Тақдими гунаи электронии 200 китоби USAID ба Китобхонаи миллӣ
Оҷонси рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USAID) дар доираи лоиҳаи “Биё ҳамроҳ бихонем” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ 200 адад китоб туҳфа намуда буд ва ҳоло гунаи электронии ин китобҳо низ ба Китобхона тақдим шуд.
Қисме аз ин китобҳо ба хати брайлӣ (барои нобиноён) ва қисми дигар барои камбинону ношунавоян аст, ҳамчунин барои кӯдакону наврасон низ пешбинӣ шудаанд.
Оҷонси рушди байналмилалии (USAID) Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои нигоҳдории китобҳои тақдимкардааш 4 рафи китобмонӣ низ ҳадя намуд.
“Ҳикояҳо”-и Акобир Шарифӣ, “Як китоб амали нек”-и Азиз Азиз, “Зоғак ва Ғозак”-и, Ҷӯра Ҳошимӣ, “Гунҷишкаки сафед” –и Сайф Раҳимзоди Афардӣ, “Иттиҳоди мӯрчагон”-и Муҳриддин Сабурӣ аз ҷумла китобҳои эҳдошуда мебошад, ки дар Китобхонаи миллӣ нигоҳдорӣ мешавад.
Хонандагони азиз! Барои мутолиаи китобҳои номбаршуда ба Китобхонаи миллӣ ташриф биёред. Китобҳоро дар шуъбаи хидматарсонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон ва толорҳои хониши Китобхона хонда метавонед!
Гунаи электрони 10 китоб аз ин силсиларо метавонед дар Телеграмканали мо бихонед.