Тақвими моҳ. Ноябри соли 2025

Тақвими моҳ. Ноябри соли 2025

Якуми ноябр

–           85-солагии зодрӯзи Людмила Басова (1940), шоир ва мутарҷим.

–           120-солагии зодрӯзи Исроил Гимелштейн (1905-1990), олими соҳаи педагогика.

–           70-солагии зодрӯзи Муазамма Ҳомидова (1955), олими соҳаи биология.

Дуюми ноябр

–           85-солагии зодрӯзи Қумрӣ Абдуллохоҷаева (1940), забоншинос (арабӣ).

–           85-солагии зодрӯзи Маза Гадомаҳмадов (1940-2011), рассоми театр.

–           95-солагии ба истифода додани (1930) Корхонаи пахтатозакунии Кӯлоб.

Сеюми ноябр

–           80-солагии зодрӯзи Маъруф Бобоҷон (1945), нависанда, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

–           70-солагии зодрӯзи Юсуф Маҷидов (1955), олими соҳаи иқтисод.

–           75-солагии зодрӯзи Султонмуроди Одина (1950), нависанда.

–           90-солагии зодрӯзи Эмилия Подобед (1935-1992), журналист.

–           115-солагии зодрӯзи Абдураҳмон Бухоризода (1910-1987), доктори илмҳои филологӣ, профессор.

Чоруми ноябр

–           75-солагии зодрӯзи Асалбегим Саодатова (1950), ҳунарманди театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

–           95-солагии зодрӯзи Галина Стругач (1930), ҳунарманди театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Панҷуми ноябр

–           70-солагии зодрӯзи Мӯсо Асозода (1955), файласуф.

–           90-солагии зодрӯзи Исмоил Қурбонов (1935-1991), арбоби ҳизбию маъмурӣ, генерал-майор.

–           75-солагии зодрӯзи Моҳираи Нормат (1950), журналист.

–           95-солагии зодрӯзи Бузаргхон Олимов (1930-1990), олими соҳаи педагогика, журналист.

–           110-солагии зодрӯзи Анатолий Слонинский (1915-2001), доктори илми таърих, профессор.

–           80-солагии зодрӯзи Иван Стеблин-Каменский (1945-2018), доктори илми филологӣ, профессор.

–           Рӯзи ҷаҳонии огоҳӣ оид ба сунамӣ.

Шашуми ноябр

–           70-солагии зодрӯзи Фотима Аҳмадова (1955), олими соҳаи иқтисод.

–           70-солагии зодрӯзи Владимир Захватов (1955), журналист.

–           100-солагии зодрӯзи Лутфӣ Зоҳирова (1925-1995), ҳунарманди балет, Артисткаи халқии СССР, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

–           70-солагии зодрӯзи Озод Исломов (1955), доктори илми педагогӣ, профессор.

–           75-солагии зодрӯзи Муҳаббат Почоева (1950), файласуф.

–           Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994 қабул гардидааст).

Ҳафтуми ноябр

–           100-солагии зодрӯзи Виля Ионова (1925-2006), доктори илми таърих.

–           85-солагии зодрӯзи Усмон Назири Оташ (1940-2016), адабиётшинос, шоир, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

–           70-солагии зодрӯзи Рустам Салимов (1955), доктори илми филологӣ, профессор.

–           95-солагии зодрӯзи Мазҳаршо Сӯҳробшоев (1930), ҳунарманди театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

–           75-солагии зодрӯзи Абдурашид Хӯҷамқулов (1950), ровӣ, адабиётшинос, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

–           Рӯзи гиромидошти хотираи Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ – шоир ва мутафаккири форс-тоҷик.

–           Рӯзи театри тоҷик.

 

Ҳаштуми ноябр

–           80-солагии зодрӯзи Муқим Абдусамад (1945), олими соҳаи техника.

–           110-солагии зодрӯзи Михаил Мухин (1915-1994), Рассоми халқии Тоҷикистон, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

–           95-солагии зодрӯзи Ӯктам Ҳакимов (1930-1998), олими соҳаи геология.

Нуҳуми ноябр

–           90-солагии зодрӯзи Қаюм Маҳкамов (1935), олими соҳаи химия.

–           90-солагии зодрӯзи Роҳат Мирсабурова (1935), олими соҳаи тиб, профессор.

–           85-солагии зодрӯзи Галина Рачинская (1940), олими соҳаи химия.

–           90-солагии кушодашавии (1935) Съезди якуми занони Тоҷикистон.

–           Ҳафтаи ҷаҳонии илм ва сулҳ.

Даҳуми ноябр

–           70-солагии зодрӯзи Ҷӯрабеки Абдуназар (1955), шоир.

–           90-солагии зодрӯзи Аълохон Афсаҳзод (1935-1999), доктори илми филологӣ, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

–           90-солагии зодрӯзи Худодагӣ Бобиев (1935-1992), файласуф.

–           85-солагии зодрӯзи Ҷонибеки Қувноқ (1940-1990), шоири тоҷики Ӯзбекистон.

–           80-солагии зодрӯзи Ӯлмас Мирсаидов (1945), доктори илми химия, профессор, академики АМИТ.

–           70-солагии зодрӯзи Равшан Муҳаммадиев (1955), олими соҳаи иқтисод.

–           70-солагии зодрӯзи Ҷумъахон Сафаров (1955), сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

–           Рўзи кормандони милитсия.

–           Рўзи ҷаҳонии муҳосибот.

–           Рӯзи умумиҷаҳонии илм барои сулҳ ва рушд.

Ёздаҳуми ноябр

–           120-солагии зодрӯзи Михаил Варламов (1905-1987), олими соҳаи кишоварзӣ.

–           75-солагии зодрӯзи Давлатхоҷа Довудӣ (1950), доктори илми таърих.

–           100-солагии зодрӯзи Владим Калер (1925), доктори илми биологӣ, профессор.

–           85-солагии зодрӯзи Шоира Юсуфова (1940), доктори илми тиб, профессор.

Дувоздаҳуми ноябр

–           70-солагии зодрӯзи Саодат Олимова (1955), файласуф.

Сенздаҳуми ноябр

–           115-солагии зодрӯзи Муҳаммадӣ Исматуллоев (1910-1996), доктори илми филологӣ, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

–           120-солагии зодрӯзи Галина Левина (1905-1987), олими соҳаи тиб.

–           100-солагии таъсиси (1925) Ташкилоти пионерии Тоҷикистон. Соли   барҳам хурд.

–           Ҳафтаи ҷаҳонии огоҳӣ аз антибиотик ё худ истифодаи дурусти антибиотикҳо.

–           Рўзи ҷаҳонии сифат – панҷшанбеи дувуми моҳи ноябр.

Чордаҳуми ноябр

–           85-солагии зодрӯзи Саноат Каримова (1940), наттоқи радио.

–           115-солагии зодрӯзи Глеб Флоринский (1910-1987), ҳунарманди театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

–           70-солагии зодрӯзи Тақдиршо Шарифов (1955), доктори илми ҳуқуқ, профессор, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон.

–           Рӯзи байналмилалии мубориза бар зиди диабети қанд.

Понздаҳуми ноябр

–           70-солагии зодрӯзи Қаҳҳор Бӯриев (1955), олими соҳаи математика.

–           100-солагии зодрӯзи Ирина Мансурова (1925-1991), доктори илми тиб, профессор.

–           75-солагии зодрӯзи Ҳайдархон Наҷмиддинов (1950), олими соҳаи математика.

–           70-солагии зодрӯзи Умаралӣ Раҷабов (1955), доктори илми химия, профессор.

–           85-солагии зодрӯзи Қиёмиддини Файз (1940), нависанда.

–           80-солагии зодрӯзи Мирзохӯҷа Шарифхӯҷаев (1945), олими соҳаи педагогика.

–           75-солагии зодрӯзи Зиннат Юсуфбекова (1950), муаррих.

Шонздаҳуми ноябр

–           70-солагии зодрӯзи Озод Исломов (1955), доктори илми педагогӣ.

–           90-солагии зодрӯзи Пӯлод Муҳаммадов (1935), олими соҳаи техника.

–           75-солагии зодрӯзи Музаффар Суғдзод (1950-2011), шоир.

–           Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

–           Рўзи байналмилалии таҳаммулпазирӣ.

Ҳабдаҳуми ноябр

–           80-солагии зодрӯзи Владимир Гейленко (1945), муаррих.

–           95-солагии зодрӯзи Усмон Мелиев (1930), рассом.

–           70-солагии зодрӯзи Латофат Шарифова (1955), арбобзани давлатию ҷамъиятӣ.

–           Рўзи байналмилалии донишҷӯён.

–           Рӯзи ҷаҳонии фалсафа.

Ҳаждаҳуми ноябр

–           80-солагии зодрӯзи Сергей Дурмишев (1945), скрипканавоз, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

–           75-солагии зодрӯзи Даврон Қодиров (1950), доктори илми тиб, профессор.

–           85-солагии зодрӯзи Баҳриддини Ҳамроқул (1940), шоир.

–           90-солагии зодрӯзи Раҳимҷони Шарофзода (1935-2011), китобшинос, профессор.

Нуздаҳуми ноябр

–           85-солагии зодрӯзи Ғуломиддин Сайфиддинов (1940), журналист, шореҳи масоили энергетикӣ.

–           75-солагии зодрӯзи Саттор Фозилов (1950), мутриб, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

–           85-солагии зодрӯзи Барот Шокиров (1940-1998), муаррих.

–           Рӯзи ҷаҳонии мардон.

–           Рўзи ҷаҳонии маҷмуи иттилооти географї (чоршанбеи сеюми моҳи ноябр).

Бистуми ноябр

–           95-солагии зодрӯзи Мусофир Илолов (1930), журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

–           70-солагии зодрӯзи Мавлон Мирзо (1955), шоир.

–           100-солагии кушодашавии (1925) Корхонаи шоҳибофии Хӯҷанд.

–           Рўзи ҷаҳонии кўдакон.

–           Рӯзи ҷаҳонии ёдбуди қурбониёни ҳаракати нақлиёт.

Бисту якуми ноябр

–           70-солагии зодрӯзи Ҷумъа Булбулов (1955), олими соҳаи педагогика.

–           100-солагии зодрӯзи Маҳмуд Тоҳирӣ (1925-2002), ҳунарманди театру кино, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

  • Рўзи ҷаҳонии телевизион.

Бисту дуюми ноябр

–           85-солагии зодрӯзи Абдураҳим Собиров (1940), собиқадори матбаа, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

–           90-солагии зодрӯзи Саид Ҳамроев (1935-1984), оҳангсоз.

–           70-солагии зодрӯзи Мунаввара Шарифова (1955), муаррих.

Бисту сеюми ноябр

–           135-солагии зодрӯзи Мақсудҷон Болтуев (1890-1974), сароянда, мутриб.

–           95-солагии таъсиси ноҳияҳои Балҷувон, Панҷакент, Фархор ва Ховалинг (н. Балҷувон соли 1953 барҳам хӯрда, соли 1996 аз нав таъсис дода шуд, н. Ховалинг соли 1958 барҳам хӯрда, соли 1983 аз нав таъсис дода шуд).

Бисту чоруми ноябр

–           80-солагии зодрӯзи Қурбон Бобоев (1945-2001), муаррих, профессор.

–           75-солагии зодрӯзи Пӯлод Қаландарбеков (1950-1992), муаррих.

–           Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бисту панҷуми ноябр

–           75-солагии зодрӯзи Қодир Бобоев (1950), олими соҳаи физика.

–           85-солагии зодрӯзи Сайфиддин Садриддинов (1940), олими соҳаи кишоварзӣ.

–           Рӯзи ҷаҳонии барҳам додани зӯроварӣ алайҳи занон.

Бисту шашуми ноябр

–           85-солагии зодрӯзи Галина Папирина (1940), Журналисти шоистаи Тоҷикистон.

–           70-солагии зодрӯзи Исмат Саидов (1955), адабиётшинос.

–           Рӯзи ҷаҳонии нақлиёти устувор.

Бисту ҳафтуми ноябр

–           75-солагии зодрӯзи Аскар Абдусамадов (1950), журналист, нависанда.

–           85-солагии зодрӯзи Савлат Алиева (1940), олими соҳаи химия.

–           85-солагии зодрӯзи Илҳом Тоиров (1940), доктори илми техникӣ, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон.

Бисту ҳаштуми ноябр

–           95-солагии зодрӯзи Мухтор Абдураҳмонов (1935), муҳандис, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Ибни Сино.

–           80-солагии зодрӯзи Одил Исломӣ (1945-1996), журналист.

–           95-солагии зодрӯзи Владимир Мамонтов (1930), ҳунарманд ва рассоми театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Бисту нуҳуми ноябр

–           75-солагии зодрӯзи Владимир Каримов (1950), сарояндаи опера, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

–           115-солагии зодрӯзи Ховаҷӣ Муҳаммадмирзоев (1910-1944), ҷанговар, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ.

–           Рӯзи ҷаҳонии якдилӣ бо мардуми Фаластин.

Сиюми ноябр

–           80-солагии зодрӯзи Пӯлод Абуев (1945-2016), нависанда, публитсист.

–           120-солагии зодрӯзи Пётр Обносов (1905-1983), арбоби ҳизбӣ (1950-1961.Котиби дуюми КМ ПК Тоҷикистон).

Шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