Табрикоти солинавии директори Китобхонаи миллӣ
Ҳамдиёрони азиз,
Муштариёни ҳамешагии Китобхонаи миллӣ!
Фарорасии Соли нави 2024-ро аз номи роҳбарият ва ҳайати кормандони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва тамоми тоҷикони ҷаҳон табрику таҳният гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, бахту иқболи баланд, фатҳи қуллаҳои илму маърифат ва соли саршор аз дастовардҳои беназир таманно менамоям!
Боиси хушҳоливу сарфарозист, ки Тоҷикистони азиз бо татбиқи сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2023 ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид.
Хушбахтона, баъди ба Истиқлоли давлатӣ расидани миллати фарҳангдўсту соҳибтамаддуни тоҷик Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ ба рушду нумўи соҳаи китобдорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Маърифати китобхонӣ ҳамчун анъанаи неки ниёгон дар партави сиёсати фарҳангии Пешвои миллат ривоҷу равнақи тоза касб карда, як зумра корҳои намоён анҷом пазируфтааст. Дар ин замина соли панҷум аст, ки Озмуни Ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” бобати оммавигардонии анъанаи китобхонӣ ва ташвиқу тарғиби фарҳанги китобдории миллати тоҷик баргузор гардида, дар ҷомеаи фарҳангии мо инқилоби маданиро ба миён оварда, ҳамчун миллати бомутолиа будани тоҷикро бори дигар собит намуд.
Ба мову шумо маълум аст, ки Китобхона дар фарҳанги давлатдории мо ҷойгоҳи хос дошта, дар даврони Истиқлол ҳамчун маркази муҳимми илмӣ-тадқиқотӣ ва фарҳангии кишвар дар рушди илму маориф, густариши анъанаҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисоси миллӣ саҳмгузор аст.
Соли 2023 барои муассисаи бонуфузи фарҳангии кишвар – Китобхонаи миллӣ низ саршор аз муваффақияту пешравиҳо буд, ки мунтазам тавассути сомонаи Китобхона ва васоити ахбори омма муаррифӣ гардидаанд. Хушбахтона, имрўзҳо сафи хонандагони Китобхонаи миллӣ рў ба афзоиш дошта, ҷиҳати таъмини шароити мусоид баҳри мутолиаи муштариён мо толорҳои иловагиро созмон дода истодаем.
Умедворем, дар Соли нави мелодӣ мардуми шарафманди тоҷик бо пайгирӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат ба музаффариятҳои нав ба нав ноил гардида, дар соҳаҳои маориф ва илму фарҳанги мамлакат ҷаҳиши азиме ба вуқўъ мепайвандад ва ҷиҳати амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар қадамҳои устувор гузошта мешавад. Бигзор, меҳнати содиқонаву якдилонаи аҳли кишвар боиси шукуфоии бештари Ватани маҳбубамон Тоҷикистон ва сарафрозии миллати тоҷик дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва наслҳои оянда гардад.
Соли нав 2024 фархунда бод!
Ҳамеша саломату сарафроз ва дўстдори китоб бошед!
Бо эҳтиром, Ҷумахон ФАЙЗАЛИЗОДА,
Директор муассисаи давлатии
“Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.