Таасуроти иштирокчиёни хурдсоли озмуни “Фурӯғ…” дар даври ҷумҳуриявӣ

Фурӯғи субҳи доноӣ.Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ идома дорад. Имрӯз ҳам хонандагони синфҳои 1 то 4 баромад карда, миёни ҳам рақобат доранд. Инҳо гурӯҳи якуми довталабони Озмун ба ҳисоб мераванд ва аксарашон соли аввал ё дуюми иштирокашон аст. Дар идомаи Озмун бо чанде аз довталабон дар номинатсияҳои алоҳида суҳбат кардем ва андешаҳои онҳоро дар шакли мухтасар инҷо меорем.

Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” на танҳо сафи хонандагони китобро зиёд кард, балки истеъдодҳои  суханвару сухандон ва забондонро рӯйи кор овард. Абдуаҳад Қаҳҳоров хонандаи синфи 4 – и МТМУ рақами 26 – и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар озмун аз рӯи номинатсияи “Адабиёти муосири тоҷик” иштирок мекунад. Ӯ барои даври ниҳоии озмун таёрии хуб дидааст ва бисёр хуб сухан мегӯяд. Ӯ зимни суҳбат ба мо дар бораи нависанда, шоир ва шеъру асарҳои писандидааш бо шавқи зиёд нақл кард. “Асарҳои устод Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Юсуф Акобиров бароям бисёр писанд омаданд, мехоҳам онҳоро боз пурратар мутолиа намоям”- мегӯяд ин довталаб.

Мутолиаи китоб на танҳо барои андӯхтани илму дониш, инчунин барои ташаккули фикрронии кӯдакон замина мегузорад. Абдусалом Қаюмов хонандаи синфи 3 – и Мактаби байналмилалии “Контакт” дар шаҳри Исфара буда, дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” аз рӯи номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” иштирок менамояд. Ӯ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки тавассути иштирок дар озмун дӯстони зиёд пайдо кардам. Ин довталаб мегӯяд, хеле хушҳол ҳастам, ки дар даври ҷумҳуриявии Озмун иштирок мекунам ва моро ба тамошои ҷойиҳои таърихӣ мебранд.

nurbonu-shodievaНурбону Шодиева хонандаи синфи 4 уми МТМУ №71 шаҳри Панҷакент дар даври ниҳоии Озмун аз рӯйи номинатсияи “Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ” баромад мекунад. Нурбону гуфт шеърҳои Мирсаид Миршакарро хеле дӯст доштам ва аз бар намудам. Повесту ҳикояҳои нависандаи бачаҳо Азизи Азиз хеле таъсирбахшанд, онҳоро мувофиқи низомнома пурра хондам ва назди ҳакамон нақл кардам. Нурбону ҳамчунин гуфт, ки шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ барояш хеле писанд омадааст. Ин довталаб соли аввал аст, ки дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” ширкат мекунад ва ҳар чизе ки мебинад барояш нав ва хеле таъсиргузор аст. Ӯ ҳатто бо қаноатмандӣ гуфт, ки ҳакамон хеле хуб бо ӯ суолу ҷавоб намудаанд, ин барояш бисёр писанд афтодааст ва умед дорад сазовори ҷойи намоён мегардад.

Довталаби дигар Райҳона Азимова баъди баромадаш дар назди ҳакамон каме ҳаяҷон дошт. Райҳона гуфт, ки ба ҳамаи суолҳои ҳакамонро посух гуфтам, аммо дар ҷавоб ба баъзе луғатҳо мушкили кашидам. Ин довталаб ба озмун аз рӯйи номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” бо аз бар намудани 100 ғазал, 121 рӯбоӣ, 150 байт порча аз достон, 100 байт қасида ва 20 то асарҳои насрӣ омадааст. Омӯзгори Райҳона Хосият Ҷабборова гуфт, ки ӯ аз аввал ба мутолиа завқ дошт аз ҳамин лиҳоз барои иштирок дар Озмун роҳнамоиаш кардем. Китобҳоро бештар аз китобхонаи мактаб ва Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Т. Асирӣ дастрас карда, кӯшиш намудем то омодагии ҷидди бинад.

Бояд қайд намуд, ки имсол дар даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи чор наминатсия 435 довталаб аз тамоми қаламрави кишвар иштирок намуда, донишу маҳорати худро нишон медиҳанд. Аз ҷумла, 74 довталаб аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 90 нафар аз вилояти Суғд, 90 нафар аз вилояти Хатлон, 90 нафар аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 90 довталаб аз шаҳри Душанбе сабқат мекунанд.

Наргис НАЗАРЗОДА, бахши робита бо ҷомеа.