Стивен Крейн: Машҳуртарин адиби амрикоӣ, ки дар 29-солагӣ аз сил даргузашт
Адиби машҳури амрикоӣ Стивен Крейн ҳамагӣ 29 сол зист. Дар ҳамин ҷавонӣ нависандаи баркамоле шуд, ки барандагони ҷоизаи Нобел Эрнест Хемингуэй, Уилям Фолкнер ва адиби шуҳратманд Теодор Драйзер аз ӯ омӯхтанд.
Соли 1871 дар Нюарк, Ню Ҷерсӣ, шоир, насрнавис ва рӯзноманигори амрикоӣ Стивен Крейн, асосгузори назми озод дар назми Амрико чашм ба олами ҳастӣ кушод.
Стивен ҳамагӣ 10-сола буд, ки падараш даргузашт. Пас аз хатми мактаб дар соли 1888 дар Коллеҷи Клаверак таҳсил карда, соли 1890 ба Коллеҷи Лафайетт ва сипас ба Донишгоҳи Сиракуз гузашт. Дар ҷавониаш рўзноманигориро меомӯхт ва бейсболбозӣ мекард.
Дар синни 15-солагӣ ба навиштан шурӯъ кардааст. Модари Крейн соли 1891 вафот кард ва ў ба Ню-Йорк кӯчида он ҷо ба ҳайси хабарнигори рӯзнома кор мекард.
Маҳорати очеркнависии Крейн ба зудӣ ба ҳама маълум гардид. Вай ба навиштани аввалин кори бузурги худ, ҳикоя дар бораи ҳаёти сокинони Ню-Йорк, оғоз кард. Китоби «Мегги: Духтари хиёбонӣ»-и (1893) ӯ достони як зани ҷавонест, ки бепарвоии хешону наздикон ўро ба бероҳагӣ водор кардааст. Ноширон ин китобро рад карданд ва Крейн ин ҳикояро аз ҳисоби худ бо тахаллуси Ҷонстон Смит нашр кард. Ин китоб кам фурӯхта шуд, аммо аз ҷониби чеҳраҳои бонуфузи адабӣ Ҳэмлин Гарланд ва Вилям Дин Ҳоуэлс, ки нависанда ба онҳо як нусхагӣ фиристод, баҳои хуб гирифт. Охирӣ навиштааст:
«То кунун ба касе муяссар нашуда буд, ки қудрати ноилоҷиро ин қадар равшан тасвир кунад». Ин китоб мавриди баҳсу баррасиҳои зиёд гашта, муаллифро машҳур кард ва Крейн бо нависандагони шинохтаи замонаш Марк Твен ва Фрэнсис Брет Харте вохӯрд.
Дар баробари эъҷоди шеър, ӯ китобе навишт, ки барояш шӯҳрати ҷаҳонӣ овард ва он «Нишони сурхи шуҷоат»ном дошт. Ин асар то ҳол беҳтарин роман дар бораи ҷанги шаҳрвандии Амрико дар адабиёти Амрико маҳсуб мешавад.
Дар охири соли 1896 Крейн ба Куба рафт. 2 январи соли 1897 киштии онҳо ғарқ шуд ва Крейн ба таври мӯъҷиза наыот ёфт ва худро ба сощил расонд. Баъдтар, ин ҳикоя дар достони машҳури ў «Киштии наҷот» инъикос ёфтааст. Дар ҳамон сол романҳои «Модари Ҷорҷ» (1896), «Бунафшаи сеюм» (1896) ва инчунин маҷмӯаи ҳикояҳои «Полки хурдакак» (англисӣ: The Little Regiment, 1896) рўйи чоп омаданд.
Дар соли 1898 китоби ҳикояҳои ў «Киштии наҷот ва дигар саргузаштҳо» нашр шуд. Соли дигар маҷмӯаи дуюми ашъори Крейн «Ҷанги меҳрубон», 1899 аз чоп баромад. Дар он баъзе ашъори аввалини ӯ, инчунин матнҳои як сол пеш аз нашр навишташуда дохил мешаванд. «Ман зидди ҷанг ҷанг эълон мекунам», чунин тавсиф кардааст, Крейн мавзуи китоби нави худро, ки ҳам ангораҳои импрессионистӣ ва ҳам шеърҳои фалсафиро дарбар мегирад.
Солҳои охири ҳаёти нависандаро бемории сил тира кард. Илова бар ин, вай худро аз қабзаи қарзҳои фаровон натавонист раҳо кунад ва ин боис мешуд шабу рӯз, бидуни ёди хастагӣ кор кунад.
Романи «Дар хидмати ҳақиқӣ» (1899), китобҳои ҳикояҳои равоншиносии «Дев ва дигар ҳикояҳо» (1899), «Захмҳои зери борон», (1900) ва «Ҳикояҳои Уиломвилл», (1900) эҷод кард. Ӯ ба ҳадде ба навиштан дода шуд, ки саломатии худро аз даст медод. Ҳатто ноширон аз ӯ хоҳишу илтимос мекарданд, ки зери чунин фишор кор накунад. Дар соли 1900, Крейн аллакай ҳикояҳо ва романи нави “О‘Рудди“-ро («The O’Ruddy», 1903, Р. Барр онро пас аз марги нависанда ба итмом расонидааст), нақл мекард, зеро ӯ дигар қудрати навиштан надошт. Дар натиҷа Крейн 5 июни соли 1900 дар Олмон дар шаҳри курортии Баденвейлер даргузашт.
Маҷмӯаи осори ӯ 12 ҷилдро (аз рӯи меъёрҳои русӣ, 6) дарбар мегирад. Крейн устоди беҳамтои ҳикоя буд ва боқӣ мемонад, ки аз мактаби ў Хемингуэй, Фолкнер ва Драйзер омӯхтаанд. Қиссаҳои «Киштии наҷот» ва «Меҳмонхонаи кабуд» беҳтарин ҳикояҳои амрикоии ҳама давру замон маҳсуб мешаванд. Хемингуэй дар ин бора навиштааст: «Крейн ду ҳикояи аҷоиб дорад: «Киштии наҷот» ва «Меҳмонхонаи кабуд», аммо «Меҳмонхонаи кабуд» беҳтар аст».
Романи «Нишони сурхи шуҷоат», ки Крейнро машҳур гардонд, то ҳол бо теъдоди миллионҳо нусха дубора нашр ва ба ҳамаи забонҳои асосӣ тарҷума мешавад. Ҳамчун шоир, Крейн рушди шеъри англисиро дар тӯли як аср раҳнамо кард.
Шоири маъруф Ҷон Берриман тарҷумаи ҳоли Стивен Крейнро нашр кард. Герберт Уэллс дар бораи ӯ чунин навишт: «Бешубҳа Крейн, беҳтарин нависандаи насли мост».
Чанд асари ӯ ба форсӣ тарҷума ва нашр шудааст. Аз ҷумла: “Киштишикастаҳо”, “Нишони сурхи далерӣ”, “Саворони сиёҳ”, “Ҳутали обӣ”, “Маги: духтари хиёбонӣ”.
Дар Китобхонаи миллӣ як китоби Стивен Крейн бо номи “Алый знак доблести» мавҷуд аст, ки хоҳишмандон метавонанд онро мутолиа кунанд.
Сафаргул Ҳусайнова