Тақдими 4 китоби Давлатхоҷа Назиров ба Китобхонаи миллӣ

Давлатхоҷа Назиров 4 китоб ба шуъбаи мукаммалгардонии фонди Китобхонаи миллӣ тақдим намуд, ки ҳамагӣ ба забони русӣ мебошанд. Акнун хонандагон имкон доранд китобҳои «Политический ислам и его последствия в странах Централной Азии», «Исмаилиты история и современность», «Ваххабизм: сектантство или религиозно – политическая идеология?», «Тероризм в 21 веке: истоки, факторы, способствующие его активизации в современных условиях и меры противодействия»-ро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Дар муаррифии адиб омадааст, ки Назиров Давлатхоҷа 13-уми марти соли 1939 дар деҳаи Гулзари Қозиёни ноҳияи Ховалинг таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик.

Июли соли 1939 модари падараш Майнагул Шарифзода бо 4 писараш ҳамчун муҳоҷир ба деҳаи Шӯрқули ноҳияи Фархор мекӯчад. Пас аз фавти Шарифзода (07.1944), соли 1947 падараш Шоҳназир Садирзода ба деҳаи Гузари Қозиёни бармегардад, лек бародаронаш, ки дар мактаби 7 – солаи ба номи Калинини ноҳияи Фархор ҳамчун муаллим кор мекардаанд, назди ӯ омада тавалло карданд, ки пеши онҳо баргардад. Шоҳназир тавонист, илтимоси додаронашро рад кунад

Соли 1953 синфи 1-и мактаби 7 солаи №5 – и ба номи Калилинро хатм карда, соли 1955 шуъбаи тайёр кардани муҳосибонро дар мактаби касбии 2 – солаи назди Вазорати ҳифзи иҷтимоии шаҳри Душанбе ба итмом расонд. Аз соли 1950 дар колхоз ба сифати колхозчӣ, соли 1955-1956, ҳисоббарор кор карда, ҳамзамон дар синфи 10 – и мактаби миёнаи №5 ба номи Калинини ноҳияи Фархор  таҳсил кард.

Соли 1956 мактаби миёнаи №5 –ро хатм карда ба факултаи илмҳои тибиии (шуъбаи биология)УДТ ба номи В.И.ленин дохил шуда, онро соли 1961 бо ихтисоси зоолог, муаллими химия ва биология ба итмом расонд. Баъд аз хатми донишгоҳ ба ноҳияи Фархор баргашт, ҳол он ки бо сабабҳои оилавӣ аз вазифаи ходими хурди илмии институти зоология ва паразитологияи академияи илмҳо даст кашид.

Аз ноябри соли 1961то июли соли 1962 ҳамчун муаллими  химия ва биологияи мактаби миёнаи №1 ба номи Маяковский кор кард. Дар моҳи майи соли 1962 ба вазифаи котиби якуми Кумитаи комсомолии ноҳияи Фархор интихоб шуда, январи соли 1963 ба сабаби аз рафтани ноҳияи Фархор ва якҷо кардани он бо ноҳияи Москва (ҳоло Ҳамадонӣ) ба вазифаи муовини котиби комсомолии Раёсати истеҳсолии колхозӣ ва савхозӣ интихоб шуд.

Январи соли 1964 бо пешниҳоди Кумитаи Марказии комсомолии Тоҷикистон ва кумитаи ҳизбии Раёсати истеҳсолии колхозӣ ва савхозии ноҳияи Москва барои кор ба Куматиаи бехатарии давлатӣ сафарбар шуда, дар мактаби олии КБД СССР дар шаҳри Минск таҳсил кард (1964). Сипос дар КБД дар шаҳрҳои Хоруғ, Душанбе, Хуҷанд, Қурғонтеппа ва шаҳри Перми ФР хизмат намуд. Ҳангоми хизмат 3 бор курсҳои роҳбариро гузошта (1974, 1977, 1988) аз корманди амалкунанда то сардори шӯъба расид. Октябри с. 1989 дар рутбаи «полковник» – и КГБ СССР барои расидан ба синни бознишастагӣ ба нафақа баромад. Генерал – майори Неруҳои низомии СССР дар ҳолати эҳтиётӣ (2001).

Пас аз баромадан ба нафақа ба сифати Ваколатдори Шуро оид ба корҳои дини назди Шурои Вазирони СССР дар вилояти Кӯлоб (1990), мутахассиси пешбари шуъбаи Хазинаи сулҳ дар Тоҷикистон (1991) ёвари раиси Кумитаи давлатии муҳити зист (1991), ёвари сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992), корҳои эҷодӣ, публистистӣ (1992-1997), мушовири вазири иқтисод (1998-2000), муовини аввали раиси Бунёди сулҳи Тоҷикистон (2002-2003), мутахассиси пешбари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ (2003-2004), директори Маркази таҳлилии масоили мубориза алайҳи тероризм ва экстремизм «ЩИТ» (2000-2004), сармуҳаррири рӯзномаи «ШИТ» (аз Октябри 2003 то октябри 2009), мутахассиси пешбари маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ (2009-2010), сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии мактаби олии КДАМ ҶТ (2015).

Узви ИЖТ (1991), номзади илмҳои фалсафа (2005), доктори илмҳои фалсафа (2010), дорандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон  ба номи А. Лоҳутӣ (2013)

Муаллифи 14 рисола, 7 маҷмуаи мақолаҳо, зиёда аз 200 илмӣ – оммавӣ буда, 29 асари бадеӣ аз он ҷумла 8 повест мебошад.

Давлатхоҷа Назиров, ҳамчун олим, бо масъалаҳои муқовимат бар зидди ифротгароии динӣ ва тероризм машғул аст.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.