Шуъбаи такмили адабиёт
Шуъбаи коркарди адабиёт соли 1933 ташкил шуда, аз соли 1936 бо номи феҳристи хизматӣ (генералӣ) ба фаъолият менамояд.
Мақсади асосии шуъба коркарди тамоми ҳуҷҷатҳои ба фондҳои Китобхона воридшуда мебошад.
Самтҳо ва вазифаҳои асосии фаъолияти шуъба иборат аст:
– қабули китобҳо аз шуъбаи такмили адабиёт;
– рақамгузорӣ намудани адабиётҳои тозанашр аз рӯи ҷадвалит таснифоти даҳгонаи универсалӣ (ТДУ);
– тартиби воридсозии китобҳои тозанашр дар барномаи ALEPH;
– таҳия ва чопи баргаҳо ба китобҳои тозанашри дар барномаи ALEPH воридшуда;
– қайди рақамҳои китобҳои такрорнашр дар баргаҳои феҳристи хизматӣ;
– ҷобаҷогузории баргаҳои китобҳои тозанашр дар феҳристи хизматӣ (генералӣ) аз рӯи тартиби алифбоӣ;
– рақамгузории китобҳои тозанашре, ки аз тарафи муаллифон барои ба нашр расонидан омода мегардад, (мутобиқи муроҷиати муаллифон) тибқи ҷадвалҳои таснифоти даҳгонаи универсалӣ (ТДУ) ва таснифоти китобхонавӣ-библиографӣ (ТКБ);
– мутобиқнамоии феҳристи генералии хидматӣ бо феҳристҳои хизматрасони китобхона;
– интиқоли китобҳои коркардшуда ба шуъбаҳои дахлдори китобхона;
– санад намудани китобҳо аз фонди шуъбаҳои Китобхона дар феҳристи хизматӣ.
Реҷаи корӣ: аз 800 то 1700
Рӯзҳои корӣ: душанбе-ҷумъа
Сардори шуъба: Сатторова Гулчерамоҳ Ғафоровна
Телефон: 221-05-43