Шуъбаи абонементи байникитобхонавӣ ва таҳвили ҳуҷҷатҳои электронӣ
Низоми хиздматрасонӣ тавассути абонементи байникитобхонавӣ (АБК) аз рўзҳои аввали таъсисёбии китобхонаҳо арзи вуҷуд дошт. Дар Тоҷикистон ин низом баъд аз 5 соли ба фаъолият шурўъ намудани Китобхонаи давлатӣ-оммавии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ расман ҷорӣ гардид. Яъне, соли 1938 дар сохтори китобхона бахши нави хидматрасони бо низоми абонементи байникитобхонавӣ ба фаъолият шурўъ кард.
Шуъбаи абонементи байникитобхонавӣ ва таҳвили ҳуҷҷатҳои электронӣ (АБК ва ТҲЭ) яке аз сохторҳои асосии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар асоси мактуби расмӣ ва бақайдгирии шахсони зерин бо мақсади фаъолияти илмӣ ва эҷодӣ ҳуқуқи муваққатан истифодабарии адабиёт ва ҳуҷҷатҳоро берун аз ҳудуди Китобхона ба таври инфиродӣ ё дастаҷамъӣ доранд: узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон; хидматчиёни давлатии сиёсӣ; хидматчиёни давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ; хидматчиёни давлатии ҳарбӣ; кормандони корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои давлатӣ; аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон; ходимони илмӣ, докторони илм, унвонҷўён, аспирантҳо, магистрантҳо, омўзгорони мактабҳои олӣ; кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон.
Самтҳои асосии фаъолияти шуъбаи АБК ва ТҲЭ:
– таъмин намудани ҳуқуқи дастёбии озоди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манобеи иттиолотӣ ва китобдории ҷаҳонӣ тавассути абонементи байникитобхонавӣ;
– қонеъ намудани эҳтиёҷи истифодабарандагони хориҷӣ ба нашрҳои дар Тоҷикистон интишорёфта;
– ташкил ва баргузории корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва методӣ оид ба фаъолияти АБК ва ТҲЭ:
– мусоидат ба рушди самарабахши низоми миллии АБК ва ТҲЭ ва ҳамкории он бо китобхонаҳои мамолики хориҷ.
ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ШУЪБА:
– таъмини пурра ва таҷилии ҳуҷҷатҳо аз рўи дархостҳои абонементи байникитобхонавии китобхонаҳои ҷумҳурӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;
– пешниҳоди нусхаи мақолаҳои ҷудогона ва порчаи китобҳо, маҷаллаҳо, рўзномаҳое, ки дар фондҳои КМ маҳфузанд;
– дастрас намудани шакли электронии ҳуҷҷатҳо;
– иҷрои дархостҳо тавассути абонементи байникитобхонавӣ барои хонандагони Китобхонаи миллӣ бо дигар китобхонаҳо;
– дастрас намудани ҳуҷҷатҳо аз фондҳои Китобхонаи миллӣ ба хонандагон ва кормандони китобхона тавассути
абоненти инфиродӣ;
– иҷрои фармоишҳои абонент-китобхонаҳои ҷумҳурӣ ва китобхонаҳои кишварҳои узви ИДМ;
– расонидани ҳуҷҷатҳо дар асл ва ё нусхаи он дар мўҳлати муайян ба абонентҳое, ки мақсади донишомўзӣ, навоварӣ ё ин ки таҳқиқотӣ доранд.
Реҷаи корӣ: ҳар рўз аз соати 8.00 то 17.00
Телефон: (992) 222-04-47