Шуъбаи нигоҳдории китоб
Шуъбаи нигоҳдории китоб аз соли 1933 фаъолият намуда, яке аз сохтори асосии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» мебошад.
Самтҳо ва вазифаҳои асосии фаъолияти шуъба иборат аст:
– қонеъ гардонии дархостҳои истифодабарандагон ва кормандони Китобхона ба адабиёт тавассути маҷмӯаи толорҳои хониш ва абонименти байни китобхонавӣ;
– мукаммалсозии фонд ба адабиёти ҷорӣ ва пуркунии онҳо бо нашрияҳои солҳои гузашта ва тозакунии фонд аз адабиёти мазмунан куҳнашудаю фарсуда;
– ташкил, нигоҳдорӣ ва истифодабарии фонди миллӣ – кишваршиносӣ;
– ҳифзи фонди китобхона;
– роҳбарии амалӣ ва методӣ расондан ба шуъбаҳои китобхона ва китобхонаҳои ҷумҳурӣ доир ба масоили ташкил, нигоҳдорӣ ва истифодабарии фондҳо;
– коркарди илмии масъалаҳои нигоҳдории фондҳои китобхонаҳо – марказҳои соҳавии методии ҷумҳуриявӣ;
– гузаронидани баҳисобгирии (инвентаризатсияи) интихобии фонди умумии китобҳо, инчунин фондҳои махсуси шуъбаҳои библиографӣ ва Маркази «Тоҷикшиносӣ»;
Реҷаи корӣ: аз соати 800 то 1700
Рӯзҳои корӣ: душанбе-ҷумъа
Сардори шуъба: Сафаров Искандар Раҷабович
Телефон: 221-02-18