Тақдими беш аз 800 нусха китоб аз Китобхонаи миллӣ ба китобхонаҳои ноҳияи Фархор ва Мастчоҳи Кӯҳӣ
Дар арафаи таҷлил аз “Рӯзи китоб” ва 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси роҳбарияти Муассисаи давлатии “Китобхонаи милллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба китобхонаи Парваришгоҳи наздимактабии ноҳияи Фархор 500 нусха ва муассисаи таълимии “Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор”-и ноҳияи Масчоҳи Кӯҳӣ зиёда аз 300 нусха китобҳои бадеӣ ва адабиёти бачагона ба тариқи ройгон эҳдо карда шуд.
Гулҷаҳон Асоева – сардори шуъбаи мукаммалгардонии фонд дар Китобхонаи миллӣ гуфт, ки “Бо дастгирии Фонди хайриявии “Музаффар” мо китобҳоро чанд рӯз қабл аз таҷлили “Рӯзи китоб” ҷудо карда, вобаста ба соҳаҳо ҷо ба ҷо намудем ва тасмим гирифтем онҳоро дар арафаи таҷлили “Рӯзи китоб” ва 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба ноҳияиҳои Фархор ва Масчоҳи Кӯҳи дастрас намоем”.
Аз шуъбаи мукаммалгардонии фонд ҳамчунин иттилоъ доданд, ки китобҳое, ки ба муассисаи таълимии “Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор”-и ноҳияи Масчоҳи Кӯҳӣ ҷудо кардаанд, китобҳои адабиёти бачагона ва вобаста ба номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон ва номинатсияи адабиёти ҷаҳон низ ворид кардаанд, то ки иштирокдорони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар дарёфти адабиёти лозима танқисӣ накашанд.
Бояд зикр намуд, ки Фонди хайриявии “Музаффар” пайваста бо Китобхонаи миллӣ ҳамкорӣ дошта, ин навбат низ ташаббуси директори Китобхонаи миллӣ профессор Ҷумахон Файзализодаро дастгирӣ намуданд ва дар дастрасии китобҳо ба ноҳияҳои зикршуда кӯмаки худро расонданд.
Манзура Барзудиева – раиси Фонди хайриявии “Музаффар” бо даъвати расмӣ ба чорабинии “Рӯзи дарҳои боз” ба Китобхонаи миллӣ омада, ҳамчунин барои иқдомҳои шоиста ва саҳми арзанда гузоштан дар рушди илму маориф ва дастгирии ҳамаҷонибаи фазои иттилоотиву фарҳангӣ ба директори “Китобхонаи миллӣ” Ҷумахон Файзализода “Сипоснома”-и Фонди хайриявии “Музаффар” – ро тақдим намуд.
Наргис Назарзода