Соли харгӯш. Донистаниҳои муҳим дар бораи ин ҷонвар
Имсол соли харгӯш аст. Аз аввали сол дар бораи чигунагии сол миёни одамони касбу кори гуногун баҳсҳо дар шабакаҳо дар ҷараёнанд. Аммо касоне, ки омаду рафти солро ба ин ё он ҳайвон алоқаманд намедонанд, бепарвоянд ва мегӯянд ин гуна ҳадсу гумонзаниҳо асосе надорад. Дар ин матлаб мо бо баҳонаи Соли харгӯш аз чигунагии ин ҷонвар ёд мекунем. Харгӯш чӣ ҳайвонест ва оё хислати тарсандагие, ки ба ӯ нисбат медиҳанд, ҳақиқат дорад?
ХАРГӮШҲО
Харгӯш, харгӯши саҳроӣ бо номи илмии Lepus. Муддати дурудароз зоологҳо харгӯшонро ба гурӯҳи хояндаҳо дохил мекарданд. Вале ҳоло гурӯҳи он бо номи харгӯшон мустақил шуд. Як фарқияти харгӯшгунаҳо аз хояндаҳо дар ин аст, ки ҷоғи болои онҳо на як, балки ду ҷуфт бурриш дорад.
Ватани аслии харгӯшҳо Испания ва Африқои Шимолӣ аст, аммо ба аксари кишварҳои олам низ муҳоҷират кардаанд.
Харгӯш пистондори алафхӯр аст, тезҳаракат мебошад. Ҳангоми зимистон ба далели доштани пӯсти сафед пайдо кардани он дар барф мушкил аст. Тағйири ранги пӯсти ин ҳайвон марбут ба вижагиҳои ҳаёт аст. Ва баъзеҳо дар зимистон сафед шудани пӯсти ин ҷонварро созиш бо муҳити ҳаёти вай дар ин мавсим рабт медиҳанд.
Харгӯшон ҷонвароне ҳастанд, ки зиёд шикор мешаванд ва ҳатто дар баъзе кишварҳо ин оморро пешниҳод кардаанд, ки ба ҳар харгӯш 10 шикоргар рост меояд. Мутааассифона, ин таносуб муболиға нест. Дар ин ҳолат ин ҷонварони мусибатзада чӣ гуна метавонад зиндагӣ кунанд ва насл афзоиш диҳанд? Ва ягона чизе, ки онҳоро наҷот додааст, ин сернаслии онҳост. Харгӯшон соле 3-4 маротиба то 8 бача меоранд. Яъне ҳар харгӯш соле метавонад насили худро то 30-32 адад афзоиш диҳад. Ва онҳо аввали сол, ҳоло, ки барф аз замин барнохостааст, аввалин бачаҳои худро таваллуд мекунанд. Аз ин рӯ, бачаҳои зоиши аввалро харгӯшакони барфӣ меноманд.
Баъдтар тобистон таваллуд мекунанд ва харӯшакони дар ин мавсим таваллудшударо тобистонӣ ва ё алафӣ меноманд. Қарибиҳои тирамоҳ, дар аввали мавсими хазонрез бори сеюм таваллуд мекунанд. Ин бор харгӯшони калонҷуссатар, бино ва мӯйдароз ба дунё меоянд. Баъди таваллуд шудан онҳо ба шири модар умед мебанданд, ки маъмулан 6 маротиба равғанитар аз шири гов аст, вале аз шир сер намешаванд ва аз афзоиш мемонанд, чун дар ин фасл бадани модар дигар шир ҷудо намекунад. Ва агар ин харгӯшчаи гуруснаро харгӯши дигар бубинад, ҳатман шир медиҳад ва аз наздаш беэътино гузашта намеравад. Як моҳ баъди таваллуд харгӯшчаҳо аллакай худро бо алафи сабзу тару тоза таъмин мекунанд.
