Лаҳзаҳое бо устод, сабақҳое барои зиндагӣ…

Исми Савриниссо Саидова барои аксари касоне, ки собиқаи тӯлонии корӣ дар Китобхонаи миллӣ доранд, ошност. Ҳамсари маҳбубтарин ҳунарманди кишвар, Ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, марҳум Ато Муҳаммадҷонов, шахсе, ки солҳои зиёди умри пурбаракаташро дар китобхона сарф кардааст, муррабии даҳҳо ҷавонон буд. Имрӯз бознишаста аст ва ҳамеша дар ёду хотири ҳамкорон мебошад. Соатҳое фориғ аз кору ташвишҳои зиндагӣ ба аёдаташ меравем, ҳамроҳаш менишинем, аз суҳбатҳои хушу гуворояш баҳра мебардорем.

Инсони ба дилу дида наздик, шахсе, ки сӯҳбаташ аслан касро хаста намекунад, зиёд медонад, кам мегӯяд, ҳол он ки мехоҳем зиёд гӯяд ва мо бишнавем.

  Савриниссо Саидова   муддати сӣ сол сарпарастии  як шуъбаи муҳим-библиографияи миллиро ба уҳда дошт ва дар пешрафти кори ин шӯъба хизматҳое шоистае кардааст.

  25-уми апрели соли 1953 дар ноҳияи Шаҳринав  дар оилаи коргар ба дунё омад. Соли 1960 то соли 1970 дар мактаби миёнаи №4 ба номи А. Ҷомӣ ноҳияи номбурда таҳсил кард.

  Соли 1971 таҳсили худро дар Донишгоҳи  санъати ба номи Мирзо Турсунзода факултаи актёри драма ва кино давом дода, соли 1975 Донишгоҳи номбурдаро бо муваффақият хатм кардааст.
Баъди анҷоми таҳсил бо роҳхати Вазорати фарҳанги Тоxикистон ба театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ ба кор даромад ва муддате дар намоишномаҳои зиёде нақшҳо офарид. Вале баъдан муҳаббати китоб ӯро аз театр ба китобхона овард ва 8-уми октябри соли 1986 мудири бахши билиографияи миллӣ таъин гардид.
Муддати тӯлонӣ кор кардан дар як шуъба муҷиби он шуд, ки дар баробари корҳои хидматрасонӣ ба муштариён, созмон ва таҳрири дастгоҳи маълумотдиҳии шуъба (феҳрист ва картотекаҳо), кор бо хазинаи шуъба ва омода намудани дастурҳои библиографӣ дар якҷоягӣ бо ҳамкоронаш ҳисса гузошта, дар маҷмуаҳои тахассусӣ ва маҷаллаву рӯзномаҳо мақолаҳои зиёде таълиф ва чоп кунад.
Ҳамчуноне ёдовар шудем, Савриниссо Саидова ҳамсари яке аз маҳбубтарин ва машҳуртарин ҳунармандони кишвар марҳум Ато Муҳаммадҷонов мебошад. Ҳамсари чунин шахсияте будан барояш осон набуд. Вале чун ҳарду ҳунарманд буданд, ҳамдигарро хуб дарк мекарданд. Ҳамин муҳаббату самимият барояшон имкон дод, ки солҳои тӯлонӣ ҳаёти хонаводагиро бо ҳама мушкилоташ пушти сар гузоранд. Имрӯз устод Ато Муҳаммадҷонов, он ҳунарманди маъруф аз дори дунё рафта ва се фарзанди аз онҳо монда номбардорони волидони некноми худанд.

Соҳиби се фарзанд ва 8 набера ҳастанд. Фарзанди калониашон Шаҳбоз ба корҳои тиҷорат машғул аст. Бахтиёр дипломат ва ҳоло корманди Сафорати Тоҷикистон дар Британияи Кабир мебошад. Савриниссо Саидова Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Наргис Валиева,

сардори Шӯъбаи библиографияи миллӣ.