Шуъбаи коркарди адабиёти Китобхонаи миллӣ. Вазифаи ин шуъба аз чӣ иборат аст?
Ин китобҳое, ки дар сурат мебинед, дар ҳоли коркард ҳастанд. Ин кормандон ба коркарди китобҳои тозанашр ва китобҳои такроран воридшуда машғуланд.
КОРКАРДИ КИТОБ ЧИСТ?
Китоб то дасти хонанда расидан равндҳоеро мегузарад, ки барои хонанда рушан нест. Дар ин навишта хонандаро мухтасар бо кори як шуъба ошно менамоем.
Китоб нахуст ба шуъбаи такмили адабиёти китобхона ворид шуда, сипас ба шуъбаи коркарди адабиёт бурда мешавад. Аз ин ҷо оғоз мегардад кор бо китобҳо. Кормандони шуъбаи зикршуда вазифаҳои хос доранд: яке онро барга мекунад, дигаре рақами ТДУ (Таснифоти даҳгонаи Универсалӣ) ба он мегузорад, сеюмӣ китобро ба барномаи ALEPH ворид мекунад.
Ҳоло чанд истилоҳоти соҳаи китобдориро, ки амалаш дар ин шуъба анҷом мешавад, шарҳ медиҳем.
БАРГА. Дар он номи муаллифи китоб, унвони китоб, соли нашр, шаҳре, ки китоб ба нашр расидааст, соли нашри китоб, аз чанд саҳифа иборат будани он, маблағи он сабт аст. Барга аз рўи тартиби алифбо тартиб дода мешавад ва ба хонанда имкон медиҳад, ки китобро зуд пайдо намояд.
ТДУ. (Таснифоти даҳгонаи Универсалӣ). Он соҳаи китобро муайян менамояд. Соҳаҳои китоб рақами мушаххас доранд, фарзи мисол соҳаи тиб рақами алоҳида дорад ва он дар барга сабт шудааст, соҳаи сохтмон рақами худро дорост. Яъне, Таснифоти даҳгонаи Универсалӣ соҳаи китобро муайян менамояд.
Зимнан муаллифон пеш аз нашри китоб аз Китобхонаи миллӣ шуъбаи коркарди адабиёт ТДУ дастрас менамоянд. Бидуни он китоб ба чоп намерасад.
Баргаро метавон шиносномаи китоб гуфт, ки аз рӯи он хонанда метавонад китобро ба зудӣ дарёфт кунад. Он коғази хурдест, ки рўи ё номи китоб ё штрихкодро менависад ва хонандаи китоб аз рўи он китоб дархост мекунад.
Дар барномаи электронии китобхона – ALEPH ворид намудани китобҳои воридшуда ва такроран воридшуда аз корҳои дигари шуъбаи коркарди адабиёти Китобхонаи миллист.
Хонанда дар компютерҳои толори феҳрист ба барномаи ALEPH ворид шуда, номи китобҳоро ҷустуҷӯ намуда, рақами китобро навишта китоб дархост менамояд. Ин кор нисбат ба ҷустуҷӯи анъанавӣ масрафи камтари вақтро мегирад.
Автореферат ва рисолаҳои илмро ТДУ гузоштан ва барга намудани он корҳои шуъбаи коркарди адабиёт аст, гуфт сардори шуъба Гулчеҳра Сатторова.
Китобҳои воридшуда пас аз коркард ба махзани шӯъбаҳои нигаҳдории китоб, адабиёти хориҷӣ, хизматрасонӣ ба истифодабарандагон, хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар, адабиёти кўдакон ва наврасон, толори матбуоти даврӣ, толори рисолаҳои илмӣ ва дигар шуъбаҳо ирсол мегарданд.
Ҳоло моҳе аз севуним то чор ҳазор китоб ба шуъбаи коркарди адабиёти Китобхонаи миллӣ ворид мегардад.
Имрўзҳо кор дар шуъбаи коркарди адабиёт дар авҷ буда, мутахассисони соҳа дар баробари пеш бурдани корҳои шуъба ба такмили ихтисос, омўзиши барномаи ALEPH машғуланд. Китобҳои ба забони хориҷӣ ворид гардидаро кормандон тавассути тарҷумаи интернет муайян ва ба соҳаҳо ҷудо намуда, маълумоти онро дар баргаҳо ва дафтарҳои махсус сабт менамоянд.
Ин шуъба аз шуъбаҳои пуркори китобхона аст, ки кормандонаш барои ба дасти хонанда расидани китобҳо талошу заҳматҳои беандоза ба харҷ медиҳанд. Дар ин шуъба ҳама кормандон саргарми кори худ буда, аз манбаҳои маҷозӣ фаровон ва муфид истифода мебаранд.
Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.