Субҳе, ки кори Китобхона аз барфрӯбӣ оғоз шуд

барфрӯбӣБарфи дуюми сол дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бо шиддати аввала бештар борид ва на танҳо заминро сафед кард, балки аз худ осори бештар гузошт. Шохаҳои дарахтонро макон кард, роҳҳоро пурра пӯшонд, сайругашт дар ҷодаҳоро ба мушкил рӯбарӯ сохт.

Субҳ вақте ба кор меомадем,медидем, ки ҳама сохторҳо фаъоланд ва даст ба поксозии роҳу хиёбонҳо задаанд. Мошинҳои барфрӯбии шаҳрдорӣ хеле бармаҳал роҳҳоро барои равуои бемамониати мошинҳо ва одамон омода карда буданд.

Ин манзара дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон диданиву зебо буд. Бо дастури Директори Китобхона доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода кормандон ҳамагӣ ҷамъ омаданд ва ба корҳои поксозии роҳҳу пайроҳаҳо саргарм шуданд.

Ва на танҳо ҷодаҳоро аз барф тоза карданд ва роҳро барои вуруди бемамониати хонандагон аз барф холӣ карданд, балки шохаҳои пурбарфи дарахтонро ҳам таконданд ва бафи вазнинро аз шонаҳои дарахту буттаҳо поён рехтанд.

Ин гуна ҳашарҳо дар Китобхонаи миллӣ ба ҳукми як анъана аст. Шаб, ки барф борид, кормандон субҳ барвақт ба ҷойи кор ҳозир мешаванд, чун медонанд, ки роҳкушоӣ барои муштариёни китобхона вазифаи худи онҳост.

 Абдуғаюр Саломов

  • Кори Китобхона аз барфрӯбӣ оғоз шуд
    Кори Китобхона аз барфрӯбӣ оғоз шуд
  • Кори Китобхона аз барфрӯбӣ оғоз шуд
    Кори Китобхона аз барфрӯбӣ оғоз шуд
  • Кори Китобхона аз барфрӯбӣ оғоз шуд
    Кори Китобхона аз барфрӯбӣ оғоз шуд
  • Кори Китобхона аз барфрӯбӣ оғоз шуд
    Кори Китобхона аз барфрӯбӣ оғоз шуд
  • Кори Китобхона аз барфрӯбӣ оғоз шуд
    Кори Китобхона аз барфрӯбӣ оғоз шуд
  • Кори Китобхона аз барфрӯбӣ оғоз шуд
    Кори Китобхона аз барфрӯбӣ оғоз шуд
  • Кори Китобхона аз барфрӯбӣ оғоз шуд
    Кори Китобхона аз барфрӯбӣ оғоз шуд
  • Кори Китобхона аз барфрӯбӣ оғоз шуд
    Кори Китобхона аз барфрӯбӣ оғоз шуд
  • Кори Китобхона аз барфрӯбӣ оғоз шуд
    Кори Китобхона аз барфрӯбӣ оғоз шуд
  • Кори Китобхона аз барфрӯбӣ оғоз шуд
    Кори Китобхона аз барфрӯбӣ оғоз шуд