Суҳбат бо наққоши мониқалам Сабзалӣ Муродзодаи Шариф бахшида ба зодрӯзаш
Аз мушкилоти рассомӣ, ишқи аввалу охир, баҳс бо Набиеву дӯстӣ бо Маҳкамов, нома ба Эмомалӣ Раҳмон, ҷӯрааш чинори танҳо, ёде аз Лоиқу Сайф Раҳим…
Бахши охир
МУШКИЛОТИ ХОНАВОДАГИИ ЯК ЭҶОДКОРИ МУВАФФАҚ
– Аз ишқи донишҷуиятон Татяна Соловева қисса кунед. Чаро бо ӯ издивоҷ накардед?
– Ӯ дарди дили ман аст. Дар Хоразм вақти таҷрибаомўзӣ вохӯрда будем. Татяна дар соли сеюми Академияи рассомии ба номи Репини шаҳри Ленинград мехонд. На танҳо ошиқаш, ошиқи донишу ҳунараш ҳам шудам. Дар як моҳ бисёр чизҳо аз ӯ омӯхтам, ки ин маро бо ӯ бештар наздик кард. Мақсади ниҳоиям дохил шудан ба Донишкадаи рассомии шаҳри Ленинград буд. Ба Донишкадаи рассомии шаҳри Тошканд ба умеди он дохил шудам, ки аз он ҷо ба Донишкадаи рассомии шаҳри Ленинград гузарам. Дар қисматам Хоразм будааст. Ба чанги Татяна афтидам (механдад). Ба ў гуфтам, ки орзу дорам дар Ленинград таҳсил кунам. Ваъда дод, ки кӯмак мекунад. Пас аз бозгашташ ба Ленинград мактуб навишт, ки дар Ленинград хондан ду роҳ дорад: ба хотири хатарнок будани саломатият, яъне агар таҳсил дар Тошканд ба сиҳатат хатарнок бошад, метавонӣ дар Ленинград идома бидиҳӣ, ё оиладор бошӣ. Ва пешниҳод кард, ки бо ҳам издивоҷи сохта мекунем, ту хондан гир.
– Бо ҳамсари аввалатон Дилбар чӣ гуна ошно шудед?
– Ман варзишгар ва дар гурўҳи яккачини Ўзбекистон аз шамшербозӣ дохил будам. Дар мусобиқаҳои донишкада аз ин намуди варзиш ширкат меварзидам. Муррабиямон гуфт бояд ба мусобиқаи умумииттифоқӣ омода шавӣ. Ба толори варзишӣ, ки дар варзишгоҳи «Пахтакор» ҷойгир буд, барои тамрин рафтам. Дидам духтараки ҷавоне шамшербозӣ дораду ҳамаро мебурад. Азбаски ниқоб дошт, руяшро надидам. Бачаҳо гуфтанд ин духтарчаи майдаҳак ҳамаро бурид, намехезӣ ҳунаратро нишон диҳӣ? Гуфтам айб аст бо як духтар бозӣ кардан. Хайр ҷавон будем. Рафтам, бо шамшер дар таги дасташ задам. Ў, ки инро интизор набуд, мехост ҷавоб диҳад, ки боз ба тарафи дигараш задам. Истод, ки боз задамаш. Қаҳраш карду ниқобашро гирифта партофт. Дар толор ҳама хандиданд. Ў асабӣ шуда -э дафъ шавед,-гуфт. Ман, ки дар кишвари бегона ташнаи забону ҳамватанонам будаму дар ҳасрати сухани тоҷикӣ, аз сухани ў шах шудам.
Дилам сухт, ки духтарро хафа кардам. Дар бараш нишастаму пурсидам, ту тоҷикӣ? Гуфт узбекам. Гуфтам пас тоҷикиро аз куҷо медонӣ?
- Чӣ тавр?- пурсид ў.
- «Дафъ шавед» танҳо тоҷикон мегӯянд, илова намудам ман.
