Суҳбат бо наққоши мониқалам Сабзалӣ Муродзодаи Шариф бахшида ба зодрӯзаш
Аз мушкилоти рассомӣ, ишқи аввалу охир, баҳс бо Набиеву дӯстӣ бо Маҳкамов, нома ба Эмомалӣ Раҳмон, ҷӯрааш чинори танҳо, ёде аз Лоиқу Сайф Раҳим…
Бахши аввал
Аз рӯзе, ки ба Китобхонаи миллӣ ба кор омадам, як масъулиятам муаррифии ин боргоҳи маърифат ба онҳоест, ки бори нахуст қадам ба остонаи он мегузоранд. Ва ҳамеша мисли он ки як одати муқаррарӣ бошад, назди мусаввараи наққоши мониқалам Сабзалӣ Шариф “Аз давра ба давра…” қарор мегирам ва онро барои меҳмонон шарҳ медиҳам. Ҷолиб он аст, ҳар бор аз ин мусаввара ҳам барои худ ва ҳам барои меҳмонон як ҳарфи нави гуфтанӣ пайдо мекунам. Ба назарам он як роман-эпопеяи таърихи миллат аст, ки нақлаш поён надорад ва гӯё муаллиф ҳамарӯза ноаён ба он чизе меафзояд. Аммо чунин нест. Муаллиф солҳо заҳмат кашидаву ин асари мондагорашро офарида ва ба Китобхонаи миллӣ тақдим кардааст. Вале он чунон офарида шудааст, ки ҳар бор агар бингарем, маънии наве пайдо мекунем. Ба гумонам рисолати як асари мондагор ҳам ҳамин аст, ки бинандаашро ба андешаҳои нав ба нав барад….
Ва чун қасд кардам як суҳбате бо муаллифи “Аз давра ба давра…” дошта бошам, аввал навиштаҳову нигоштаҳояшро омӯхтам ва саранҷом ба ин суҳбат мушарраф шудам. Аммо осон набуд Рассоми халқии Тоҷикистон, дорандаи Мукофоти давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, профессор Сабзалӣ Шарифро ба суҳбат моил кардан. Ин худ достони дигар аст, ки замоне шояд бинвисам. Аз суҳбати тӯлоние, ки доштем, мухтасарашро ин ҷо меорам.
ДОСТОНИ РӮИ КОР ОМАДАНИ “АЗ ДАВРА БА ДАВРА…”
– Барои ҷустуҷуи мавзуи мусаввараҳоятон вақт, андеша, мутолиаи зиёд ва мушоҳида мебояд. Офаридани як тасвир бароятон дар муддати чанд вақт муяссар мешавад?
– Вай мӯҳлат надорад. Вай фавқулодда пайдо мешавад, фавқулодда ба анҷом мерасад.
– Аммо дар китоби ёддоштҳоятон хондам, ки асари «Аз давра ба давра…»–ро дар муддати 18 сол офаридед.
– 18 сол рамзист. 18 сол ба офаридани он машғул шудам, лекин тамоми умр дар фикраш будам. То 18 сол кор кардан, бояд омода буд. Ин асар порча-порча, лахта-лахта бо лахчақалам тасвир шуд. Фавқулода пайдо мешуд, баъдан ба тартиб медаровардам. Баъди силсилаи асари «Сиёҳу сафед» дар ҳамин девор (девори устохонаашро нишон медиҳад) ба порча-порча тасвир намудан оғоз намудам. Як замон дидам девори устохонаам пур аз тасвириҳо шуд. Баъд онҳоро оҳиста-оҳиста пайванд кардам. Барои ин асар маводҳои бисёр доштам.
Ҳанўз аз даврони донишҷӯӣ ба мавзӯҳои миллӣ таваҷҷӯҳ дорам. Аз ин рў, мавзӯи кори дипломиям дар омўзишгоҳи рассомӣ «Шӯриши Восеъ» буд. Ин бояд асари кошонакорӣ аз сангҳои табиии маҳаллӣ мешуд. Кори дипломиямро, ки аввалин асари монументалӣ буд, бо баҳои аъло ҳимоя намудам. Раиси имтиҳони давлатӣ, ки намояндаи Академияи давлатии рассомии шаҳри Маскав ба номи Суриков буд, гуфт ин ҷавон бояд рассоми монументалист шавад, зеро дар ботинаш ин истеъдодро дорад. Чун ба мавзӯъҳои барҷаста даст мезанад.
