Суханҳои ҳикматомӯзи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Конститутсия

Эмомалӣ РаҳмонКонститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд.

****    ****    ****

Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид.

****    ****    ****

Конститутсия нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашма мегирад. Мардуми мо ва махсусан ҷавонон, бояд ба рамзҳои давлати соҳибистиқлоли худ–Конститутсия, Парчами миллӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ – чун ба муқаддасоти миллати озоду соҳибистиқлоли мо пайваста арҷ гузоранд ва онҳоро гиромӣ доранд.

****    ****    ****

Риоя ва иҷрои Конститутсия ва қонунҳо, яъне волоияти қонун, яке аз роҳҳои муҳими ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ маҳсуб меёбад.

****    ****    ****

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пояҳои истиқлолият ва асосҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии моро таҳким бахшид, сарчашмаи ташаккули низоми нави қонунгузории давлати муосири мо гардид ва иштироки озодонаву васеи шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар ва идораи давлат таъмин намуд.

****    ****    ****

Конститутсияи мо баёнгари таносуби воқеии ҳамаи неруҳои иҷтимоии ҷомеа ва ҷавобгӯйи манфиатҳои ҳамаи онҳо буда, чунин давлатеро бунёд гузошт, ки, ба ҷуз аз хизмат ба мардум ва амалӣ намудани ормонҳои он, дигар мақсаде надорад.

****    ****    ****

Амалӣ шудани моҳияти демокративу ҳуқуқбунёдии давлати Тоҷикистон бевосита дар таъмини волоияти Конститутсия ва қонунҳои давлат, сатҳи баланди риояву иҷрои қонун ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ифода меёбад.

****    ****    ****

Эътирофи соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон ба василаи Конститутсияи он, бешубҳа, аз ҷумла арзишҳои гаронбаҳои миллат мебошад, зеро маҳз соҳибихтиёриву истиқлолият барои миллат имконияти интихоби озодонаи роҳи пешрафти мустақилонаро фароҳам оварда, халқро ба ҷаҳониён ҳамчун соҳибдавлату соҳибқудрат муаррифӣ мекунанд.

****    ****    ****

Маҳз қудрати ваҳдатсози санади тақдирсози миллат, яъне Конститутсия, буд, ки дар асоси меъёрҳои он мо Комиссияи оштии миллиро таъсис додем ва қарорҳои он тавассути мақомоти олии конститутсионӣ – Президент, Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати кишвар – амалӣ гардиданд.

****    ****    ****

Масъалаҳои таъмини амнияти милливу давлатӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ғурури ватандориву ватанпарастӣ, зиракии сиёсӣ ва бедории маънавӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, расидан ба қадри истиқлолият ва давлатдории мустақилона, пос доштани рамзҳои давлатдорӣ, ки ҳамаи ин арзишҳо аз Конститутсияи мо сарчашма мегиранд, заминаҳои устувори давлатдории навини мо мебошанд.

****    ****    ****

Конститутсия – ин санади муқаддас ва тақдирсоз – мисли чароғест, ки роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро садсолаҳо мунаввар мекунад.

****    ****    ****

Конститутсия роҳи рушди ояндаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро муайян намуда, заминаҳои асосии сохтори давлатӣ ва низоми сиёсиро фароҳам овард ва барои бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, татбиқи ҳадафҳои тақдирсози стратегӣ ва нақшаву лоиҳаҳои созанда ва дар натиҷаи ин ҳама, болоравии нуфузу эътибори кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ пойдевори боэътимод гузошт.

Аз китоби  “Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон”   Мавзуна Салимова, сармутахассиси Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.