Тақдими 300 нусха китоб ва бастаи нашрияҳо аз Қироншоҳ Шарифзода ба Китобхонаи миллӣ

ШАРИФЗОДААҚироншоҳ Шарифзода, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, рӯзноманигори шинохта ва муҳаққиқи соҳаи матбуот дирӯз 300 нусха китоб ва бастаи нашрияҳои бойгонии худро ба Китобхонаи миллӣ тақдим намуд.

Қироншоҳ Шарифзода, устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зимни суҳбат баён дошт, ки қисми зиёди ин китобҳо тахассуси буда, ба соҳаи журналистика ва адабиётшиносӣ алоқаманданд. Ҳамчунин чандин маҷаллаҳое, ки овардем  нашри солҳои 90-ум буда, алакай нодир шудаанд. Дар мисоли маҷаллаҳои ” Меҳр гиёҳ”– и Равшани Раҳмон,” ва  “Гули мурод “-и Пайванди Гулмуродзода, ки солҳои 90 ба табъ расиданд ва ҳоло нашр намешаванд.

асоси-шарифзодаТаҷрибаи эҳдои китобхонаҳои шахсӣ ва китобҳо ба Китобхонаи Миллӣ қадимӣ буда, то имрӯз бештар аз 20 нафар шахсиятҳои фарҳангии кишвар бойгонии китобҳои худро ба Китобхонаи миллӣ тақдим ва ба хидмати хонандагон қарор додаанд.

Дар идомаи суҳбат Қироншоҳ Шарифзода афзуд, ки сабаби китобҳоро ба Китобхона овардан аввалан  чанднусхагӣ доштани онҳо аст ва баъдан хеле хуб медонем, ки бо пайдо шудани интернет китобро дар хона кам андар кам мутолиа мекунанд. Аз ин рӯ тасмим гирифтем ба  ин баргоҳ туҳфа намоем, то дастраси оммаи васеъ гардида,  мутолиа шавад.

Шарифзода-ҚироншоҳИқдоми дигари муҳаққиқ Қироншоҳ Шарифзода тақдими бастаҳои нашрияҳои гуногун, ба шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллӣ мебошад. Бояд зикр кард, ки дар шуъбаи мазкур нусхаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо аз солҳои 30 юми асри гузашта ҳифзу нигоҳдорӣ мегарданд. Бо ҳамин далел бо ибтикори муҳаққиқи соҳаи журналистика нашрияҳои “Фараж”, “Нигоҳ”, Миллат”, “СССР”, Азия плюс” ва ғайра ба шуъбаи мазкур туҳфа гардиданд.