Шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ
Шуъбаи автоматикунони раванди китобдорӣ-иттилоотӣ соли 2012 таъсис ёфта, яке аз сохторҳои таркибии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” мебошад. Мақсади ниҳоии шуъба ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ, ҷустуҷӯ ва дастраси истифодабарандагон гардонидани маҷмӯи иттилоотии китобдорӣ, ки тибқи талаботи онҳо нигаронида шудааст, мебошад.
Вазифаҳои асосии шуъба:
Ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, ҷустуҷӯ ва дастрасии муштариён ба маҷмӯи иттилооти китобдорӣ, ташкилу такмили донишҳои компютерии кормандони Китобхона ва ҷалби онҳо ба истифодаи барномаи «ALЕPH», коркард ва баргардон намудани фонди анъанави ба шакли электронӣ, дигар системаҳои иттилоотии амалкунанда, густариши ҳамкорӣ бо дигар китобхонаҳои дохиливу хориҷӣ ва муассисаҳои илмӣ-техникӣ, иттилоотӣ оид ба ҷорӣ намудани технологияи ҷадиди иттилоотӣ иборат мебошанд.
Фаъолияти кори дохили шуъба иборат аст:
– бартараф намудани норасоиҳо дар кор ва васли нави барномаи «ALЕPH»;
– мукаммалгардонии сомонаи КМТ бо маводи тоза;
– такмил, нигоҳдорӣ ва идораи маҷмӯйи иттилоот;
– ташкили бойгонии маркази маълумоти КМТ;
– таъмини почтаи электронии амалкунанда;
– расондани ёрии амалию методӣ ба дигар китобхонаҳои ҷумҳурӣ оид ба масъалаи татбиқ ва истифодаи CAИK (системаи автоматикунонии иттилоотии китобдорӣ) «ALЕPH»;
– нусхабардории китобҳои дар фонди китобхона мавҷудбуда;
– хизматрасонӣ ва танзими ҳолати техникии толорҳои КМТ;
– муназзам нигоҳдошти ҳолати техникии ВЕБ-барномаҳои дар КМТ амалкунанда;
– хизматрасонӣ ба хонандагон дар толори хониши электронии муассиса;
– назорати шабакаҳои интиқоли телефон, интернет ва дигар таҷҳизотҳои техникии КМТ.
Сардори шуъба: Саидов Зафар Саидҳошимович
Реҷаи кори шуъба: аз соати 0800 то 1700
Рӯзҳои корӣ: душанбе – ҷумъа
Реҷаи кори толори хониши электронӣ: аз 0800 то 2000