Тақвими адабиёт. 39 сол пеш дар ҳамин рӯз
36 сол пеш дар ҳамин рӯз (22-юми декабри соли 1989) дар шаҳри Пориси Фаронса нависанда, шоир ва намоишноманависи ирландӣ, яке аз асосгузорони театри музахраф Сэмюэл Беккет аз олам даргузашт. Беккет замоне тарки олам кард, ки 83 сол дошт. Вай барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1969 буд.
Самуэл Бекетт 13 апрели соли 1906 дар шаҳраки хурди Фоксрок дар наздикии Дублин, Ирландия таваллуд шудааст. Падараш Вилям Фрэнк Бекетт дар тиҷорати сохтмон кор мекард, модараш Мария Бекетт духтари тоҷири хеле сарватманд буд. Дар умум Бекетҳо як оилаи сарватманди протестантӣ аз англо-ирландӣ буданд, гарчанде насаби “Бекетт” решаҳои норманӣ дорад.
Волидайн ба тарбияи Бекет аҳамияти ҷиддӣ медоданд, ў аввал дар мактаби хусусӣ, баъд дар мактаб-интернати Эрлсфорт дар Эннискиллен таҳсил кард.
Аз соли 1920 то соли 1923 таҳсилашро дар Мактаби подшоҳии Портор дар Ирландияи Шимолӣ идома дод. Дар соли 1923 Бекетт ба Коллеҷи машҳури Тринити Дублин дохил шуда, он ҷо фаъолона забони англисӣ ва адабиёти муосири Аврупо, фаронсавӣ ва итолиёвиро омӯхт.
Дар давоми солҳои 1925-1926 Бекет бисёр ба сайру саёҳат дода мешавад. Маҳз дар ҳамин солҳо вай бори аввал ба Фаронса ва Италия, ба он кишварҳое, ки фарҳангашон ба эҷодиёти нависанда бештар таъсир расонидааст, сафар мекунад.
Соли 1927 соҳиби унвони бакалаври забонҳои муосир гардид. Бо тавсияи устоди худ, Бекет вазифаи омўзгори забони англисӣ ва фаронсавӣ дар Коллеҷи Кемпбелл, Белфастро ба уҳда мегирад. Таҷрибаи омўзгорӣ нависандаи ояндаро ноумед мекунад. Дар нимаи аввали соли 1932 Бекет ба навиштани аввалин асари насрии худ – романи «Орзуи занони зебо ва на он қадар» оғоз кард. Роман аз ҷониби ҳамаи ноширон рад шуд ва танҳо пас аз марги нависанда дар соли 1992 нашр шуд.
Асарҳоеро, ки ба нависанда шўҳрат оварданд: намоишномаи «Интизори Годо», романҳои «Моллой», «Маллон мемирад» ва «Беном» мебошанд.
Аз соли 1951 то соли 1953 романи сегонааш чоп шуд, ки Бекеттро ба яке аз нависандагони маъруфи асри ХХ табдил дод. Дар соли 1958 Бекетт ба эҷоди “Банди охирини Крапп” оғоз кард. Дар ибтидои солҳои 1960-ум Бекет аслан ба эҷоди драма ва таҳияи песаҳои телевизионӣ машғул шудааст. Соли 1969 нависанда барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт гашт.
Саломат Яқубова,
сармутахассиси шуъбаи
хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд.