Шуъбаи кӯдакон ва наврасон
Шуъбаи кӯдакон ва наврасон аз соли 2013 бо мақсади фароҳам овардани фазои иттилоотиву маънавии кӯдакон ва наврасон ҳамчун шуъбаи мустақил 1-уми марти соли 2017 тасдиқ гардид. Дар шуъба 81 ҷойи нишаст барои хонандагон муҳайё гардидааст. Дар баробари хизматрасонии китобӣ инчунин дар 28 адад компютерҳо, ки бо барномаҳои таълимию тарбиявӣ пайваст карда шудааст.
Вазифаҳои асосии шуъба:
Шуъбаи ба хонандагони аз синни 7 сола то 17 сола хизмат расонида мерасонад. Дар фонди шуъба асосан адабиёти кӯдакона бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ, франсузӣ, испанӣ мавҷуд ҳаст.
Фаъолияти кори дохили шуъба аз чунин корҳо иборат мебошад:
– хизматрасонӣ ба хонандагон;
– тарғиби адабиёт оид ба кӯдакон ва наврасон ба воситаи шаклу усулҳои гуногуни замонавӣ;
– хизматрасонии китобдорӣ ва иттилоотӣ, аз ҷумла маълумотдиҳӣ-библиографии истифодабарандагон;
– пешниҳод ва кӯмакрасонии машваратӣ ҷиҳати ҷустуҷӯ ва инихоби сарчашмаҳои иттилоотӣ;
– пешниҳоди ройгони истифодабарии муваққатии адабиёт ва ҳуҷҷатҳо аз фондҳо дар толорҳои хониш ва барномаҳои дарсии шуъба;
– доир намудани чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ ва таълимӣ дар соҳаи муқаррашудаи фаъолият.
Реҷаи кори шуъба: аз соати 8:00 то 17:00
Рӯзҳои корӣ: аз душанбе то ҷумъа
Реҷаи кори толори кӯдакон ва наврасон: ҳамарӯза аз соати 8:00 то 17:00
Сардори шуъба: Толибова Назира
Телефон: 221-05-73