Сумая Давлатова чорумин сол аст, ки дар Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” ширкат мекунад

Сумая-ДавлатоваНоминатсияи адабиёти классики тоҷик имрӯз қабули хонандагони синфҳои 5 то 11-ро барои ширкат дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” шурӯъ намуд.

Сумая Давлатова хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 46-и ноҳияи Файзобод довталаби даври чоруми озмуни бонуфӯзи “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯи номинатсияи адабиёти классикии тоҷик соли сеюм аст, ки дар Озмун ширкат дорад.

Ӯ имсол бо азбар кардани 132 ғазал, 136 рубоӣ ва дубайти, 600 мисраъ достон, 230 мисраъ аз дигар навъҳои шеърӣ ва 200 мисраъ қасида вориди сабқат шуд.

Сумая мегӯяд, барои омода шудан ба Озмун дастгириҳои бевоситаи падару модарам ва устодам Соҳибов Қурбоналӣ буд, ки ман то даври ниҳоӣ роҳ ёфтам ва ифтихор аз он дорам, ки дар чунин озмуни бонуфуз ширкат намуда, дониши худро сайқал додам.

Агар ман дар Озмун сазовори ҷойи намоён нагардам ҳам рӯҳафтода нашуда, барои боз ҳам ҷиддитар омода шудан дар соли оянда мекӯшам.

Тавсияи ман барои ҳамсолонам ин аст, ки вақти қиммати хешро дареғ надошта китоб хонанд. Омада дар чунин озмунҳо иштирок карда, дониш ва ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд ва ба комёбиҳои нав ноил гарданд.

Таманниёти мо барои Сумая ва дигар довталабон мувафақият аст.

Ганҷина ҶОЛАЕВА,
мутахасиси бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.