Шуъбаи автоматикунони раванди китобдорӣ-иттилоотӣ
Шуъбаи автоматикунони раванди китобдорӣ–иттилоотӣ моҳи апрели соли 2012 таъсис ёфта, бо воситаҳои муосири технологияи иттилоотии раванди китобдорӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Шуъба ба ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, ҷустуҷў ва дастрасии муштариён ба маҷмўи иттилооти китобдорӣ машғул буда, барномаҳои иттилоотии амалкунандаро таъмин менамояд ва истифодабарандагонро бо шабакаи ИНТЕРНЕТ мепайвандад.
- Шуъба дар панҷ самт фаъолият мекунад (барномасозӣ, техникӣ ва техологияи иттилоотӣ, нусхабардорӣ, бақайдгирии хонандагон ва хидматрасонии истифодабарандагон дар толори электронӣ).
- Баланд бардоштани сифати хадамоти китобдорӣ ба истифодабарандагон тавассути ҷорӣ кардани технологияи муосири иттилоотӣ.
- Таъмини фаъолияти самараноки низоми автоматикунонидашудаи китобдорӣ-иттилоотии (минбаъд НАКИ) ва ҷойҳои кории автоматикардашудаи (минбаъд ҶКА), «Мукаммалгардонӣ», «Маъмурият», «Истифодабарандагон», «Китобдиҳӣ», «Феҳристнигор» ва ғайра.
- Таъмини ғунҷоиши оқилонаи нигоҳдории иттилоотӣ, идораи маркази ҳисоббарорӣ ва коркарди иттилоот;
- Такмили донишу малакаҳои компютерии кормандони Китобхона ва ҷалби онҳо барои кор дар барномаи «ALЕPH» ва дигар системаҳои иттилоотии амалкунанда.
- Вусъати ҳамкориҳо бо китобхонаҳо, муассисаҳои илмӣ – техникӣ, иттилоотӣ ва дигар ташкилотҳо оид ба масъалаҳои ҷорӣ намудани технологияи муосири иттилоотӣ.
- Бартараф намудани норасоиҳои кори варианти нави «ALЕPH» бо низоми амалкунандаи он;
- Ташкил намудани сомонаи махсуси Китобхона ва мукаммал кардани он бо маводи тоза;
- Ташкили пойгоҳи ягонаи маълумот (бойгонии) барои маводи электронии Китобхона;
- Вусъати нусхабардории фонди умумии Китобхонаи миллӣ (аз ҷумла, нусхабардории китобҳои фарсуда, зиёд дархостшаванда, як нусха ва камшумор)
- Таъмини почтаи электронии кормандони китобхонаи миллӣ;
- Ташкили хидматрасонии пулакӣ барои истифодабарандагони Китобхона (нусхабардорӣ);
- Ташкили веб–барномаи китобхонаи миллии электронии Тоҷикистон;
- Расонидани ёрии амалию методӣ ба дигар китобхонаҳои ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои татбиқ, истифодабарии НАИК «ALЕPH» ва дигар барномаҳои соҳавӣ;
- Баргузории чорабиниҳо оид ба боло бурдани сатҳи дониши кормандони Китобхона;
- Иштирок дар бунёди пойгоҳҳои маълумотии низомҳои автоматикунонидашудаи китобдорӣ-иттилоотии кишвар.
- Таҳияи барномаҳои давлатӣ ва лоиҳаҳои гуногун оид ба дурнамои рушди автоматикунонии равандҳои китобдорӣ-иттилоотӣ дар ҷумҳурӣ.
Сардори шуъба: Бобохонов Якубҷон
Тел: +992372210620
Email: info@kmt.tj