Модари харгӯшон амалан барои ҳифозати бачаҳояш аз душманон коре аз дасташ намеояд. Агар касе то бачаҳош наздик ояд, вай дуртар меравад ва бо панҷаҳояш заминро мекӯбад ва таваҷҷуҳи душманро ба сӯйи худ ҷалб мекунад. Вале ин на ҳамеша барояш даст медиҳад. Ва ягона роҳи наҷот ин пинҳон шудан ва ҷустану пайдо кардани он барои ҳайвонҳои дигар осон ҳам нест: харгӯшон дар баданашон ғадудҳои арақбарор надоранд, ин гуна ғадудҳо дар кафи пойҳояшон ва агар харгӯши пинҳоншуда онро зери бағали худ гирифт, пас душман наметавонад онро ҳатто аз бӯяш пайдо кунад.
Аммо харгӯшакон тақрибан ҳамеша ба ҳалокат мерасанд. Онҳо хеле душманони зиёд доранд: зоғҳо, миримушон, калламушҳо ва ҳатто кӯрмушҳо харгӯш мекушанд ва мехӯранд.
Харгӯшҳо хеле зуд ба воя мерасад, як мавсим сипарӣ мешавад ва онҳо аллакай ба комол расидаанд. Аз 8 то 13 сол умр мебинанд.
Баҳорон харгӯшҳои нар модинаҳоро меҷӯянд ва меёбанд. Аммо якчанд харгӯши нарина паси як модина медаванд. Кӯшиш мекунанд ҳамдигарро танг созанд, меҷаҳанд, мепаранд, пойҳои ақибашонро ба замин мекӯбанд ва баъдан бо дастони пешашон муштзанӣ ҳам мекунанд. Ва харгӯши ғолиб бо модина ба бозӣ медароянд.
Модинаи харгӯш дар 50 рӯз як маротиба бача мекунад. Ва ҷолиб он аст, ки онҳо роҳи кутоҳ кардани вақтро ёфтаанд: талош мекунанд то вақти зоидан боз ҳомиладор шаванд! Аз ин рӯ, вақт миёни таваллуди аввалу дуюм ва сеюм аз 25 то 30 рӯз коҳиш меёбад.
Бо ҳам пойга мекунанд ва медаванду медаванд ва чунон “самоъ” мераванд, ки ҳатто агар аз наздикиҳо рубоҳ гузар намояд, мушоҳида намекунад.
ТАРСУИ ОЁ ХОСТ ХАРГӮШ АСТ?
Дар миёни мардум хислати харгӯшҳо боиси пайдоиши якчанд зарбулмасалу тамсил ҳам шудааст. Масалан мегӯянд: “мисли харгӯшак тарсуст”, “чун харгӯш каҷ аст”, “агар аз паси ду харгӯш давӣ, ҳато яке аз онро наметавонӣ ба даст овард”.
Ҳоло мехоҳем дар бораи воқеъияти яке аз ин зарбулмасалҳо сухан ронем. Таҳқиқоти олимон нишон даоддаст, ки харгӯш чандон тарсуву бедилу гурда ҳам нест. Агар бинад, ки ҳайвони даранда паси панҷара аст ва ё сер асту парвои хӯрок надорад, ба корҳои худ овора мешавад ва бим надорад, ки дар наздаш кадом душманаш хобидааст.
Гӯшҳои баланди харгӯшҳо, ки гоҳе баландтар аз 10 см аст, эҳтимолан барои шиносии дарандагон созгор гаштаанд. Ду пойи пушти онҳо бисёр нерӯманд аст ва чаҳор ангӯшт дорад, аммо панҷаҳои пеши онҳо дорои панҷ ангӯшт аст.
Муҳимтарин тафовути харгӯши маъмулӣ ва харгӯши саҳроӣ дар навзоди ин ҷонварон аст. Навзоди харгӯш ҳангоми таваллуд бадани бемӯ дорад ва кӯр аст ва навзоди харгӯши саҳроӣ бадани пӯшида аз мӯ дорад ва метавонад бубинад. Аксари гунаҳои харгӯшҳо дар лонаҳое зиндагӣ мекунанд, ки дар замин кандаанд, аммо харгӯши саҳроӣ лонаи маъмуливу сода дорад. Харгӯшҳои саҳроӣ андаке бузургтар, гӯшҳои баландтар ва пойҳои пушти кашидатар ва нерӯмандтар аз харгӯш доранд.
Парвариши харгӯшон дар муҳити хона имконпазир аст ва дар Тоҷикистон бисёриҳо ин корро мекунанд.
Таҳияи Б.Шафеъ