Суханҳои пандомӯзи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сулҳу осоиш ва ваҳдати миллӣ
Андешаи миллӣ барои таҳкими ваҳдати комил ва рушди устувори давлатдорӣ нақши басо муассир мебозад. Сулолаҳо, шоҳону лашкаронашон меоянду мераванд, низомҳои сиёсиву иҷтимоиӣ дигаргун мешаванд, аммо андешаи миллӣ ҳамчун ганҷи бебаҳо дар масири ин таҳаввулот торафт сайқал ёфта, боз ҳам пурмазмун ва пурҷилову тобнок мешавад.
***** ***** *****
Ҳамаи моро зарур аст, ки баробари шукронаву ифтихор кардан аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон тамоми азму талоши худро ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат равона карда, ободии имрӯзу фардои кишварро таъмин намоем ва нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастӣ, ифротгароиву тахрибкорӣ ва тундравию таассуб ба тафаккури мардуми мо, бахусус ҷавонон, нуфуз пайдо кунанд.
***** ***** *****
Аҷнабиёне, ки дар давру замонҳои гуногун ба сарзамини ҳамешабаҳор ва ободи ниёгонамон ҳуҷум мекарданд, натавонистанд суннату ойинҳои аҷдодии моро маҳв кунанд. Баръакс, фарҳанги қадимаву расму ойинҳои инсонпарваронаи мо онҳоро бо гузашти айём асири хеш мегардонанд. Гузашта аз ин, бисёр аҷнабиён Наврӯзро, ҳамчун ҷашни бузургу бошукуҳ, ба диёри худ бурдаанд ва аз арзишҳои маънавию фарҳангии халқи мо дарси ҳикмат омӯхтаанд.
***** ***** *****
Роҳи мушкил, пурхатар ва душвори расидан ба сулҳу ризояти миллӣ барои ҳамаи мо сабақ дод, ки ягон неъмати дигари олам аз истиқлолияту озодӣ, давлати соҳибихтиёри миллӣ ва Ватани муқаддаси аҷдодӣ болотар нест.
***** ***** *****
Мардуми тоҷик маҳз бо файзу баракати истиқлолият ва ваҳдат ба давлатдории миллӣ ва эъмори ҷомеаи демократӣ расид. Ҳар қадар, ки аз ин санаи тақдирсоз фосилаи таърих бештар тай мешавад, аҳамияти бузургу сарнавиштсози ин ду мафҳуми муқаддас барои давлату халқи Тоҷикистон ҳамон қадар равшантар мегардад.
***** ***** *****
Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар, офарандаи ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, созандаву бунёдкор мебошад ва ин сифатҳои олиро насл ба насл инкишоф дода, дар таърихи навини халқамон саҳифаҳои заррину дурахшонро сабт мекунад.
***** ***** *****
Ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи поянда, ормонҳои волои истиқлолият ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ роҳнамои ояндаи неки пиру ҷавони мамалакат мебошанд.
***** ***** *****
Сулҳу суботи пойдор ва ваҳдати ҷовидонаи миллӣ барои мо имконият фароҳам овард, ки татбиқи даҳҳо барномаву нақшаҳои давлатии рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвари озоди худро ба роҳ монда, обрӯву эътибор ва мақому чойгоҳи сазовори байналмилалии Тоҷикистони азизамонро дар арсаи ҷаҳон таъмин намоем.
***** ***** *****
Истиқлолият ва ваҳдат мафҳумҳои муродиф мебошанд. Танҳо дар сурати пойдории ваҳдати комил истиқлолияти Ватан таҳким меёбад ва побарҷо мемонад. Ва дар навбати худ, ҳифзу таҳкими истиқлолият ҳамчун замина барои такомули ваҳдати миллӣ ва дӯстиву бародарии тамоми сокинони Ватани азизамон хизмат менамояд.
***** ***** *****
Мо фарҳанги сулҳ ва ваҳдати бадастовардаамонро қадр ва ҳифз менамоем. Зеро сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои ҷомеаи мо дастоварди бузург ва, зиёда аз ин, заминаи тамоми таҳаввулоти демократӣ мебошанд.
***** ***** *****
Мо минбаъд низ бояд кӯшиш намоем, ки дар таҳкими сулҳи ҷаҳон саҳми арзанда гузорем. Зеро таърихан миллати мо бо ҳамин андешаву амалаш машҳур буд, ба мулкеву кишваре дастдарозӣ надошт, яъне вуҷуди миллати мо аз гили сулҳ сиришта шудааст.
***** ***** *****
Халқи тоҷик сулҳу ҳамдигарфаҳмиро ба ивази азияту заҳмати сахту сангин ва муҳимтар аз ҳама, ба баҳои ҷони даҳҳо ҳазор қурбониёни ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст овард ва имрӯз шукргузор аст, ки дар фазои неъмати бузурги суботи сиёсӣ ва оромии ҷомеа кору зиндагӣ дорад.
***** ***** *****
Истиқлолияти давлатӣ ва озодӣ барои мо неъматҳои муқаддастарин ва бузургтарин мебошанд, ки тамоми дастовардҳои мо аз онҳо вобастаанд.
***** ***** *****
Расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ яке аз нахустин дастовардҳои таърихӣ ва арзиши муқаддаси оғози даврони истиқлол мебошад, ки танҳо бо майлу хоҳиши мардуми сулҳхоҳу таҳаммулгарои тоҷик муяссар гардид, яъне ин дастоварди таърихӣ, пеш аз ҳама, хизмати бузурги халқи тоҷик мебошад.
***** ***** *****
Ҳадафҳои созандагӣ, ҷаҳду талошҳои пайгирона, ормонҳои волои истиқлолият ва сулҳу ваҳдат ҳидоятгари мо ба суйи ояндаи нек ва зиндагии осоиштаву осудаҳолона мебошанд.
***** ***** *****
Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ду боли тавоное мебошанд, ки Тоҷикистонро ба парвозҳои баланд ҳидоят менамоянд. Пойдории ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар саросари кишвар ва тараққиёти ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар натиҷаи хизмати бузургу қаҳрамононаи халқи хирадманд, сулҳдӯст ва бунёдкори тоҷик ба воқеият табдил ёфтанд.
***** ***** *****
Фарҳанги сулҳ пойдевори воқеии ҳалли муқовиматҳо, расидан ба сулҳу ваҳдат ва ризоияти миллӣ дар мамлакати мо гардид, ки назирашро ягон халқу миллат надида буд.
***** ***** *****
Ҳадафи муҳимтарини давлат ва ҷомеаи мо бештар густариш додани фарҳанги сулҳ ва решадор сохтани ваҳдату ризоияти миллӣ ҳамчун дастоварди нодиртарини мардуми Тоҷикистон мебошад. Барои мардуми шарифи кишвар сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва оромиву пешрафти ҷомеа арзишҳои муқаддас ва азизанд.
***** ***** *****
Аз китоби “Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон” таҳияи мутахассиси Пешбари Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зебонисо Давлатова.