Таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ дар Китобхонаи миллӣ

   Ин як тадорукоти расмӣ набуд, як маърӯзахониву табрикҳои қолабӣ набуд. Ин базми воқеъии шеъру таронаву рақс буд. Ин тантанаи рӯзе буд, ки маъмулан дар ин рӯз мардонро шодбош мегӯянд. Дар ҳоле ки рӯзи сарбози Ватан аст, рӯзи афсарони сарсупурда, рӯзи мудофеини марзу бум ва тамомияти арзиву Истиқлоли кишвар аст.

   Масъулон чорабиниро хос номгузорӣ накарданд, танҳо ишора ба он буд, ки ба 23-уми феврал бахшида мешавад, ба Рӯзи Артиши миллӣ!

   Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Ҷумахон Файзализода, ки чорабиниро бо суханони муқаддимавӣ ифтитоҳ намуд, маҳз дар ҳамин бора суханронӣ кард. Вай аз Артиш ҳам гуфту аз сарбозу афсару генерал ҳам ва хоса аз онҳое ситоиш кард, ки аз ҷумлаи мудофеони марзу буд, ҳофизони сулҳу амниятанд.

  Сарвари Китобхонаи миллӣ аз таърих ҳам мухтасар ёд кард, аз нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсиси Артиши миллӣ ва таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар ҳам хеле суханони пурмуҳаббат гуфт ва таъкид ҳам кард, ки ин нақши калидиро ҳеч наметавон дар ягон давру замон фаромӯш кард ва зикр нанамуд.

  Ҷумахон Ҷӯрахонзода – муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ ширкат ва суханронӣ намуд. Вай аз нақши Артиш дар таҳкими музаффариятҳои Истиқлол ҳарф зад ва гуфт, ки Ҳукумати кишвар ва бавижа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша пайи иқтидори мудофиини марзу буму муҳофизони амният меандешанд ва ҳамасола барои тавсеаи Артиш гомҳои устувор бардошта мешавад.

  Дар чорабинӣ намояндагони муассисаҳои фарҳангӣ, ҷамъиятҳои маъюбон ва дигар намояндагон иштирок доштанд.

  Аз ҷумла, Раиси Иттиҳоди миллии маъюбони Тоҷикистон Асадуллоҳ Зикрихудоев, ҳунармандони хушном Нобовар Чаноров ва Парвиноз Акназарова, ҳамчунин Сафарбек Сабзалиев, Замониддин Бозидов, Ҷамшед Азизмамадов, Нерӯз Баҳромов ва дигарон бо таронаву сурудҳои дилписандашон хотири ширкаткунандагонро шод намуданд.

  Чанде аз иштирокчиён барои ҳамкориҳои ҳамешагӣ ва пайвастаашон бо Китобхонаи миллӣ ва бахусус ширкаташон дар чорабинҳо бо иштироки хонандагони Шуъбаи маъюбон бо “Сипсонома”-и Китобхонаи миллӣ ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи И. Сомонӣ қадронӣ шуданд.