Пурсид шумо тоҷик ҳастед? Гуфтам яҳудии бухороиям. Бовар кард (механдад).
Тамрини ман шуруъ шуду аз ў тамом. Дидам портфелаш аз худаш калон аст. Гуфтам ин портфелатон аз худатон калон аст, чӣ хел мебаред? Гуфт шумо мебаред -да. Гуфтам ман хари боркаш нестам. Машқ тамом шуду баромадам, ки ў мунтазири ман нишастаст. Портфелашро бардошта, гуселаш кардам. Хулоса рӯзи дигар ҳам тамрин омадам, ки ӯ низ он ҷост. Ҳамин тавр шинос шудем. Ў аз Самарқанд будааст.
– Хондам, ки вақте аз ҳамсаратон ҷудо шудед, ў ба Кумитаи Марказӣ шикоят кард, ки ин дар зиндагиву эҷодатон мушкили зиёде пеш овард. Сабаби ин ҷудоӣ чӣ буд ва ин шикваву шикоятҳо бароятон чӣ паёмадҳо дошданд?
– О занҳо, шумо кунҷкобед (механдад).
Касбамро бад медид. Иллати ҷудоиямон ҳамин буд. Хушбахтона узви ҳизб набудам, вагарна…. Вале чун вазифаи давлатӣ доштам, соли 1982 котиби раиси Иттифоқи рассомон оид ба меъморӣ ва санъати монументалӣ интихоб шуда будам, бо вуҷуди он ки 5 маротиба ба сафи ҳизб даъватам карданд, дохил нашудам.Чун ба он омода набудам.
Ҳамсари аввалам касбамро дуст намедошт.Вақте касбамро мепурсанд, мегӯям касби мо падарлаънат касб аст. Зеро аз рӯи ин касб фарзандат ҳам дар азоб аст, хонаводаат ҳам пош мехӯрад.
Шукрона, ки фарзандонамро сари вақт хабар мегирифтам, таъмин ва тарбия мекарадам. Барои ҷудоӣ аз ҳамсарам як умр худамро гунаҳкор меҳисобам. Гарчанд ҳар ҳафта ўро хабар мегирифтам, ҳатто гирифта хона меовардам. Вале аз ҷудоии ман писари маризам Шоҳинҷон бисёр азоб кашид. Ба хотири ў бисёр ғам мехӯрам. Дар пеши ӯ худамро беандоза гунаҳкор меҳисобам. Барои ӯ бояд аз модараш ҷудо намешудам, худамро қурбон мекардам. То синну солаш ба ҷое расидан, бояд сарро хам карда тоқат менамудам. Зеро дар ҷое, ки модараш ўро ноилоҷ шуда супорида буд, ба бемории зардпарвин мубтало гашт, ки мо бехабар мондем. Ва ин зардпарвин ба ҷигар зарар расонду ӯро мубталои бемории сирози ҷигар намуд.
Шоҳинҷон рӯи дасти ману модараш ҷон дод. Ин бароям бисёр зарбаи сахт шуд. То ҳол сари қабраш рафта дуо мехонаму аз рӯҳаш узр мепурсам.
Чӣ кунам, насибам ҳамин будааст?
Лолаҷонакам – фарзанди нахустинамон синфи 4-5 мехонд, боақлак буд. Фарёди ӯ ҳеч гоҳ аз ёдам намеравад. Фоҷиае буд, ки гузашту рафт.
Сад шукр, ки ҳамсари дуюмам Нозигул маро дарк мекунаду кўмак мерасонад. Одам аз одам фарқ мекардааст. Дар урфият беҳуда намегўянд, ки вакт шифобахш аст. Ҳоло бо завҷаи нахустам ҳамдигарфаҳӣ дорем. Сабабгори ин Нозигул бо хислатҳои некаш аст. Худо нигаҳбонаш бошад.
