Субҳони Аъзамзод: Адади нашри “Асрори номҳои кишвар”-и Алиқул Девонақулов 25 ҳазор нусха будааст!…

Алиқул ДевонақуловАлиқул Девонақулов (1928-2010) олими фарзона, адабиётшиноси варзида ва матншиноси соҳибтаҷриба буд, ки чеҳрааш бо ҳамин риши калонаш ҳанӯз мактаб мехондам аз оинаи нилгуни телевизиони тоҷик ба чашм нишастааст. Ба назар мерасад, ки аз аввалҳои давраи корияш ришаш ҳам хеле маъруф будааст. Камтарин кас он замон чунин риш мондааст. Аз зумраи пуркортарин таҳқиқгарон ва матншиносону таҳиягарони матн дар кишвари мо шинохта ва эътироф ёфтааст. Алиқул Девонақулов пажӯҳандаи аввалини «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус дар ҳавзаи Тоҷикистон буд, дар ин боб рисолаи номзадӣ дифоъ кард….

***

Ин пажӯҳандаи номвар аз Қубодиён аст, аз зодгоҳи Носири Хусрав, Зиё Абдулло, Бахтиёри Муртазо, Раҳими Мусулмониён, Шоҳзамон Раҳмонов ва… Аввалҳо дар Шаҳритуз, Қубодиён ва Бешканд чун муаллими забон ва адабиёти тоҷик ба кор пардохта ва, баробари ин, дар заминаи таърихи Қубодиён, шахсиятҳои маҳбубу маъруф ва топонимикаи номҳои кишвар мақолаҳо таълиф кардааст.

Баъди дарёфти мадраки олӣ аз факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар шуъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон чун лаборанти калон, ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ, ходими калони илмӣ, ходими пешбари илмӣ кор кардааст. Тайи солҳои раҳбарӣ ба сектори нашри осор дар Шуъбаи фалсафаи академия (аз ибтидои солҳои 70-уми садаи бист) осори бисёр донишмандони асримиёнагӣ таҳияву тадвин ва нашр шудаанд. Пасон ходими калони илмӣ, ходими пешбари илм, мудири шуъбаи нашри осори илмӣ, мудири шуъбаи таҳқиқ ва нашри осор, мушовири мудири шуъбаи таҳқиқ ва нашри осори илмӣ дар Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ будааст. Номи Алиқул Девонақулов дар сафи як зумра матншиносони варзидаи тоҷик Абдулғанӣ Мирзоев, Расул Ҳодизода, Камол Айнӣ, Аълохон Афсаҳзод, Ҷобулқо Додалишоев, Асғари Ҷонфидо ва даҳҳо дигарон дар тақвияти усуливу назарии мактаби матншиносии шӯравии тоҷик нуфуз ва эътибори баланде доштааст.

Дар тамомии фаъолияташ Алиқул Девонақулов ба таҳияву нашри матнҳои илмӣ-интиқодӣ ва оммавии силсилаи манобеъи хаттӣ ва таърихиву фарҳангӣ роҳбарӣ карда ва дар ин росто матнҳои фаровони ҷиддиву арзишманди «Насиҳатнома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Вис ва Ромин»-и Фахруддини Гургонӣ, ҷилдҳои 7, 8 ва 9-уми «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, ҷилдҳои 1, 2 ва 3-юми «Куллиёт»-и Абӯалӣ ибни Сино, «Китоб-ут-тафҳим” ва “Осор-ул-боқия”-и Абӯрайҳони Берунӣ, “Куллиёт”-и Носири Хусрави Қубодиёнӣ, «Осори мунтахаб»-и Закариёи Розӣ, ҷилди 4-уми “Куллиёт”-и Низомии Ганҷавӣ, «Сиёсатнома»-и Низомулмулки Тӯсӣ, ду ҷилд «Наводиру-л-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш ва даҳҳо дигар дар сатҳи баланди матншиносӣ ба ихтиёри аҳли таҳқиқ ва алоқамандони мероси адабии гузашта расидаанд.

