Соате бо афсонаҳои К.Д. Ушинский дар маҳфили “Фурӯғ”
Дар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ ҳар ҳафта дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” барномаи телевизионии “Фурӯғ” бо иштироки адиби дӯстдоштаи бачаҳо Азизи Азиз, хонандагони фаъоли шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон ва довталабони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мегардад.
Маҳфил дар доираи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” тавлид гаштааст ва дар он асарҳои дар озмун ҷойдошта таҳлилу баррасӣ мегарданд. Маҳфили навбатӣ ба ҳикояҳои яке аз асосгузорони педагогикаи Русия ва нависандаи машҳур рус Константин Дмитриевич Ушинский: “Шӯхиҳои зимистони аҷуза”, “Занбӯрҳои асал”, “Бобо” ва “Чаҳор хоҳиш” бахшида шуд.
Бояд гуфт, таҳлил намудани асар ба бачагон имкон медиҳад, то онҳо дарк карда тавонанд, ки чи гуна саволҳоро ҳакам ба иштирокчиёни озмун пешниҳод карда метавонад. Аз ин рӯ, иштирокдорони маҳфил бо кӯмаки адиби дӯстдоштаи худ Азизи Азиз мазмуну мундариҷа ва ҳадаф аз таълифи афсонаҳоро як ба як таҳлил карданд. Ба суолҳои калидии марбут ба ҳикояҳо ҷавоб гуфтанд. Суолҳо гуногун буданд, аз қабили:
- Кампири аҷуза гуфта Ушинский киро дар назар дорад?
- Чаро зимистон одамонро мағлуб карда наметавонад?
- Ҳадафи ҳикояи “Занбӯрҳои асал” чист?
- Чаро писарак ба сохтани косаи чӯбин оғоз кард?
- Оё писар ва келини бобо аз амали писарашон гуноҳи худро дарк карданд?
- Чаро падари Митя аз ӯ дар дафтарчааш қайд кардани орзуҳояшро хост?
Чунин суолҳои ба назар одӣ хонандаро водор месозад, ки ҳангоми мутолиаи китоб ба ҷузъиётҳо диққат диҳад.
Дар фароварди барнома ровии маҳфил аз бачагон хоҳиш намуд, то чанд асари дигари Константин Дмитриевич Ушинскийро номбар кунанд ва ҳикояҳои мазмунан монанди адабиёти тоҷикро ба хотир биёранд.
Бачаҳо сабаби писанд омадани ҳикояҳои Ушинскийро чунин арзёбӣ намуданд: ҳикояҳо забони равону ширин доранд, воқеӣ, пурҳикмат, кӯтоҳ ва пурмазмунанд.
Маҳфил хеле шавқовар ва хотирмон барпо шуда, ба рӯи довталабони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дари маъниву хирадро боз месозад.
Махфират Муҳиддинова
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа