Суҳбат атрофи истифодаи сарфакоронаи неруи барқ

неруи барқТибқи фармоиши директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   «Дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ” аз 1 майи соли 2025 шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарангон бо ширкати намояндагони шуъбаҳои дигар ва ҷаласа доир кард.

Дар фармоиши худ директори Китобхонаи миллӣ таъкид кардааст, ки бо мақсади иҷрои пурраи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат маҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини мунтазами аҳолӣ ва корхонаҳои ҷумҳурӣ бо неруи барқ, сарфаю сариштакорӣ, пешгирии талафот ва дуздии неруи барқ дар ҳудуди Ҷумҳурӣ, дар асоси барқияи Ҳукуматӣ аз санаи 28-уми апрели соли 2025 гурӯҳи кории назорати истифодаи оқилонаву сарфакоронаи қувваи барқ созмон дода шавад.

Ҳадаф иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Сарвари шуъбаи ёдшуда Зумратбӣ Эмомова зикр кард, ки ҳар корманди Китобхона масъул аст барои иҷрои дастуру супоришҳои роҳбар дар истифодаи самаранок ва сарфакоронаи неруи барқ саҳм гузорад.

Вай ҳамчунин гуфт, ки мувофиқи моддаи 2531 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки “Вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифода қуваи барқ” номида шудааст, ин гуна ҷазоҳо пешбинӣ гардидааст:

1.Аз берун дахолдат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он ба мақсади насупоридани маблағи истифодаи барқ инчунин истифодаи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоботи барқӣ, агар чунин кирдор давоми 1 соли  пас аз тадбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад-

бо ҷарима ба андозаи аз 365 то 547 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 27 350 то 41 025 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то 3 сол ҷазо додо мешавад.

Дар ҷаласа ба ширкаткунандагон ҳамаи бандҳои ин моддаи қонуни ҷиноӣ пурра шарҳ дода шуд.

Ба кормандон фаҳмонда шуд, ки аввалан истифодаи самараноку мақсаднок ва сарфаҷӯёна дар ҷойи кор аз барқ ва баъд дар истифодаи хусусӣ дар хонаву манзил ҳар фард масъул аст қонунро риоя кунад ва дар сарфаҷӯии неруи барқ саҳм бигирад.