Алиқул Девонақулов аз ташаббускорони таҳияи матнҳои тиббӣ, баргардони осори Абӯалӣ Сино, Фахриддини Розӣ, Закариёи Розӣ ва дигар намояндагони тиб низ буд. Дар шинохти сиришти аслии матн заковатманд ва таҷриба дошт. Аз нозукиҳои матншиносӣ хуб ва бо салиқаи хуш барои ҳамкорону ходимони ҷавони илмӣ андӯхтаҳо фароҳам меовардааст. Шуғли ӯро дар таҳияи матни илмӣ-оммавии китоби «Иксири аъзам» бо Санавбар Раҳимзода мактаби хос донистанд, ки бо муқаддима ва луғату тавзеҳот дар 60 ҷузъи таълиф таҳия ва нашр гардид.

Боз мегӯянд, ки мақолаҳои Алиқул Девонақулов оид ба осори Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Аҳмади Дониш ва ғайра арзиши рисолаҳои илмии алоҳидаро доранд. Бархе аз ин навиштаҳо дар ду ҷилди «Баргузидаи мақолот»-аш ҷой ёфтаанд (ҷилди аввал соли 2013 нашр шуд). Китоби «Асрори номҳои кишвар» (1989) чеҳраи Девонақуловро чун олими топонимшинос ба намоиш меоварад ва ин китоб аз ҷолибтарин ва аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво беназиртарин аст, ки дар вақташ бо теъдоди 25 ҳазор нусха ба нашр расида буд. Фикр мекунед, ин хел адади нашрро дигар мо аҳли адабу таҳқиқ дар хоби шабамон ҳам дида наметавонем.

Мақолаҳои зиёди зиндаёд Алиқул Девонақулов оид ба таърихи адабиёт, илму фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ, вежагиҳои эҷоди адабӣ-илмии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалии Мискавайҳ, Абӯалӣ ибни Сино, Унсурулмаолии Кайковус, Закариёи Розӣ, Фахруддини Гургонӣ, Насируддини Тӯсӣ, Низомулмулки Тӯсӣ, Фахриддини Розӣ, Саъдии Шерозӣ, Ассори Табрезӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Амиршоҳии Сабзаворӣ, Аҳмади Дониш, Ҳоҷӣ Юсуфи Ҳайатӣ, силсилаи хонадони Оли Хуҷанд ва иртиботи онон бо Хоқонии Шарвонӣ ҷолибтарин ва навтарин нуктаҳоро фаро гирифтаанд. Гузоришгариаш дар ин мақолаҳо ҳам ҷолибанд. Сохтори мақоланигориаш хоса аст. Дар як силсила навиштаҳои ин ноқиди аҷабкор бо нақдҳое якдасту ҷолиби муаллиф аз «Авасто», «Худойнома», «Дарахти Осурик», «Ёдгори Зарирон», намунаҳои адабиёти шифоҳӣ, ривояту афсона, асотир ва ҳоказо шинос мешавем, фароҳамомада аз баҳрамандиҳояш аз осори адабиёти форсии тоҷикӣ, русӣ, ҳиндиву арабӣ, туркиву хитойӣ ва ғайраанд. Бо олимони Эрону Афғонистон, Ҳинду Покистон, Русия васеъ ошноӣ дошт; итилооташ аз тарҷумаҳои осори адабии форсӣ-тоҷикӣ ва халқҳои дигари дунё, андешаҳои олимони барҷастаи дунё хеле муфид буданд…

Имрӯз ба шаҳодати тақвими шахсиятҳои номвари Тоҷикистон аз зодрӯзи Алиқул Девонақулов бохабар шудам.

Ёдаш ба хайр бод ин матншиноси варзидаро!…

Бознашр аз саҳифаи муаллиф дар Фейсбук