Шуъбаи феҳристнигорӣ
Шуъбаи феҳристнигорӣ аз соли 1939 дар якҷоягӣ бо шуъбаи коркарди адабиёт ва аз соли 2012 инҷониб дар назди Муаассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” мустаъқил фаъолият дорад. Вазифаи асосии он фароҳамоварӣ, ҳифзу нигаҳдорӣ ва барои истифодаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод намудани фонди Китобхонаро тавассути феҳристҳои суннатӣ ва электронӣ мебошад.
Самтҳо ва вазифаҳои асосии фаъолияти шуъба иборат аст:
– хизматрасонӣ ба муштариён аз феҳристи анъанавӣ ва электронӣ;
– пешниҳод намудани маводҳо ба таваҷҷӯҳи муштариёни дохилӣ ва хориҷӣ ба тариқи феҳристи анъанавӣ ва электронӣ;
– таҳрир ва барқарорсозии баргаҳо дар феҳристи анъанавӣ ва электронӣ;
– таъсис ва ҳамоҳангсозии фаъолияти шуъба бо дигар шуъбаҳои китобхона барои тартиб додани феҳристҳои нав ва электронӣ;
– омӯзонидани барномаи АLЕPH ба кормандони Китобхона;
– ҷобаҷогузории баргаҳои китобҳои тозанашр аз рӯи алифбо ва соҳа, қайди рақамҳои китобҳои такроран нашршуда аз рӯи алифбо ба баргаҳои феҳристҳо;
– хориҷ намудани маводҳои санадшуда аз феҳристи алифбоӣ ва соҳавӣ аз тарафи шуъбаҳо;
– хориҷ ва барқарор намудани баргаҳои фарсудашуда, муқоиса кардани феҳристи хизматии шуъба бо феҳристи асосии шуъбаи коркарди адабиёт.
Реҷаи корӣ: аз соати 800 то 1700
Рӯзҳои корӣ: душанбе-ҷумъа
Сардори шуъба: Абдуллоев Шайдоӣ Бобокалонович
Телефон: 221-03-81