Бо тавсияи он кас дар ҳамин факулта дохил шуда, таҳсиламро идома додам. Дар донишкада мехондам, дар дарсҳои устухонбандӣ (композитсия) мавзӯи ҷиҳатҳои миллидоштаро интихоб мекардам. Ифтихори миллӣ доштам. Вақти донишкадаро хатм кардан низ мавзуи дипломиям «Меҳмондории тоҷикон» асари монументалӣ ки дар амал иҷро шуд ва дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» то ҳол вуҷуд дорад.
Вақте Донишкадаи театрӣ-бадеии шаҳри Тошканд ба номи Островскийро хатм намуда, ба Душанбе баргаштам, китоби «Таджики»-и Бобоҷон Ғафуров ба забони русӣ чоп шуда буд. Шабҳои дароз онро мехондам. Мутолиаи ин асар ҳисси миллиямро бештар кард, боварам афзуд, ки аз ифтихороти миллиямон зиёдтар асарҳо офарам ва дар ин мавзӯҳо кор кунам. Яъне тамоми умр ба мавзӯи асари «Аз давра ба давра…» омодагӣ мегирифтам. Ҳар асаре, ки дар донишҷӯӣ ва баъди он офаридам, ҳар китобе, ки мутолиа намудам, ҳамааш дар асари «Аз давра ба давра…» ифода ёфт.
Чеҳраҳои устод Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Сотим Улуғзода, Толиб Шаҳидӣ, Фаттоҳ Одина, Миробов ва дигар фарзандони барӯманди миллатро, ки дар устохонаам дидед, айёми зинда буданашон тасвир кардаам ва онҳоро дара асарам «Аз давра ба давра…» тасвир намудам. Бо онҳо ифтихори дўстиву бародарӣ доштам ва дар асари «Аз давра ба давра, аз дида ба дида» ҷо додаам. Образи чеҳраҳои таърихие, ки дар ҳаёт набуданд ва онҳоро надидаам, аз китобҳову маводҳои бойгонӣ омўхта, офаридам.
Ман бо суратҳои ин асар ба сарвари давлат нома навишта, муроҷиат кардам, то тақдири ин асарамро ҳал намояд. Бо тавсияи сарвари давлат мусаввара ҷои муносиб ёфт.
Дар асари «Аз давра ба давра, аз дида ба дида» Исмоили Сомонӣ дар сараш тоҷи давлату дар дасташ тоҷи фахрист, ки ҳамаи мардумро ба ваҳдат мехонад. Аз зери тоҷи фахрӣ кабутари тасвир ёфтааст, ин кабутарест, ки дар киштии Нӯҳ дар нулаш як навдаи дарахт дорад. Ин навдаи ниҳол аз наздик будани замин дарак медиҳад. Яъне, кабўтар ба киштибудагон хабари хуш овардааст, ки соҳил наздик аст. Шоҳи аксёфта низ ба миллаташ хабари хуш овардааст, ки шумо имрӯз соҳиби давлат ва забон ҳастед.
Дар образи Исмоили Сомонӣ симои тамоми шоҳони давру замонҳоро ҷамъбаст кардам. Зеро замони Сомониён миллати мо пурқудрат шуд, соҳиби давлат буд.
– Болои шакли рангаи асари «Аз давра ба давра, аз дида ба дида» чанд сол кор кардед?
– Дар шакли рангааш се сол бо ранг кор кардам. Ин шаклро махсус барои Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ранги зарҳалӣ оро додам. Шакли аввалаш, ки сиёҳу сафед аст, дар бойгониям ҳаст. Чаро бо ранги заррин онро оро додам? Чун дар асри тиллоӣ зиндагӣ дорем, ба замони худшиносӣ расидем, эҳё шудем, худшиносиямон баланд шуд.
Дар пеши чашмонамон чӣ қадар ободӣ шуд, роҳҳову гулгаштҳову неругоҳҳо бунёд гардиданд. Ин ободиҳо бо сарвари хирадманд ва эҳсоси баланди худшиносӣ ба амал меоянд.
Фикр мекунам насли оянда аз мо беҳтар зиндагӣ хоҳанд кард. Насли имрӯз озоданд, ҷаҳонбиниашон фаррох аст, чор тарафашон кушода аст. Ман, ки тарбиятгирифтаи ҳокимияти шўравӣ ҳастам, шоҳиди маҳдудиятҳову монеаҳову нофаҳмиҳои он давр будам. Он замон ҷиҳатҳои худшиносии миллӣ вобаста ба иделогияи шўравӣ буд ва хусусиятҳои худро дошт. Ҳоло озод ҳастем. Мардуми озодпарвар, ки ҳастем, гуманизми баланд дорем.
