Табиби ояндае, ки чанд забонро медонад. Ӯ ҳамагӣ 10 сол дорад
Дар номинои адабиёти ҷаҳон дар даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғ”, гурӯҳи якум: хонандагони синфҳои 1-4 ҳама ноҳияҳои шаҳри Душанбе,Вилояти Суғд, ВМКБ, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ширкат намуданд. Тибқи рӯйхат дар ин гурӯҳ ягон хонандаи синфи 1 нест, хонандагони синфи 2 ду нафар буданд.
Зиннат Муборакқадамова, хонандаи синфи 4, мактаби миёнаи № 24-и ҷамоати Бартанги ноҳияи Рӯшон аст. Ӯ ғайр аз замбони модариаш забонҳои русиву англисиро медонад ва ҳоло ба омӯзиши забони фаронсавӣ машғул аст. Ӯ забонҳоро дар давраҳои омӯзиши забон омӯхтааст.
Зиннат бори аввал дар ин озмун ширкат меварзад ва дар толор нишаставу сабқати ҳамсолонашро дар ин рақобат тариқи телвизион мушоҳида дорад. Ӯ бо модар ва холааш ба Китобхонаи миллӣ омада аст. Ҳангоми шеърхонии довталабе холааш ҳар замон ба ӯ мефаҳмонад, ки ин иштироккунанда дар куҷо иштибоҳ карду бояд чӣ гуна қироат мекард онро. Аз ҳамсуҳбатам пурсидам, кадом касбро интихоб мекунад, посух дод, ки табиб шудан мехоҳам ва ин касбро меписандам.
Ин иштирокдори хурдакаки озмун аз ашъори шоирони ҷаҳон 81 шеър ва 76 асари насриро хонда аст. Ӯ муаллифони осори хондаашро номбар кард: Фурӯғи Фаррухзод, Эраҷ Мирзо, Халилуллоҳ Халилӣ, Муҳаммад Иқбол, Маликушшуаро Баҳор, аз шоирони рус Лермонтов, Пушкин, Есенин, Толстой.
Шояде суоле пеш бияёд, ки хондани ин адибони машҳури ҷаҳон ба синнаш мувофиқ нест. Ҳарчӣ ҳам бошад, бигзор ин духтарчаи доно китоб бихонад ва дар озмунҳои дигаре ширкат варзад. Ҳатто агар баъзе асарҳову шеърҳои хондаашро надонад, муҳим ӯ ба китобхонӣ одат кунаду дигаронро ба ин кор ташвиқ намояд. Бо ин роҳ ҳади ақал хоҳад донист, ки фалон китоб моли фалон адиб аст ва ё фалон шеърро фалон шоир гуфта. Ақалан бо номи муаллифу шеър ошноӣ пайдо мекунад. Дигар хоставу нохоста ба дунёи китоб ворид мешавад ва бузургтар ки шуд, китобҳои хондаашро дубора мехонад, он вақт ба даркашон хоҳад расид. Муҳим дил бастан ба китоб аст.
Пурсиши навбатиам аз ин буд, ки агар бахт ба рӯят бихандаду дар сабқат пирӯз шавӣ, маблағи онро сарфи чӣ мекунӣ, хандаи шакарине карду дигар чизе нагуфт. Яқин ин суолро аз бузургсолон интизор набуд, шояд танҳо ба китобҳои хондааш меандешид, шояд барои худаш китоб мехонд, на барои озмуну ҷоизаву подош. Зеро касоне ҳастанд ки барои худашон мутолиа мекунанд, аҳли хондананд, ширкат онҳо дар озмунҳо тавсияи наздикон ё устодон аст.
Ӯ аз нависандагону шоирони тоҷик низ шеърҳо ҳифз кардааст, масалан аз Абдулло Қодирӣ. Дидани номи Агния Барто, шоири кӯдакон дар рӯйхати Зиннат Муборакқадамова боиси хушҳолист, зеро ин шоир махсус барои хурдсолон навиштааст. Яъне интихоби муносиб ба синну сол.
Дар суҳбат ба мо ин “фариштаи китобхон” (ибораи устод Ҳафиз Раҳмон) иброз дошт, ки ҳама китобҳоро аз мактабашон пайдо кардааст ва дар ин кор ӯро модараш, ки омӯзгори синфҳои ибтидоӣ аст ва муалимааш Латофат Толибекова кӯмак кардаанд.
Ин шогирди мактаб аз шеърҳои азбаркардааш, ки овозхони маҳбуб бемисл кароматуллоҳ Қурбонов ва дигар сарояндагон сароидаанд барои мо хонд:
Фурӯғи Фаррухзод
РАМИДА
Намедонам, чӣ мехоҳам, худоё,
Ба дунболи чӣ мегардам шабу рӯз?!
Чӣ меҷӯяд нигоҳи хастаи ман,
Чаро афсурдааст ин қалби пурсӯз?!
Зи ҷамъи ошноён мегурезам,
Ба кунҷе мехазам орому хомӯш.
Нигоҳам ғӯтавар дар тирагиҳо,
Ба оҳанги дили худ медиҳам гӯш.
Гурезонам аз ин мардум, ки бо ман
Ба зоҳир ҳамдаму якранг ҳастанд,
Вале дар ботин аз фарти ҳақорат
Ба домонам ду сад пироя бастанд.
Аз ин мардум, ки то шеърам шуниданд,
Ба рӯям чун гули хушбӯ шукуфтанд.
Вале он дам, ки дар хилват нишастанд,
Маро девонаи бадном гуфтанд.
Дили ман, эй дили девонаи ман,
Ки месӯзӣ аз ин бегонагиҳо,
Макун дигар зи дасти ғайр фарёд,
Худоро, бас кун ин девонагиҳо!
Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.