ТАФРЕҲ: Панҷ шеър аз Александр Блок дар тарҷумаи Баҳром Фирӯз

Александр БлокБа ҳусни сабзу рўҳангези беғаш

Шумо чун рў ба рў оед ҳар гоҳ,

Чаро монанди кулфатдида пирон

Шикоят карда аз ғам мекашад оҳ?

 

Фақат аз бими марги ногаҳонӣ

Ба дунё дил набандед асло.

Зи ҳусни хештан дилгир ҳастед,

Чӣ гуям ман?

Намехоҳам биозорам шуморо.

 

Намехоҳам, ки дилозор бошам,

Намехоҳам, ки фахрам бо кулоҳам,

Агарчи соҳиби фазлу камолам,

Басо андешаманду некхоҳам.

 

Гирифторам ба дарди хеш умре,

Суханпардоз, хушдил шоирам ман.

Сияҳ гўям сияҳро дар ҳама ҳол,

Агарчи гоҳ бори хотирам ман.

 

Сухан гўед ғамолуду пурдард

Фақат аз маргу даҳшатҳои уқбо.

Маро ин понздаҳ соле, ки доред,

Ба хотир мерасад, эй ёри зебо.

 

Бихоҳам ҳамсари дилсўз бошед

Ба марде, ки шуморо ғамгусор аст,

Сару коре надорад гарчи бо шеър,

Замину осмонро дўстдор аст.

 

Ман аз бахти шумо меболам он гоҳ

Ман он гоҳ шод хоҳам буд бисёр.

Фақат ошиқ фақат дилдодагонро

Тавонам гуфт инсони сазовор.

*****   *****

Розиам аз сарнавишти хештан,

Қисмати дигар нахоҳам дар ҳаёт

Эй дили ман, об гаштӣ бедареғ,

Сўхтӣ, эй ақл, чун шамъи мурод.

 

Аз барору нобарориҳои ман,

Нақшҳо бигзошт дар дил рўзгор.

Аз ғаму шодии ин дунёи дун,

Ранг нашкастам, гузаштам бовиқор,

 

Эй ки озурдам тур обо ишқи худ,

Аз гуноҳам бигзарӣ, ёри туам.

Он ҳама  розе, ки дар дил доштӣ,

Гўй як- як, ман ҳаводори туам.

 

Дида месўзад нигори сарфароз,

Дил даруни сина туғён мекунад.

Эй басо шабҳои сарду торро

Ў ба ёди ёр поён мекунад.

*****   *****

Месарояд дар калисо духтаре,

Аз забони хастагон дар мулки ғайр,

Аз азоби киштиҳои дар сафар,

Аз забони ҷумла ношодони даҳр.

 

Зери гумбадҳо навое дар хурўш,

Медурахшад нур дар китфи булўр.

Месарояд ёри пироҳансафед

Аз барои модарони носабур.

 

Гўӣ субҳи шодмонӣ медамад,

Киштиҳои рафта меоянд боз.

Бар ғиробон рўзи равшан мерасад,

Мешавад ҳар як мусофир бениёз.

 

Месарояд дилбари умедвор,

Лек тифле аз сурудаш бехабар,

Гиря мекарду хамегуфт инчунин:

«Ҳеҷ рафта пас намеояд дигар».

*****   *****

Ҷумла раҳҳо баранд бар як сў,

Зиндагӣ ном халқае дорем.

Ин ба мову ту низ пинҳон нест:

Мо ҳама оҷизона такрорем.

 

Дар паси уфқи тираи фардо

Қисмато, аз ту дар ниҳебам ман.

Ҳар шабе дўст дорамаш пинҳон,

Чун расад рўз, мефиребам ман.

*****   *****

Ба хобам ҳамчунон дар рўзи равшан

Нигоре рў ба рў ояд дамодам.

Ба сўям бо муҳаббат ҳарф гўяд,

Қудуми ў баҳор орад ба олам.

 

Сухан гўяд нишаста рў ба рўям:

«- Аз он ёрони гўлу содаам ман.

Тамоми халқ медонад акнун

Ниҳонӣ бо шумо дилдодаам ман».

 

Вале ман аз каломи сўзнокаш,

Нахонам сўзҳои ишқи дерин.

Нишаста гарди ғам рўи ҷабинаш,

Ду чашмонаш шавад ногоҳ ғамгин.

 

Куҷо бар дил расад акнун суханҳош,

Нахоҳам маст шуд аз атри гесў.

Наям афсуни он чашмони шаҳлош,

Ки ман дилдодаам бо шеъри дилҷў.

 

Ба дасташ дастпона ёри дерин

Тааҷҷуб мекунад з – ин саркашиҳо.

Магар тамкини марди шоир авлост

Зи сўзи ишқу шавқи дилхушиҳо?

Тарҷумаи Баҳром Фирўз.

Манбаъ: “Садои Шарқ”, соли 1969,№11

Таҳияи Фараҳнози Тоҳирхон,
мутахасси шуъбаи матбуоти даврӣ.