Аммо он замон ҷиҳатҳои хуб ҳам дошт. Бояд онҳоро дар мавриди эҷодкорон мавриди истифода қарор диҳем. Ҳокимияти шўравӣ мардуми эҷодкорро мепараврид, хусусан рассомонро.
Соли 2006 дар театри Лоҳутӣ намоиши асарҳоям бо номи «Субҳи сафед» ва асарҳои монументалиам «Аз давра ба давра …» баргузор шуд. Пас аз намоиш аксар суол медоданд, ки ин асарро бо фармоиши кӣ офаридед? Гуфтам супориши дилам, номусам буд. Яъне, мехостам қарзи фарзандиямро дар назди миллатам иҷро кунам. То куҷо ин мусаввара муваффақ аст, намедонам. Вақту замон инро баҳо медиҳад. Ҳоло сад шукр, ки ин асарро мардум писандиданду ҳар гуна ном монданд. Ба гӯшам расид, ки мардум асари «Аз давра ба давра …»-ро «Ифтихори миллат» ном гузоштаанд. Ин боиси ифтихору хушнудиям аст.
Дар асари «Аз давра ба давра…» ду давра ба риштаи тасвир кашида шудааст ва пайванди ин ду давра бармалост. Замони зардуштӣ, то шўравиву имрўз. Фарзандони барўманди миллат, марҳила ба марҳила тасвир шудаанд. Аммо наметвонистам ҳама эҳсоси диламро дар як асар ҷо кунам, ҳамаи онро ғунҷондан имкон надорад. Ният дорам ин силсиларо идома диҳам, агар умр вафо кунад.
Асри 19 даври зулми амири Бухорои Шариф ба мардуми заҳматкаши кўҳистон андозҳои бераҳмона мебастанд. Ин магар дарди миллат набуд, ин исёни мардуми Хатлонзамин набуд, ки онҳоро истисмор мекарданд, азият медоданд. Мардуми баномус, ки буданд, шўриш бардоштанд, қаҳрамони миллат Восеъ исён кард. Спитамону Темурмалик ва дигарон ба ҳамлаи мақдуниҳову муғулон сари таслим фуруд наоварданд. Онҳо бо душман ҷангиданд. Ҳамаи ин ҷоннисориҳои фарзандони барӯманди миллат маро водор карданд, ки асаре офарам, ки ҳамаи онҳо дар он ҷой ва мақоми худро дошта бошанд. Аммо ҳоло ҳам фикру андешае, ки доштам, ба анҷом нарасидааст ва дар фикри ин силсила машғул мебошам.
– Оё фикр мекунед бинан он мақсади муаллифро ба зудӣ дарк мекунад?
– Инаш кори эҷодкор нест. Худо ба дили эҷодкор меандозад ва ў меофарад. Ман намедонам фардо чӣ меофарам, ба кадом тарз, ба кадом устухонбандӣ. Вақте сари кор менишинам ишорае пайдо шудан мегирад.
Яъне илҳом меояд?
– Илҳом гапи маъмулист. Як ҳиссиётҳое пайдо мешаванд, ки интизор набудед. Силсилаи «Сиёҳу сафед» замони воқеаҳои нангин рўи кор омад. Се сол дар мотам будам, намедонистам чӣ кор кунам. Ба куҷо сарамро занам. Чӣ гуна пеши роҳи ҷанги шаҳрвандиро гирем. Саг соҳибашро гум карда буд. Дастам намерафт эҷод кунам.
Фарзандонам хурд буданд, меомаданду тамошо мекарданд. Яъне онҳо ҳам ба ман кумак мекарданд. Нигоҳи онҳоро дида, дилам реш-реш мешуд. Охир онҳо бояд дарс мехонданд, вале аз тарси воқеаҳои фоҷеабор аз хона берун намешуданд. Барои як нон соатҳои яки шаб маҳалла ба маҳала мегаштам. Бисёр воқеаҳои даҳшатборро дидам. Ин чизҳо сабаб шуданд, ки асари «Сиёҳу сафед» таъсирбахш баромад.
Рўзе дар чорчубае матоъро кашидам, силсилаи «Сиёҳу сафед» худаш пайдо шуд. «Илтиҷои модар»-ро дар ду- се рўз офаридам. Мавзўи модар ҳамеша дар эҷодиётам ҷилва мекунад. Аз кўдакӣ то имрўз, ки мусафед шудам, аз модар дуо мегирам.
(Идома дорад)
Суҳбати Раҳима Аъзам