Шуъбаи таҳрир ва интишорот

Шуъбаи таҳрир ва интишорот дар асоси Оиномаи Китобхонаи миллӣ аз 3 – юми феврали соли 2011 таҳти №2 таъсис ёфтааст. Шуъбаи таҳрир ва интишорот пайваста барои омода сохтани буклетҳо, лифофаҳо, сипосномаҳо, табрикномаҳо, даъватномаҳо ва китобҳои нодире, ки як нусхагӣ дар китобхона боқӣ мондааст, онро аз сари нав интишор дода ба шакли китоб тартиб дода мешавад.

Вазифаҳои шуъба:

– таҳрир ва  нашри адабиёти соҳаи китобдорӣ ва назорати сифати мазмуну мундариҷаи он;

– таҳлил намудани вазъи талабот ба ададбиёти интишоршаванда бо мақсади таъмини рақобатии он дар бозор аз ҷиҳати манфиатнокию даромаднокӣ;

– бо назардошти дархости истеъмолкунандагон ва талаботи бозор тартиб додани лоиҳаҳои нақшаҳои дурнамои солонаи нашри адабиёт мувофиқи самтҳои мавзӯи кори Китобхона;

– иҷрои пешниҳоди дастнависҳо ба чоп ва интишори онҳо дар мӯҳлатҳои нишондодашуда;

– ба тавсиб расонидани шартномаҳо бо муаллифону муҳаррирон ва муқарризону мусаввирон;

– омода намудани ҳуҷҷат барои литсензиякунонии фаъолияти нашрии Китобхона;

– ташкил намудани таъминоти саривақтии фаъолияти истеҳсолии шуъба ҷиҳати кори тарғиботию тақсимоти адабиёти интишоршаванда.

 Фаъолияти шуъба:

Фаъолияти шуъба асосан аз чоп нусхабардорӣ ва сканер кардани маводҳои пешниҳодшуда мебошад, аз қабили сертификат, ифтихорнома, сипоснома, лифофа, даъватнома, табрикнома, барга ва муқовабандӣ кардани рӯзномаву маҷаллаҳо.

 

Рӯзҳои кории шуъба:                                                                                      душанбе – ҷумъа

Соати корӣ:                                                                                                        800 то 1700

Сардори шуъба:                                                                                               

Телефон: