Тақризи хеле нағзи марҳум Муҳаммадалии Аҷамӣ ба ашъори устод Ҳақназар Ғоиб

Муҳаммадалии Аҷамӣ ва Ҳақназар ҒоибВақте ки шоир дар шеъри «Хобам намебарад», «Ман зиндаам ба зери фишори замонаҳо» мегӯяд, паҳлуҳои зиёди маъноӣ ва носозгориҳои таърихӣ ҳастии моро ба ковиш медарорад ва таърихеро пеши рӯ меорем, ки бо шикаҷаҳои сангин ба мо дарси зинда мондан омӯхтааст.

****    *****    *****

ЧАҲОРПОРАЕ, КИ БАЁНГАРИ ТАЪРИХИ ТОҶИК АСТ

Бояд арз дошт, ки устод Ҳақназар Fоиб дар кори шеър солҳост бидуни ҳаёҳу, мисли як дарвеш, мисли як қаландар бо кашкули муҳаббату садоқат ва бо кашкули боварҳо ҷода мепаймояд. Кашкули ашъораш пур аз вожаҳои орифона аст, пур аз вожаҳои ошиқона аст. Ва бо ин  кашкул дар масири беинтиҳои шеър қадам мефарсояд, бидуни ҳеҷ даъвӣ ва аз касе ҳам тақозо намекунад, ки аз шеъри ӯ таърифу сифат бишавад. Фурӯтании  аҷибе  ин шоир дар худ дорад. Ва ин фурӯтании ӯ дар шеърҳои ӯ бештар ошкор аст ва ноаён садои бузургворонаро дар худ ниҳон дорад. Шеъраш худ гувоҳ аст, ки ӯ бо фурӯтании шоирона ранҷҳои худро дар танҳоии илоҳии хеш таҳаммул мекунад.

Ва аҷоиб он аст: вақте  ки устод Ҳақназар Fоиб аз шеър, аз миллат, аз муҳаббат, аз халқ, аз кишвар, аз давлат, аз Тоҷикистони азиз ҳарф мезанад, ин фурӯтании  саршор аз муҳаббату эътиқод дар нигоштаҳои ӯ низ таҷаллӣ медиҳад, мавҷ мезанад. Ин муҳаббат, ин эътиқод, ин садоқат дар шеърҳои ӯ аз дарун ҷӯш мезанад. Ва шоир дар ин ҷода ҳеҷ дағдағае ҳам надорад. Яъне ин корро вазифаи худ медонад, ки бояд ҳарфашро ба мардум, ба миллат, ба кишвар бигӯяд. Ӯ шеър намебофад. Ӯ шеър мегӯяд, ки аз дарун меҷӯшад. Мисли ин байтҳои пур аз эҳсосу ҳаяҷон ва ҳаракатҳои дарунӣ:

Эй додаи сарнавишт, хуш бошӣ,

Эй бӯи хӯши биҳишт, хуш бошӣ.

Эй гандуми тозакишт, хуш бошӣ,

Хушрӯяки хушсиришт, хуш бошӣ.

Ё биёед ангезаи зебоиофарии ин мисраъҳоро чун лазизтарин ширинӣ мазза кунем, ки устод Гулназар ин таронаро дар китоби «Шоиру шеъре агар ҳаст», ҷо додааст:

Дар пуштаи бахт куштаи ишқӣ,

Ҳайрону карахт куштаи ишқӣ,

Бо хуни ҷигар навиштаи ишқӣ,

Ашки ба алам сириштаи ишқӣ,

Эй куштаи ман, ту куштаи ишқӣ,

Эй куштаи ман, фариштаи ишқӣ.

Ва дар шеъри мо устод Ҳақназар Fоиб аз шоирони бисёр тавоност, ки дар кори сухан таҷрибаи бисёр лозимиро андӯхтааст. Ва нигоҳи ӯ дигар дар шеър ногоҳи сатҳӣ нест, нигоҳи бисёрпаҳлӯст, шеъраш ҷушиш дорад ва ба рангҳои тоза рангинкамонро мемонад.

Ва дигар аз ҷилваҳо ва нақшҳо дар шеъри устод Ҳақназар он бошад, ки ӯ тавониста ҳам дар шеъри суннатии мо ва ҳам дар шеъри нимойӣ  қаламашро таҷриба бикунад ва муваффақ низ бошад.

Бояд арз дошт, ки устод Ҳақназар дар кишвари мо маҳбубияти хоса дорад  ва ин маҳбубият посух мехоҳад. Посух дар ин суол бисёр сода аст, яъне пеш аз ҳама ӯ шоир аст, ошиқи ин сарзамин  аст, дар кори сухан, дар кори шеър оромиро намедонад, вақте ин шоир мегӯяд: «Ватанро дӯст медорам», яъне ӯ аз сидқ дӯст медорад, яъне ин вожа барои устод Ҳақназар танҳо ба хотири бозии сиёсӣ ё холи сиёсӣ ба даст овардан нест, яъне ӯ шоирест, ки Ватани худро бо тамоми вуҷуд дӯст медорад, таърихи миллати худро бо тамоми ҷилваҳояш мехоҳад дар шеър баррасӣ бикунад. Яъне самимият, муҳаббат, ишқ, отифа дар шеъри ӯ хат дар хат, мисраъ дар мисраъ мавҷ мезанад. Яъне шоир ба каломи худ содиқ аст, ба каломи худ бовар дорад ва мардум ҳам ба хотири ҳамин боварҳо ва эътиқод, ки Ҳақназар Fоиб ба сарзамини худ, ба мардуми худ дорад, ӯро дӯст медорад.

Китоби тозаи ӯ, ки ба дасти ман расид, бобе дорад бо номи «Муқаддаснома», ки аз мутолиаи он дар хонанда беихтиёр ҳисси меҳру садоқат ба сарзамин, ба халқ, ба мардум, ба миллат бедор мешавад ва агар ин ҳис дар хонанда бедор аст, он табдил ба ишқ мешавад, ишқе, ки дигар он имтиҳон надорад, зеро он баробар  ва ҳаммаъно ба замини худ, кишвари худ ва давлату миллати худ мешавад. Ин вожаҳо низ чун ишқ имтиҳон надоранд.

Китоби «Дар бистари нарми гул»-и ӯ бошад, бо чаҳор мисраи боби «Муқаддаснома» ба мисли дебоча оғоз меёбад.

Эй ҳалқаи пайванди замонҳо, тоҷик,

Эй шӯҳравари ҳама замонҳо, тоҷик.

Бо дини худошиносият худ бишинос,

Эй зиндашуда зи куштаҷонҳо, тоҷик.

Боби «Муқаддаснома», фикр мекунам, савгандномаи шоир аст ва аз ин хотир ин чаҳорпораҳои мо низ ба дигар порчаҳои шеърӣ ва чаҳорпораҳои бо ин чаҳорпора ҳамсанг «Муқаддаснома» ном ниҳодем ва дар пушти ин савганднома бо муқаддасӣ миллати тоҷик меистад, ки бо шаҳомату шукӯҳи азалии худ то имрӯз ба арҷмандӣ хишти заррин болои бинои давлату давлатдорӣ ва Меҳани аждодии худ мениҳад. Ба фишори носозгории замонҳо нигоҳ накарда, аз миёни хокистартӯдаҳои таърих қомати худро боз ҳам баланд мекунад.

Вақте ки шоир дар шеъри «Хобам намебарад», «Ман зиндаам ба зери фишори замонаҳо» мегӯяд, паҳлуҳои зиёди маъноӣ ва носозгориҳои таърихӣ ҳастии моро ба ковиш медарорад ва таърихеро пеши рӯ меорем, ки бо шикаҷаҳои сангин ба мо дарси зинда мондан омӯхтааст.

Бо шукригузорӣ бояд ёдовар шуд, ки сангборонҳои таърих қомати расои тоҷикро натавонист бишиканад, сари тоҷикро натавонист ба замин фурӯд биёрад, ин сари баланд боз ҳам баландтар мешавад ва ин қомати баланд боз ҳам баландтар мегардад, ҳарчанд роҳи тайшуда барои тоҷик осон набудааст ва минбаъд ҳам осон нест, ки ин гуфтаи устод гувоҳи он аст:

Осон набудаст ҳифзи боории хеш,

Ному шарафу русуму подории хеш.

Ҳуш дор, ки пероҳани ҷонат бидаранд,

То ҳифз кунӣ ҷону ватандории хеш.

Бале, ҳифзи Ватан аз азизтарин дороии инсон аст, ки бо ҷон дар як радиф меистад ва тоҷик ба ин ду вожа чун ба арзиши ҳастии худ баҳо мегузорад ва ба истиқболи ин арзиш бо фурӯзонфарӣ вожа ва фаҳмиши дигаре низ пеш меояд, ки андар паҳноҳои муқаддаси сарзамини «Шоҳнома» ва маъноҳои ибратомӯзи он доман паҳн мекунад ва ин сарзамину оғӯши кудсии ин маъниҳо барои густариши шаъну шукӯҳи азалии ин миллат ва нерӯуи бузурги ватанпарастияш ҷавлонгоҳи нангу номуси меросист. Ва инро устод Ҳақназар Fоиб аз арзишмандтарин арзишҳо медонад.

Аз зовияи дидгаҳи «Шоҳнома»

Ёбед раҳу шоҳраҳи «Шоҳнома»

Эё тозанигоҳони Ватан! Аз раҳи меҳр

Бинед Ватан аз нигаҳи «Шоҳнома».

Дидгоҳи «Шоҳнома» барои тоҷик сарзаминеро бо фарохои таърихияш кушода медорад, ки он барои миллат арзу тӯли муқаддаси Ориён аст ва ҳар як фарзанди миллат бояд дар ин маънӣ худро кашф бикунад, муқаддасоти худро арҷ бигузорад ва ба таърихаш аз дидгоҳи «Шоҳнома» ворид шавад то бидонад, ки ҷавлонгоҳи офариниши ӯ кӯчак нест, балки паҳноҳои бузургу муқаддасанд.