– Дар бораи ҷураатон чанори танҳо, ки китобатонро ба номи ў гузоштед ва дар асарҳоятон чун пирамарди хирадманд тасвир ёфтааст, чанд сухан бигўед.
– Соли 1996 дар осорхонаи ба номи Камолиддин Беҳзод 50-солагиямро ҷашн гирифтам. Устохонаам омадам, ки бетартиб буд. Илоҷи кор кардан набуд. Писарам Мурод донишҷў буд. Мехостам устохонаи худашро дошта бошад, дар устохонаам маводҳо барои кор кардан буд. Калиди устохонаамро ба ў додам. Худам дар хона камин гирифтам. Дар як гўшаи ҳавлиям як хонача сохтам барои кор карданам, яъне устохона. Асари “Сиёҳу сафед” ба ҷоизаи Рудакӣ сазовор шуд. Ва ин ҳуҷраро аз маблағи ҳамон ҷоиза сохтам, китобҳоямро дар он ҷамъ овардам. Вақте китоб мехондам, дар варақ ҳар гуна қайдҳо мекардам, яъне мавзӯҳои ба зеҳнам омадаро ёддошт мекардам. Саргарми андешаву мулоҳизаву мутолиа будам, ки кўдакиву чаноре, ки дар зераш бузург шудам, ба ёдам омад. Чиноре, ки зери сояи он модарам менишасту чой менӯшиду суҳбат мекард.
Чанор дӯсти рамзӣ ва пайванд кардани худ ба зодгоҳ аст. Барои эҷодгар баҳри пайванд додан рамзе зарур аст. Вақте ёддоштҳоямро менавиштам, мутаваҷҷеҳ шудам ҳама навиштаҳоям сари чанори танҳо ва анорбоғи бобоям пайванд мехўрад.
Чанор 500 метр аз хонаи бобоям дур буд. Дар таги чанор ба тасвир кардан машғул мешудам. Он вақтҳо майдон холӣ буду атроф пахтазор. Хонаву дар набуд. Ин ҷўраам дигар нест. Ҳама ҷо хона шуд. Кадом рўз гўристонҳоро ҳам хона мекунанд.
Ҳар гоҳ Сари Хосор мерафтам, зери чанор асарҳо меофаридам.
Модарам дар саҳро буд, дар пахтачинӣ буд, зери чанор менишастаму ўро интизор мешудам, худ ба худ гап мезадам, суруд мехондам, дар замин расм мекашидам.
Бубинед, чанор ҷон надорад, лекин бо ӯ сӯҳбат мекардам, рози дил мегуфтам. Ҳаноми таътил ба аёдати модарам мерафтам ва ҳатман дар таги чанор менишастам. Бачагиямро ба ёд меовардаму асрори дил мегуфтам. Чанор бароям дўст шуд.
АЗ САЙФ ҲАМ ГУФТУ АЗ ДИГАРОН ҲАМ
– Марги фоҷеабори Сайф барои адабиёт ва фарҳанги кишвар зарбаи ҷонкоҳе буд. Шумо,ки аз дӯстони наздики марҳум будед, ин фоҷеаро чӣ гуна қабул кардед?
Маргаш бароям талафоти бузург буд. Даҳшат буд. Масирамон, ки аз як сў мерафт, ҳар субҳ вориди автобус мешудему ҳамдигарро медидем ва бо ишораи сар салом мегуфтем. Бо чашм суҳбат карданамон 2- 3 сол идома ёфт. Яке Сайф ғайб зад.
Ёд дорам бори аввал бо Сайф дар театри Лоҳутӣ бахшида ба садсолагии Абулқосим Лоҳутӣ вохўрдем. Ду асарам дар он ҷо овезон буд: бахшида ба Маҳмудҷон Воҳидов ва “Ҳамеша зиндаанд”.
