
Ҷои фишори панҷаи онон
Рўи гулўи ҳастии инсон
Харгиз набудааст.
Аз китоби доктор Алиасғари Шеърдӯст “Шеъри муосири Эрон”, Душанбе, соли 212 таҳияи Фирӯза Раҳимова, муовини сардори шуъбаи маълумотдиҳӣ- библиографӣ.