Суҳбати намояндаи FID Nahost Илҳом Иброҳимпур бо муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ
9-уми октябри соли 2024 намояндаи Муассисаи иттилоот ва Хадамоти коршиносӣ дар заминаи мутолеоти Ховари Миёна ва Шимоли Африқо ва пажӯҳишҳои исломӣ (FID Nahost)-и Олмон Илҳом Иброҳимпур ба Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” – и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Ӯро муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода пазироӣ намуда, бобати ташрифаш ба Тоҷикистон ва Митобхонаи миллӣ хушомадед гуфт.
Дар мулоқоти тарафҳо гуфта шуд, ки Китохонаи милӣ барои ҳамкориҳои судманд омода аст. Муовини аввали сарвари Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода ба меҳмон доир ба ҳамоишҳо ва нишастҳо ва дигар тадорукоте, ки Китобхона доир менамояд, аз ҷумла озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин хонандаи асраҳои Пешвои миллат” маълумот дод.
Бону Илҳом Иброҳимпур бори аввал ба Тоҷикистон омадааст ва муддати 5 рӯз меҳмони кишвари мост. Ӯ зимни суҳбат бо Салима Раҷабзода дар барои ҳамкориҳои судманди мутақобила миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Муассисаи иттилоот ва Хадамоти коршиносӣ дар заминаи мутолеоти Ховари Миёна ва Шимоли Африқо ва пажӯҳишҳои исломӣ (FID Nahost) ибрози назар намуд ва хостори ҳамкориҳои давомдору судманд барои ҳарду ҷониб шуд.
Дар навбати худ муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода изҳори умед намуд, ки ин ҳамкориҳо барои ҷонибҳо манфиат оварда, боиси тақвияти робитаҳои фарҳангӣ хоҳад шуд.
Илҳом Иброҳимпур пас аз суҳбат аз шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир боздид намуд.
Хонуи Илҳом Иброҳимпур ҳамзамон ба сомонаи Китобхонаи миллӣ ва Китобхонаи электронии миллӣ ворид шуда, тарзи истифода ва боргирии китобҳо аз онро омӯхта, иброз дошт, ки онҳо мехоҳанд аз китобҳои электронии Китобхонаи миллӣ дар Олмон истифода баранд.
Дар охир аз ҷониби Китобхонаи миллӣ ба меҳмони олиқадр туҳфаҳои хотиравӣтақдим шуд.
Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.