Марде омаду дар пуштам рост истод. Дўстонам ҳама баргаштанду нигоҳ карданд. Риш монда буд, нашинохтам. Аз ҷоям бархостаму нигоҳ кардам, ки Сайф (он вақт номашро намедонистам). Маро, ки дид, хандаи зебое карду миёнамон гуфтугў сурат гирифт:
–Э ҷўра, чӣ хелӣ?
-А ҷўра дар куҷо будӣ, 2-3 сол надидамат?
Сўи асарам баргашту гуфт «мафтун кардӣ».
-Асари тасвириро хуб дарк мекунӣ?-ҳайрон шуда, пурсидам.
-Ай изом нате, – бо шухӣ гуфту ҳамин тавр шинос шудем. Мизро овардаму нишаст. Ҷураҳоям Валимад Одинаев, Дод Самадов ва Сайф Шералиев пурсиданд, ки ин мард кист. Гуфтам худатро муаррифӣ кун. Гуфт ман Сайф Раҳим ном дорам, ду –се сол аст дар Афғонистон кор мекунам. Лекин ин кори акаи Сабзаалӣ бисёр диламро тасхир намуд. Барои ҳамин омадам, ки асарашро бубинам. Ман бачаҳоро бо Сайф ошно кардам, бо ҳам дўст шуданд. Сайф то охири умр бо онҳо дўстӣ дошт.
Соли 1980 буд. Афғонистон рафт ва баъди ду сол баргашт. Аз ҳамсарам ҷудо шуда будам, танҳо будам, устохонаам меомаду соатҳо бо ҳам суҳбат мекардем. 5 соли зиндагӣ дар Афғонистон назараш дигар шуда буд, хеле фарқ мекард бо собиқ. Солор, сангин, пуртамкин ва пурмутолиа ва донишмандтар шуд буд. Ман ҳам худамро пурра ба корам бахшидам. Ба ҳамдигар беҳад даркор шудем. Ба ҳамдигар зарур шудем. Як рўз ба хонааш даъват кард. Фарзандонаш хурдакак буданд.
Издивоҷ бо ҳамсарам Нозигулро ҳам Сайф тавсия кард.
Як рўз қаҳраш карду гуфт -э акаи Сабзаалӣ ба ту ҳамин хел духтар даркор аст. Ин хел духтари кўҳистонии баҷуръатро намеёбӣ. Гуфтам ба ман зани камгап даркор аст. Комсомолка-памсамолка набошад, сергап набошад. Ба ҳизб шавқ надоштам.
Дар як суҳбати телевизионӣ аз ҳамсари Сайф Раҳим пурсиданд, ки акаи Сабзаалӣ ба хонаатон меояд?
Ў гуфт сари гўраш мераваду пояш намешавад, ки ба хона биёяд.
Наметавонам. Ҷое, ки хунаш рехтааст, қадамамро монда наметавонам. Аз пушти дарвозааш меравам мебинам Зебову фарзандонашро. Зебо гиря мекунад ака биё хона, ҳама меояд.
– Зебо хоҳар хафа нашав, наметавонам. Манзили охираташ ҳамеша меравам. Парадокси зиндагиро бинед: рўзи 20-уми май таваллуди Лоиқ асту марги Сайф.
– Аз дўстиятон бо устод Лоиқ чӣ хотирот доред?
Лоиқ дар устохонаи қаблиям бо ман ҳамсоя буд. Шабҳо, ки каме менўшид, меомад, соатҳо суҳбат мекардем. Дар ин масъала ҷўра будем (механдад). Он вақтҳо ман ҳам ғам доштам, аз ҳамсарам ҷудо шуда будаму кўдаконамро ёд мекардам. Лоиқ ба устохонаам меомад, чақ-чақ мекардем. Чеҳраашро он вақтҳо эҷод мекардам. Афсўс, ки анҷомашро надида, ба абадият рафт.
Он ҷо як аҳд кардем…
Суҳбати Раҳима Аъзам