Соли маърифати ҳуқуқӣ. Ҷиноятҳои экологӣ дар Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон
Зери мафҳуми ҷиноятҳои экологӣ кирдорҳои ба ҷамъият хавфноке фаҳмида мешавад, ки онҳо ба тартиботи ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойдошта, яъне амнияти экологии ҷамъият, ҳудуди муҳити табиӣ ва саломатии одамон зарар мерасонанд.
Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 вобаста ба муҳимияти объекти ҷиноят – муносибатҳои ҷамъиятие, ки қонунгузории ҷиноятӣ онҳоро муҳофизат мекунад, ҷиноятҳоро дар бобҳои алоҳида пешбинӣ менамояд. Бинобар ин, бодарназардошти нақши назарраси экология ва муҳити атроф дар рушди давлат ва саломатии ҳар як фарди он, дар санади ҳуқуқии зикршуда боби алоҳида бо номи “ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ АМНИЯТИ ЭКОЛОГӢ ВА МУҲИТИ ЗИСТ” дарҷ гардидааст ва ҳамаи намуди ин ҷиноятҳо дар 18 модда бастабандӣ карда шудааст:
Моддаи 220. Вайрон кардани қоидаҳои бехатарии экологӣ ҳангоми иҷрои кор
Моддаи 221. Қасдан ниҳон доштан ё таҳриф кардани маълумот оид ба олудагии муҳити зист
Моддаи 222. Наандешидани тадбир ҷиҳати рафъи оқибати олудагии экологӣ
Моддаи 223. Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми муносибат бо моддаҳо ва партобҳои аз нигоҳи экологӣ хавфнок
Моддаи 224. Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми муносибат бо омилҳои микробиологӣ ё дигар омилҳои биологӣ ё токсинҳо (моддаҳои заҳролуд)
Моддаи 225. Вайрон кардани қоидаҳои байторӣ (ветеринарӣ) ва қоидаҳои барои мубориза ба муқобили касалӣ ва ҳашароти зараррасони рустанӣ муқарраршуда
Моддаи 226. Ифлос кардани об
Моддаи 227. Олуда сохтани фазо
Моддаи 228. Хароб кардани замин
Моддаи 229. Вайрон кардани қоидаҳои ҳифз ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ
Моддаи 230. Сайди ғайриқонунии ҳайвоноти обӣ
Моддаи 231. Вайрон кардани қоидаҳои ҳифзи захираи моҳӣ
Моддаи 232. Шикори ғайриқонунӣ
Моддаи 233. Нобуд кардани макони дар вазъияти басо хатарнок қарордоштаи зисти организмҳо, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд
Моддаи 234. Ғайриқонунӣ буридани дарахт ва буттаҳо
Моддаи 234 (1). Муомилоти ғайриқонунии шираи камол
Моддаи 235. Несту нобуд кардан ё осеб расонидан ба ҷангал
Моддаи 236. Вайрон кардани низоми ҳудудҳо ва объектҳои табиии махсус ҳифзшаванда
Дар назарияи ҳуқуқи ҷиноятӣ чунин аст, ки кирдор танҳо дар он сурат ҷиноят эътироф карда мешавад, ки агар он дорои 4 унсур бошад: объект, тарафи объективӣ, субъект, тарафи субъективӣ.
Объекти ҷиноятҳои мазкур – амнияти экологӣ, муҳити зист, сарватҳои табиӣ. Тарафи объективии ҷиноятҳо – ҳаракат (беҳаракатии) шахсе, ки меъёрҳои дахлдорро вайрон мекунад. Субъекти ҷиноятҳо – шахси мукаллафи ба синни 16 расида. Тарафи субъективии ҷиноятҳо – гуноҳ дар шакли қасди бевоста, яъне гунаҳкор мефаҳмад, ки меъёрҳои дахлдорро вайрон мекунад ва оқибатҳои дар натиҷаи кирдорҳои худ расонидашударо низ дарк мекунад. Дар баъзе ҳолатҳо шахс аз беэҳтиётӣ ба чунин ҷиноятҳо даст мезанад.
Барои даст задан ба ҷиноятҳои экологӣ қонунгузор ҷазоҳоро дар намуди: маҳрум сохтан аз озодӣ, ҷарима, маҳдуд кардани озодӣ, маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян, корҳои ислоҳӣ ва корҳои ҳатмӣ пешбинӣ менамояд.
Ҳолатҳое, ки ҳамчун омилҳои вазнинкунада ҳангоми содир намудани ҷиноятҳо ба ҳисоб мераванд инҳоянд: такроран содир намудани ҷиноят, аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ; аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хидматӣ; бо истифодаи зўроварӣ ва ба миқдори калон. Дар чунин ҳолатҳо нисбати гунаҳкорон ҷазои (санксия) сахттар татбиқ гардида, суд ҳангоми баровардани қарор онҳоро ҳамчун ҳолатҳои вазнинкунандаи ҷиноят ба инобат мегирад. Масалан: таҳти мафҳуми ба миқдори начандон калон дар Моддаи 234 (1). “Муомилоти ғайриқонунии шираи камол” зиёда аз ду килограмм шираи камол ё нест кардани зиёда аз 20 бехи буттаи камол ва ба миқдори калон зиёда аз даҳ килограмм шираи камол ё нест кардани зиёда аз 100 бехи буттаи камол фаҳмида мешавад
Зикр бамаврид аст, ки мутобиқи моддаи 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини сулҳ ва амнияти башарият, тарбияи шаҳрвандон дар рўҳияи риояи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ, пешгирии ҷиноятҳо, ҳамчунин амнияти ҷамъиятӣ, саломатии аҳолӣ ва муҳити зист вазифаҳои асосии қонунгузории ҷиноятии кишвар ба ҳисоб рафта, пешбинӣ гардидани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои қонуншиканиҳои зидди экологӣ ва муҳити зист кафолати меъёри Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати ҳуқуқи ҳар як фард ба муҳити мусоиди зист, шуморида мешавад.
Бо истифода аз китобҳои ҳуқуқ ва қонунҳо таҳияи Б.Шафеъ