Тақдими рӯзи пур аз шодиву сурур
Дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ошёни булбулон” шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд дар ҳамбастагӣ бо ташкилоти ҷамъиятии Иттиҳодияи маъюбони “Меҳрбахш” бахшида ба Соли нави мелодӣ маҳфили фарҳангӣ барпо намуд.
Маҳфилро Нарзуллозода Сайфулло – намояндаи сарпарасти барнома “Саноатсодиротбонк” оғоз намуд. Мавсуф аз меҳрубониву ғамхориҳои сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, ҳамагонро бо омад-омади Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфт. Номбурда зимни суханронии худ аз номи Раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» Ҳокимшоҳ Бобозода бо соли нави меомада муборакбод гуфт ва ба ҳамагон саломативу хонаободӣ таманно намуд.
Сипас, дар қисми фарҳангӣ-фароғатии маҳфил овозхонони машҳуру варзидаи тоҷик Соҳиб Назаров, Шуҳрат Сайнаков, Ёсамин Давлатова ва ҳамчунин Умедҷон Ашӯров, Иброҳими Исмоилзод, Абдуҷаббори Олим хотири меҳмонону иштирокдоронро болида сохтанд.
Дар ин миён ҳузури Бобои Барфӣ ва Барфак ба хурсандии кӯдакон шодии нав афзуд. Бачаҳо дар назди Бобои Барфӣ бахшида ба мавзӯъ шеърҳо қироат карданд. Барфак бошад ба кӯдакон чистонҳо пешниҳод намуд. Барои қироати шеър ва ҷавоби чистонҳо Бобои Барфӣ ва Барфак ба онҳо ширинӣ тақдим намуданд.
Маҳфил бисёр хуш ва хотирмон ҷараён гирифт. Кӯдакону наврасон мерақсиданду меболиданд. Аз хушҳолӣ нигоҳҳояшон барқ мезад, чеҳраҳояшон аз ханда шукуфон ва қалбҳояшон аз фараҳ лабрез буд.
Дар фароварди маҳфили шодиву сурур роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Меҳрбахш” Тенгиев Холмаҳмад ба якояки аъзоёни ташкилот ва шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхона туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд.
Муҳидинова Махфират,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.