Сухан аз Мавлоно дар 817-умин солгарди мавлуди ин шахсияти таърихсоз

1-(63)Мизи гирди имрӯзи Китобхонаи миллӣ “Ишқ дар осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ”унвон дошт ва бахшида ба 817-солагии Мавлоно   баргузор гардид. Он бо ташаббуси Маркази “Тоҷикшиносӣ” ва шуъбаи робитаҳои байналмилалии Китобхонаи миллӣ доир шуд.

Директори Муассисаи давлатии  “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода мизи гирдро оғоз намуд ва меҳмононро хушомадед гуфт.

Профессор Файзализода Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро аз саромадони ирфону маърифат, мутафаккири барҷастаи ҳамаи давру замонҳо номид, ки дар ташаккул ва такомули афкори инсонгароёнаи тамаддуни башар, фалсафаи инсоншиносӣ ва ахлоқи ҳамида нақшу мақоми фавқулода дорад.

Ӯ зодаи Балху Вахшонзамин аст ва хуни нофаш дар сарзамини имрӯзаи тоҷикон рехтааст, ки ба ин падари бузургвори мутафаккир-Баҳоуддин Валад шаҳодат медиҳад. Забони модариаш тоҷикӣ-форсӣ- дарӣ буда, гарчанде аз овони кӯдакӣ бо амри тақдир дур аз ватани аҷдодиаш ба сар бурда бошад, ҳам, илҳому эҷодаш бо забони модар ҷӯш мезад ва бо ин забон беш аз 70 ҳазор байт сурудааст.

Сарвари Китобхонаи миллӣ дар бахше аз суханонаш манзалати осори гаронбаҳои ин нобиға “Девони Шамс”, “Маснавии маънавӣ”, “Фиҳӣ мо фиҳӣ” ва “Мактубот”-ро ёдовар шуда онҳоро ба андозае арҷманду доманадор донист, ки мутафаккирони баъдӣ онро бо китоби муқаддас баробар донистаанд.

Директори Китобхонаи миллӣ зимни суханрониаш нақши Мавлоноро дар фарҳангу тамаддуни тоҷик бузург арзёбӣ намуд.

Ба таъкиди доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода дар кишвари мо ҳунарманде нест, ки ба ашъори оламгири Мавлоно муроҷиат накарда бошад. Мавзуъҳои осори Мавлоно ба дӯстӣ, вафодорӣ, садоқату ҳамдилӣ бахшида шудааст.

Дар поёни суханрониаш ӯ чанд мисраи шеъри Мавлоноро қироат намуд.

2-(31)Мавзуи суханронии доктори илмҳои филологӣ Салими Хатлонӣ дар ин мизи гирд таъсирпазирии Ҳофиз бар ду мухотаби Мавлоно буд.

Адабиёти ирфонӣ аз қадим хостори кушоишу рамзу роз аст ва бавижа дар баррасии ашъори ду нобиғаи шеъри тасаввуфии форс-тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва ҳам Ҳофизи Шерозӣ таваҷҷуҳи мунҳасир бештар бар тафсиру ташреҳи маъонии каломи мармуз пеш меояд, ки мақсуди инсони тариқатпӯ ва маърифатҷӯро барои дарку дарёфти хостаҳои отифии ӯ, бояд ба дурустиву ростӣ ва ҳақиқат эътимод диҳанд.

Сипас ӯ ба баҳси бардоштҳои маънавӣ бар вожагон ва ибороти мармуз ва ҳикматомӯзи осори Мавлоно ва Ҳофиз пардохт.

Шеъри Мавлоно таҷассуми ваҷд аст, чун рӯидаи рӯҳи ноорому беқарор аст. Шеъре, ки ба маънӣ ҳама дар печидагиҳои масалу маҷозу ҳақиқат ва ҳам бо муҳимияти санъатҳои тасвирсози бадеӣ болои кор омадааст, аммо ҳам розкушои ҳикмати бепоёни ирфон, ки муаммои сардаргуми аҳволи башариятро аз пардасори мубҳаму мармуз мехоҳад берун кашад.

Дар мизи гирд намояндагони сафоратхонаҳои Эрон, Туркия ва Озарбойҷон дар Тоҷикистон ширкату суханронӣ намуданд.

3-(16)Алӣ Кирдободӣ – мушовири аввали сафири Эрон дар Тоҷикистон Мавлоноро яке аз барҷастатарин шоирон ва бузургон донист, ки бо шеъру ирфонаш дар адабиёту фарҳанги ҷаҳон таъсири амиқе гузоштааст. Ашори Мавлоно ба забони форсӣ мафоҳими бисёр амиқ, зебо дар бораи ишқ, Худо, маънавият, инсоният ва зиндагӣ баён кардааст. Мавлоно на танҳо дар Эрон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Туркия маҳбуб аст, ки саросари ҷаҳон ором-ором бо шинохти Мавлоно рангу бӯи дигаре аз зиндагиро дарк кардаанд.

Ҷойгоҳи Мавлоно дар адабиёти форсӣ низ бисёр мумтоз аст. Яке аз поягузорони сабки маснавинависист. Бо достонҳои омӯзанда ва ташбеҳҳои ҳунармандона ва мунҳасир ба фарде, ки дар “Маснавӣ” мебинем ба забони бисёр содаи таҳаввули инсонӣ омадааст.

Дар поёни мизи гирд сардори шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангии Китобхонаи миллӣ Абдуғаюр Саломов ғазали нобе аз Мавлоно барои ҳозирин хонд.

Дар мизи гирд ҷамъе аз хабарнигорон барои пӯшиши итилоотии ин ҳамоиш ҳузур доштанд.