Сухане чанд аз профессор  Рустамбек Юсуфбеков 

Агар профессор Рустамбек Юсуфбеков зинда мебуд, 31-уми декабр ба синни 98 медаромад. Аммо афсӯс, ки соли 2007 дар синни 84-солагӣ олами моро тарк намуд. Шахсе буд, ки дар вазнинтарин солҳо бори пурзаҳмати пажӯҳишҳои илмиро кашидаву дар вазифаҳои пурмасъули давлаӣ кор карда. Ёдаш ба хайр!

РУСТАМБЕК ЮСУФБЕКОВ 31 декабри соли 1923 дар  деҳаи Рини  ноҳияи Ишкошими  ВМКБ  ба  дунё  омадааст.  Доктори илми иқтисодӣ  (1971),  профессор  (1973), узви вобастаи АИ  Тоҷикистон   (1983),  Ходими   шоистаи  илми   ҷумҳурӣ соли (1983).  Баъди  хатми  (1950)  Институти  давлатии  педагогии   шаҳри  Душанбе  (ҳоло  ДДОТ  ба номи С. Айнӣ) дар аспирантураи Академияи илмҳои  ҷамъиятшиносии  назди  КМ  КПСС  (шаҳри  Маскав)  хондааст. Солҳои 1954-1956  муаллими  Мактаби  партиявии назди КМ  ПК Тоҷикистон, соли 1956-1959 мудири  кафедараи  иқтисоди  Университети  давлатии  Тоҷикистон,  1963-1974  Вазири  маорифи  Тоҷикистон,  соли  1974-1984  муовини  Раиси Шўрои  Вазирони Тоҷикистон кор кардааст. Аз  соли 1984  профессори  кафедраи  иқтисоди  УДТ (ҳоло  ДМТ) буд.

Баробари  иҷрои  вазифаҳои  масъули  давлатӣ   ба  корҳои  илмӣ   машғул шуда, бобати масъалаҳои мухталифи иқтисоди ҷумҳурӣ,  роҳҳои  рушди  маорифи  халқ,  дӯстию  ҳамкории  мардуми  шўравӣ  ва  ғайра   қариб  сад  таълифот  аз  даст  баровардааст.  Ҳиссааш  дар  тарбияи  мутахассисони  соҳаи  маориф  калон  аст.

Бо  ордени  Байрақи   Сурхи  Меҳнат,  ду  ордени   «Нишони  Фахрӣ»,  медалу  ифтихорномаҳо  қадр  шудааст.

Рустамбек Юсуфбеков   5 марти соли 2007 дар шаҳри Душанбе  аз дунё  гузашт.

Муаллиф Ёрмуҳаммади Сучонӣ:

Бозчоп аз Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХ1): Энсиклопедия. – Душанбе, 2018. – С. 774.

 

Дар Китобхонаи миллӣ аз Рустамбек Юсуфбеков ва дар бораи ӯ метавонед ин матолибро хонед:

 Претворение ленинских идей в развитие народного  образования  Таджикской  ССР. – Душанбе, 1967.

Учитель  –  главная  фигура  в  школе. – Душанбе, 1968.

Высшя  и  средняя  специальная   школа  Таджикистана  к 50-летию  ВЛКСМ. – Душанбе, 1968.

Любить  и  изучать  язык  великого  Ленина. – Душанбе, 1969.

Жизнь,  отданная коммунистическому  воспитанию молодежи. – Душанбе, 1969.(соавтор)

Колхозное  производство   Таджикистана  и  управление  им  на  современном  этапе. – Душанбе, 1970. (соавтор)

Проблемаҳои иқтисодии  такмили  маорифи  халқ. – Душанбе, 1971.

Тоҷикистон   дар  оилаи  ягонаи  Иттиҳоди  шўравӣ. – Душанбе, 1984.

Законы  активизации  человеческого  фактора. – Душанбе, 1988.

Қонуни фаъолгардонии омили  инсонӣ (Ба ёрии ректорон). – Душанбе: Ҷамъияти «Дониш»-и РСС Тоҷикистон, 1988.

Муносибатҳои байниноҳиявии иқтисодӣ: Таҳқиқи назария ва амалия // Комсомоли Тоҷикистон. – 1988. – №2. – С.87-89.

Дар борааш

Рустамбек Юсуфбеков // Материалы к библиографии учёных Таджикистана. – Душанбе, 1995.

Юсуфбеков Рустамбек: Дар бораи ҳаёт ва фаъолият // Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХ1): Энсиклопедия / Муаллиф – мураттиб Ё. Сучонӣ; Зери назари А. Мирализода; Муҳаррирони масъул Г. Маҳмудов, Ф. Аминов. – Душанбе, 2018. – С. 774.

Шуъбаи библиографияи миллӣ