Соли ҳафтуми ширкат дар Озмун. Умедҳо барои китобхон намирандаанд
Довталабе, ки тӯли 7 сол аст роҳи дарозро тай карда дар “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок мекунад ва бо боварии комил мегӯяд, ки ин ҳама заҳмату талошҳои чандсолааш бепосух намемонад ва рӯзе мерасад,ки орзуи деринааш амалӣ мегардад.
Ниёзов Анис хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и деҳаи Сипонҷи ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аст.
Анис соли 7-ум аст, дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯи номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ ширкат дорад. Ӯ зиёда аз 350 асарро ба пурраги хондааст, ки аз он 250 осори назмиро аз худ карда, аз осори шифоҳӣ 200 зарбулмасалу мақолаҳои халқӣ, 131 чистон,115 тезгӯяк ва 100 латифаро аз бар кардааст.
“Бештар ба ман муаллимаам ва модарам кӯмак мекунанд ва имсол бо тайёрии ҷиддӣ омадам, то ки мувафақ гардам. Соли аввал ман Озмунро аз тариқи оинаи нилгун мушоҳида кардам ва тасмим гирифтам, ки дар он ширкат варзам.
Инак, ман соли 7-ум аст, ки довталаби ин озмун ҳастам ва 6 соли охир то даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтам. Ман 6 сол сазовори ҷойи намоён нашудам ва ҳаргиз аз ноком шуданам рӯҳафтода нестам, баракс сол то сол шавқам ба китобхонӣ зиёд мешавад ва мехоҳам китобҳои нав ба навро мутолеа ва аз бар карда, маҳорату донишамро рушд диҳам.” мегӯяд Анис.
Анис имсол бо тайёрии ҷиддӣ омада, ба саволҳои доварон посухҳои амиқ ва қаноъаткунанда дод. Ӯ боварии комил дорад, ки ин ҳама заҳмату талошҳои чандсолааш бепосух намемонад ва рӯзе мерасад, ки орзуи деринааш амалӣ мегардад.
Ганҷина ҶОЛАЕВА,
мутахасиси бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.