Дар ин паҳноҳо миллате ба арсаи тамаддун ворид шудааст, ки бо давлату давлатдориҳои ҷаҳонияш худ тамаддунофар аст ва аввалин эъломияи ҳуқуқи башар, ки Курӯши Кабир эълон доштааст, ба тамаддуни ин миллат хос аст ва Тоҷикистони азизи шоир бо ифтихор решапайванди ин тамаддун аст. Маҳз аз ин нигоҳ устод Ҳақназар Fоиб бо ифтихор пайванди худашро идомае аз ин гузаштаи шарафманд медонад ва ба ҷаҳониён худро муаррифӣ мекунад, ки:

Ман тоҷику форсу даригуфторам,

Дар як Ватани бузург маъво дорам.

Эй ки нашиносиям! Ту бишнос маро,

Бар захми тани Геви ту Сино дорам.

 

Поянда бод ин ифтихор, ин ғурури хештаншиносӣ!

Воқеан ин шиносоӣ хоси ҷонпайвандии миллатест, ки Ватанро аз дидгоҳи бузургиҳои «Шоҳнома» мешиносад ва медонад, ки ношикастии рӯҳи ӯ маҳз ба ҳамин сарзамин, ба ҳамин арзишҳои арҷмандӣ тааллуқ дорад. Сано ба фитрате, ки дари сангини кӯчакиҳоро шикаста, бузургиҳоро арсаи талошҳои худ интихоб кардааст. Яъне, ин интихоб аз кӯчакиҳо не, балки бояд аз имтиҳони бузургиҳо гузарад. Ин имтиҳон дар «Кишвари  «Шоҳнома»  интихоб шудааст, ки тоҷик бояд баҳои арзишмандтаринро сазовор шавад. Он сон фарзанди сарсупурдаи миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, ки Тоҷикистонро кӯчак нагӯед. Маҳз бо ҳамин неру метавон бо ифтихор садо баланд кард, ки:

Дар кишвари «Шоҳнома» зебад тоҷик,

Бо дафтари Ишқу хома зебад тоҷик.

Бо тиру тӯфанги ақл дар раддаи ишқ

Пӯшида зи нанг ҷома, зебад тоҷик.

 

Ин ҷо вожаҳо – «тиру тӯфанги ақл», «раддаи ишқ» вожаҳоеанд, ки бори маънӣ ва андешамандӣ ба дӯш доранд ва ҳастии моро ҳам дар поси ватану ватандорӣ ба имтиҳони нангу ном мекашанд.

Сарзамини «Шоҳнома», ки шоир ишқ – ишқи беимтихон меварзад, шинохти Ориёну Ориёнист ва маҳз ҳамин муҳаббату ғурур чун оби бақо нерӯи зиндакунанда дорад. Маҳз бо ҳамин муҳаббату ғурури зиндакунанда мо бо шоиру Ориёни бузурги ӯ шинос мешавем, ки мегӯяд:

Эй он ки шиносиям ба ҷон, бар ту салом!

Фаҳми ту маро ба як баён, бар ту салом!

Дар ман шуда зинда Ориён бо ҳама арҷ!

Эй зинда ба номи Ориён, бар ту салом!

Ин эҳеё, ин талош ба шоир мартабае бахшидааст, ки он мартабаи ҳар шахси хештаншиноси миллат аст:

Ёрон, зи ману Ориён медонед?

Аз кӯҳнаву аз нави ҷаҳон медонед?

Чун зоди ман аст аз Каён дар дунё,

Доро ба ман аст ҳамзамон, медонед?

Ва бояд гуфт намоди бо «Доро ҳамзамон будан» тобиши нави маъноист, ки имрӯзи тоҷик ва насли Ориёнро ба давлатдории тамаддуновар ва тамаддунпарвари ҳохоманишинҳо – яке аз аввалин давлатдории ҷаҳонии форсу тоҷик мепайвандад. Ва ин маънӣ дар ин сарҳалқа таъкидест, ки ин риштаи пайванди ҳазорсолаҳои таърихӣ бояд ҳеҷ гоҳ канда нашавад ва тоҷикро шарт аст ӯҳда кунад, ки риштаи тозаи ин ҳамқавмиҳо дар ин сарҳалқа ҷовидон устувор бошад то ин талоши маънавӣ битавонад бенуқс самар диҳад.

Эй ҳамдилу қавми ҳамзабон, як бишавед!

Бо номи бузургии Каён як бишавед!

Бо меҳри Курӯшҳо ба ҳам дил бидиҳед,

Бо зикри Худои меҳрубон як бишавед!

Аз китоби  Ҳақназар Ғоиб “Муждаҳои ориёӣ”. Душанбе соли 2011.

Хоҳишмандон чандин мақолаи хуб ва шеъру навиштаҳои насрии Шоири халқии Тоҷикистон устод Ҳақназар Ғоибро дар ин китоб метавонанд бихонанд.

Китоб дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа аст.

Таҳияи Муниса Мамадсодиқова,
мутахассиси пешбари шубаи нигоҳдории китоб.