Соли нав ва шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд

Имрӯз бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони дорои имконияташон маҳдуди Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамбастагӣ бо ширкати “Ориё” чорабинии фарҳангӣ бахшида ба “Соли нави мелодӣ” дар бинои Театри давлатии ҷумҳуриявии “Лӯхтак” бо иштироки шахсони дорои имконияташон маҳдуд баргузор гардид.

Бо мақсади ворид намудани рӯҳияи идона ва фароҳам овардани лаҳзаҳои шодмонӣ, дар Театри давлатии лӯхтак ҷашни солинавӣ барои шахсони маъюб баргузор гардид. Ин чорабинии фарҳангӣ бо ҳадафи дастгирии иҷтимоӣ ва баланд бардоштани рӯҳияи иштирокчиён ташкил карда шуд.

Дар оғоз барои бачаҳо барномаҳои фароғатӣ, сурудҳо ва рақсҳои идона пешниҳод шуд. Қаҳрамонҳои афсонавӣ, Бобои Барфӣ ва Барфак дар фазои толор ҳиссиёти шодӣ ва умедро афзун намуданд. Иштирокчиён бо чеҳраҳои хандон ва дилҳои пур аз шодӣ аз барнома лаззат бурданд.

Бачаҳо барои Бобои Барфӣ шеър қироъат карда, аз ӯ шириниҳо дарёфт карданд.

Баъдан намоиши ҷолиби лӯхтак, манзури онҳо шуд ва дар охир тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим гардида, фазои гарм ва меҳрубонӣ ҳукмфармо буд.

Ҳамчунин ба сарпарасти ин маҳфили бошукӯҳ “Сипоснома” аз ҷониби “Китобхонаи миллӣ” тақдим гардид.

Чунин нишасту ҳамоишҳо дар таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, баланд бардоштани сатҳи эҳтиром ва ғамхорӣ нисбат ба шахсони маъюб нақши муҳим дошта, ба ташаккули муносибати инсондӯстона дар ҷомеа мусоидат менамоянд ва дар маҷмӯъ ҳамчун ифодаи равшани арзишҳои инсондӯстӣ, ҳамбастагӣ ва масъулияти иҷтимоӣ арзёбӣ мегарданд.

Ганҷина Ҷолаева
бахши матбуот
ва робита бо ҷомеа.